Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ба осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд номи академик Нӯъмон Неъматов гузошта мешавад

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Хизмати бузурги фарзонагони миллатамон буд, ки мо имрӯз соҳибдавлат буда, бо забон, фарҳанг, таърих ва арзишҳои миллии худ ифтихор мекунем.

Эмомалӣ Раҳмон


Санаи 10-уми март бахшида ба 90 - солагии бостоншиноси барҷаста, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви фахрии Академияи меъморӣ ва сохтмонии кишвар, шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Неъматов Нӯъмон Неъматович дар толори маҷлисгоҳи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров конфронси илмӣ таҳти унвони «Академик Нӯъмон Неъматов ва тамаддуни Суғдиён» баргузор гардид.

Дар конфронс намояндагони МИҲД – и шаҳру вилоят, Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректорҳои донишгоҳҳои олии вилоят, олимон ва устодони донишгоҳҳои олӣ, шогирдон ва пайравони устод, шаҳрвандони фахрии шаҳри Хуҷанд, муаллимони фанни таърихи мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳри Хуҷанд, донишҷӯёни факултаи таърихи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, намояндагони ВАО ва кормандони илмии Осорхонаи таърихии Муассисаи давлатии  «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» иштирок намуданд.

Конфронсро ректори ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров – Анвар Мақсудӣ ифтитоҳ намуд. Сипас Тоҷибой Султонӣ – мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи МИҲД – и вилояти Суғд ва Мирзоқосим Каримов – мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи МИҲД – шаҳри Хуҷанд роҷеъ ба кору пайкори Н.Неъматов сухан ронда, ҳозиринро бо Ҷашни чунин фарзонафарзанди миллати тоҷик табрик гуфтанд.

Омири кулли Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» И.С.Иброҳимов, Усто Ҷаҳонов – номзади илмҳои таърих, профессори факултаи таърихи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, Муҳиддин Файзуллоев – номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи археология ва этнографияи халқи тоҷики ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, узви Шӯрои илмии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, Моҳира Ғайбуллоева – сармуаллимаи кафедраи археология ва этнографияи халқи тоҷики ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, Бахтовар Темирзода – ходими илмии Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қаноат Раҳимова – ҷонишини омир оид ба корҳои илмии Осорхонаи таърихии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд», Абдулло Кенҷаевич Мирбобоев – доктори илмҳои таърих, профессор, устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Ҳабибулло Холҷӯраев – доктори илмҳои таърих, профессор, директори Осорхонаи ҷумҳуриявии Бобоҷон Ғафуров ба сухан баромада, дар бораи саҳми академик Нӯъмон Неъматов дар омӯзиши таърихи бостонии кишвар, рушду нумӯъи илми бостоншиносӣ, таъриху фарҳанг ва мардумшиносии халқи тоҷик, доир ба хотираҳо ва ёддоштҳои худ маърӯзаҳои пурмӯҳтаво намуданд.

 

Баъди конфронси илмӣ ҳамаи меҳмонон аз Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанди «Маҷмааи фарҳангию таърихии Қалъаи Хуҷанд» дидан намуданд.

Бояд зикр намуд, ки аз ҷониби Шӯрои илмии Осорхона ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд пешниҳод гардид, ки бо назардошти хидматҳои бузурги устод дар илми таърихшиносиву бостоншиносӣ ва ба муносибати 90 –солагии академик Нӯъмон Неъматов ба Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд номи академик Нӯъмон Неъматов гузошта шавад. Боиси хурсандист, ки пешниҳоди мазкур аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хуш пазируфта шуда, барои корбарӣ ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ирcол гардид.

  

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОБа осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд номи академик Нӯъмон Неъматов гузошта мешавад
Scroll to Top