Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Аз эҷодиёт то муколама - намоишгоҳ асарҳои ҷавонон дар Қалъаи Хуҷанд

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
  Санаи 14 октябри соли 2026 бо ташаббуси Муқим Темиров роҳбари Маркази фарҳангии Фаронсаи “Алянс - Франсэз” дар шаҳри Хуҷанд ва бо дастгирии Дафтари ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи “Муколамаи ҷавонони Тоҷикистон” ва дар ҳамкорӣ бо шарикони маҳаллии “Эҳёи ҳунарҳои ороишии анъанавӣ” дар Қалъаи Хуҷандӣ Муассисаи давлатии “Мақмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”чорабинии намоишгоҳи асарҳои эҷодии ҷавонон баргузор гардид.
Дар саҳнаи ҳавлии наққошӣ асарҳои эҷодии рассомони ҷавон ба маърази тамошо гузошта шуда буданд. Дар ин намоиш расмҳои гуногунрангу ҷолиб, ки бо завқи баланд ва маҳорати хос офарида шуда буданд, диққати тамошобинонро ба худ ҷалб мекарданд. Ҳар як асар мазмуну муҳтавои хос дошта, ҷаҳонбинӣ, эҳсосот ва андешаҳои рассомони ҷавонро инъикос менамуд. Тавассути рангҳо, тасвирҳо ва ғояҳои эҷодӣ рассомони ҷавон тавонистанд андеша ва эҳсосоти худро баён намуда, аҳамияти эҳтироми гуногунрангии фарҳангӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмиро таъкид созанд.
Дар байни асарҳои ба намоиш гузошташуда, андешаи эҷодии рассоми ҷавон Оиша МирзоХоҷаева, ки дар Мактаби рассомии назди Қасри фарҳанги ҷамоати Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, таҳти роҳбарии омӯзгори ҳунарманд Фарҳод Сатторов таҳсил ва эҷод мекунад, қобили таваҷҷуҳи хоса гардид. Ӯ бо пешниҳоди асари худ таҳти унвони “Дарахти дӯстӣ” ғояи дӯстиву ҳамбастагӣ ва таҳкими муносибатҳои дӯстонаи байни давлату халқҳоро ба таври рамзӣ инъикос намудааст. Ҳамзамон, ҳамкории” Эҳёи ҳунарҳои ороишии анъанавӣ”, дар назди устоди ҳунарманд Иномҷон Ахмедов, ки дар ҳавлии наққошӣ ба ҳайси рассом – наққош фаъолият менамояд, дар муддати чор моҳ як гуруҳ шогирдони ҷавон ба омӯзиши нозукиҳои санъати тасвирӣ ва ҳунари анъанавии кундалнигорӣ машғул гардиданд. Дар ин муддат шогирдон зери роҳнамои устоди худ малакаю маҳорати заруриро аз худ намуда, бо усулҳои гуногуни офаридаи нақшу нигор, интихоби рангҳо, тарзи дурусти ороиш ва ба ҳам пайвастани унсурҳои гуногуни наққошӣ шинос шуданд. Нақши устод Иномҷон Ахмедов дар ин раванд шоистаи зикр аст. Пешниҳоди корҳои эҷодии шогирдон бо дастгирии устодони ботаҷриба метавон истеъдодҳои ҷавононро кашф намуда, ки онҳоро ба роҳи эҷодкорӣ раҳнамун сохт. Асарҳои пешниҳодшуда натиҷаи заҳмат, кӯшиш, завқи бадеӣ ва маҳорати дар давраи омӯзиш андӯхтаи онҳо буда, аз шавқу рағбати самимии ҷавонон ба ҳунари наққошӣ шаҳода медоданд.Ин намоишгоҳ на танҳо имконияте барои муаррифии истеъдод ва маҳорати эҷодии ҷавонон фароҳам овард, балки барои табодули андешаҳо, таҳкими робитаҳои байнифарҳангӣ ва густариши муколама миёни иштирокчиён заминаи мусоид муҳайё намуд.
Мақсади асосии чорабинӣ ва рушди истеъдодҳои ҷавон, фароҳам овардани имкониятҳои мусоид барои баёни озодонаи андешаҳо ва эҳсосот тавассути санъат, инчунин ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба арзишҳои гуногунфарҳангӣ ва эҳтироми мутақобила мебошад. Ташкили чунин чорабиниҳо ба ҷавонон имкон медиҳад, ки истеъдод ва қобилиятҳои эҷодии худро муаррифӣ намуда, тавассути асарҳои худ дидгоҳ, орзуҳо ва муносибати худро ба масъалаҳои муҳими ҷомеа баён созанд. Ҳамзамон, ин гуна ташаббусҳо барои таҳкими фарҳанги муколама, рушди тафаккури эҷодӣ ва тарбияи ҳисси эҳтиром ба забонҳо, анъанаҳо ва арзишҳои фарҳанги гуногун мусоидат мекунанд. Барои рассомони ҷавонон шиносоӣ бо чунин таҷрибаҳо имконият фароҳам меорад, ки роҳҳои таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ,дӯстӣ, рушди фарҳанги муколама ва эҳтироми гуногунрангии фарҳангиро амиқтар дарк намоянд.
Дар фарҷоми чорабинӣ бо мақсади қадрдонӣ намудани истеъдод, маҳорати эҷодӣ ва саҳми рассомони ҷавон дар инъикоси арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, иштирокчиёне, ки дар намоиш бо асарҳои ҷолибу пурмазмуни худ ҷойҳои намоёнро сазовор гардиданд, бо сипосномаҳо ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамин тариқ, чорабинӣ дар фазои самимият, эҳтиром ба ҳунар ва қадршиносии истеъдодҳои ҷавон ҷамъбаст гардида, бори дигар собит сохт, ки санъат ва эҷодкорӣ василаи муҳими таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдат миёни инсонҳо мебошанд.
Валӣ Набизод – котиби
Маркази иттилооти МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОАз эҷодиёт то муколама - намоишгоҳ асарҳои ҷавонон дар Қалъаи Хуҷанд
Scroll to Top