Дару девори ҷаҳон худ дару девори зан аст,
Кори дунё ҳама дар пайравии кори зан аст.
Гар равад зери замин ё ба фалак хайма занад,
Ҳар куҷо марди бузургест, гирифтори зан аст.
Дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» бахшида ба Рӯзи модар вохӯрӣ бо занони фаъолу пешқадами вилояти Суғд таҳти унвони «Зан – сарчашмаи хушкнашавандаи ҳаёт» ва расми кушоди намоиши намунаҳои кашидадӯзӣ аз маъхази осорхона таҳти унвони «Меҳри зан» баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муҳассилини мактабҳои олӣ, мутахассисони Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД – и вилояти Суғд, шӯъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД – и ш.Хуҷанд, намоянда аз Раёсати фарҳанги вилояти Суғд, кормандони муассисаҳои фарҳангӣ, Раиси иттифоқи касабаи коркунони фарҳанг, кормандони МД МФТ «Қалъаи Хуҷанд» ва намояндагони ВАО иштирок доштанд.
И.С.Иброҳимов – омири кулли МД МФТ «Қалъаи Хуҷанд» ба чорабинӣ сухани ифтитоҳ бахшида, ҳамаи модарону бонувонро табрик намуда, сухани аввалинро ба Х.Содиқова доданд.
Х.Содиқова – дорандаи ҷоизаи вилоятии «Қалами сеҳрнок», Аълочии матбуоти тоҷик, мушовири ассотсиатсияи ҳунармандони вилояти Суғд бо маърӯзаи «Саҳми занҳои тоҷик барои тараққиёти ҳунарҳои миллии дастидӯз» баромад намуданд.
Ф.Раҳимӣ – мудири шӯъбаи кор бо занони ҲХДТ дар вилояти Суғд, номзади илмҳои ҳуқуқ ва Р.Тӯхтаева – мутахассиси Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД – и вилояти Суғд иштирок намуда, ҳамаи занҳоро табрик намуданд.
Ҳ.Абдуҷалилова – мудири кафедраи забонҳои хориҷии коллеҷи омӯзгории ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, Раиси Шӯрои духтарони вилояти Суғд бо мавзӯи «Мақоми зан дар ҷомеа», М.Шодибоева – сармутахассиси шӯбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД - и ш.Хуҷанд бо маърӯзаи «Мақоми зан дар оила», З.Рустамова – муаллимаи мактаби хонандагони болаёқати н.Б.Ғафуров, ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Муаллими сол» ва М.Мамадҷонова – корманди илмии шӯъбаи таърихи давраи муосири МД МФТ «Қалъаи Хуҷанд» бо маърӯзаи «Зан – сарчашмаи зиндагӣ» маърӯзаҳои пурмӯҳтаво намуданд.
Сипас, бо иштироки меҳмонон ва иштирокчиёни чорабинӣ расми кушоди намоишии «Меҳри зан» ифтитоҳ карда шуд. Бояд тазаккур дод, ки дар намоиш 60 адад сӯзаниҳои дастӣ аз фонди осорхона мутааллиқ ба охири асри 19 то имрӯз ва намунаи корҳои рассоми халқии Тоҷикистон, ходими хизматнишондодаи санъати ҶТ, барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ – З.Баҳриддинова ва Аълочии маорифи халқии ҶТ - Қ.Раҳимова гузошта шудаанд.
Дар охир ба ҳамаи меҳмонон аз тарафи кормандони Маҷмаа сайри илмӣ гузаронида шуд.