Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ҷамъбасти намоишии «Тоҷикистони ман»

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Санаи 24 – уми феврал дар толори пазироии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд намоиши асарҳои рассомон ва намунаи ҳунарҳои ҳунармандони вилоят таҳти унвони «Тоҷикистони ман» ҷамъбаст гардида, иштирокчиёни намоиш бо ифтихорномаҳо мукофотонида шуданд. 

Омири кулли Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» И.С.Иброҳимов ба ин чорабинӣ ифтитоҳ бахшида, таъкид намуд, ки дар оянда чунин намоишҳо дар осорхона зиёдтар ташкил карда мешавад, то ки эҷодҳои навро пайдо намоем. Сипас, 6 нафар ҳунармандон аз номи муассиса бо ифтихорнома барои эҳё намудани ҳунарҳои миллӣ ва иштироки фаъолона дар намоиши мавзӯии «Тоҷикистони ман» бахшида ба ХХ – солагии Ваҳдати миллӣ мукофотонида шуданд.

Н.Эшонова - Раиси бахши иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз номи ҳамаи рассомони вилоят ба муассиса арзи сипосгузорӣ намуда, ба 4 нафар ҳунармандон аз номи иттифоқи рассомон ифтихорномаи фахрӣ барои фаъолияти эҷодии пурсамар дар рушди санъати тасвирӣ дар вилояти Суғд ва иштироки фаъолона дар намоишномаҳои бадеии вилоят супорид.

С.Ҳасанов - дотсенти факултаи санъати тасвирӣ ва технологияи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, В.Абдураҳмонов - рассоми маъруфи тоҷик, дорандаи «Ифтихорнома»-и Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви иттифоқи рассомони Тоҷикистон ва Академияи мусаввирони Тоҷикистон, Ғ,Ҷӯраев – директории Арт – галереяи «Сомониён» ба сухан баромада, миннатдории худро ба Осорхонаи таърихии вилояти Суғд иброз намуданд.

Бояд тазаккур намуд, ки намоиши мазкур аз тарафи А.Ҷабборов – саррассоми Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» бо ҳамкории Академияи мусаввирии Тоҷикистон ва дастгирии роҳбарияти осорхона ташкил карда шуд.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҶамъбасти намоишии «Тоҷикистони ман»
Scroll to Top