Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Сару либоси ашрофони Хуҷанд

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
  Сару либос дар фарҳанги анъанавии мардуми Хуҷанд на танҳо воситаи пӯшиш, балки яке аз нишондиҳандаҳои муҳими вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа ба ҳисоб мерафт. Дар асрҳои XVIII–XIX байни либоси табақаҳои гуногуни аҳолӣ, аз ҷумла ашрофон, тоҷирони сарватманд ва намояндагони табақаҳои оддӣ, фарқиятҳои муайян ба назар мерасид. Ин фарқият бештар дар сифати матоъ, арзиши он, ороиш, ранг ва тарзи дӯхти либос ифода меёфт.
Хуҷанд дар ин давра яке аз марказҳои муҳими ҳунармандӣ ва тиҷоратии минтақа ба шумор мерафт. Матоъҳои абрешимӣ, атлас, адрас, беқасаб ва дигар матоъҳои маҳаллӣ дар ҳаёти фарҳангии шаҳр мавқеи хос доштанд. Дар сарчашмаҳо Хуҷанд ҳамчун яке аз марказҳои истеҳсоли матоъҳои пахтагӣ ва абрешимӣ ёд мешавад.
Либоси мардонаи ашрофон. Асоси либоси мардонаи анъанавӣ курта, шим ва ҷома буд. Ҷома ҳамчун либоси болопӯш мавқеи муҳим дошта, вобаста ба фасл ва имконияти иқтисодии соҳибаш аз матоъҳои гуногун омода мешуд. Дар Хуҷанд ҷомаҳои аз матоъҳои абрешимию нимабрешимӣ, аз ҷумла беқасаб ва алоча, истифода мешуданд. Барои шахсони дорои мақоми баланд матоъҳои босифат ва гаронбаҳо интихоб мегардиданд.
Дар ҷомаи ашрофон ба ороиши канорҳо, гиребон, остин ва ҷиҳакҳо низ диққати махсус дода мешуд. Ҷомаҳои рангин ва матоъҳои нақшдор ба намуди зоҳирии шахс шукӯҳи бештар мебахшиданд. Дар баробари ҷома, камзӯл низ ҳамчун ҷузъи либос истифода мешуд. Дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX навъҳои нави камзӯл ва либосҳои таъсиргирифта аз услубҳои аврупоӣ низ ба муҳити шаҳрӣ ворид гардиданд.
Либоси занони ашроф. Дар муҳити шаҳрии Хуҷанд либоси занона низ вобаста ба мақоми иҷтимоӣ ва имконияти оила фарқ мекард. Барои занони табақаҳои доро матоъҳои абрешимӣ, атлас ва дигар матоъҳои босифат бештар истифода мешуданд. Гулдӯзӣ, ороиши нақшдор ва зардузӣ ба либос намуди бошукӯҳ мебахшид. Хуҷанд дар асрҳои XVIII–XIX яке аз марказҳои истеҳсоли атлас ба ҳисоб мерафт.
Яке аз хусусиятҳои муҳими либоси ашрофон маҷмӯи пурраи либос ва мутаносибии ҷузъҳои он буд. Яъне мақоми иҷтимоӣ танҳо аз як ҷузъи либос муайян намешуд; сифати матоъ, ороиш, сарпӯш, пойафзол ва дигар лавозимот дар маҷмӯъ симои иҷтимоии шахсро инъикос мекарданд.
Ҷолиби диққат аст, ки дар асри XIX дар Хуҷанд дӯзандагӣ ба яке аз касбу ҳунарҳои муҳими шаҳр табдил ёфта буд. Тибқи маълумоти таърихӣ, соли 1895 дар бозори Панҷшанбе ва атрофи он 23 дӯкони дӯзандагӣ фаъолият мекард.
Аз ин рӯ, сару либоси ашрофони Хуҷандро метавон ҳамчун як манбаи муҳими омӯзиши таърихи иҷтимоӣ ва фарҳангии шаҳр арзёбӣ намуд. Намунаҳои ҷома, камзӯл, матоъҳои абрешимӣ ва дигар ашёи марбут ба либоси анъанавӣ, ки дар осорхонаҳо маҳфузанд, барои омӯзиши завқи эстетикӣ, ҳунари дӯзандагӣ, рушди истеҳсоли матоъ ва сохтори иҷтимоии ҷомеаи Хуҷанди таърихӣ аҳамияти илмӣ доранд. Дар фонди Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» низ намунаҳои гуногуни ҷомаҳои охири асри XIX ва ибтидои асри XX маҳфузанд.
Либоси ашрофони Хуҷанд дар асрҳои XVIII–XIX ҷузъи муҳими фарҳанги моддии шаҳр буда, тавассути матоъҳои гаронбаҳо, рангҳои хос, ороишоти нозук ва сифати баланди дӯхт мақоми иҷтимоии соҳибашро инъикос мекард. Омӯзиш ва ба намоиш гузоштани чунин осори таърихӣ дар осорхона имкон медиҳад, ки насли имрӯз бо анъанаҳои либоспӯшӣ, ҳунарҳои миллӣ ва фарҳанги моддии Хуҷанди таърихӣ бештар шинос гардад.
Намунаи чунин сару либоси ашрофон дар экспозитсияи намоишии осорхонаи таърихии вилояти Суғд ба маърази тамошобинон гузошта шудааст. Инчунин дар коллексияи фонди осорхона намунаи чунин сару либос ниҳояд зиёд мебошад.
Умеда Юлдошева - роҳбалади
Осорхонаи таърихии вилояти Суғди
МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд"
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОСару либоси ашрофони Хуҷанд
Scroll to Top