User Rating: 



/ 0
- Details
-
29.09.2026 10:24
-
Азназаргузаронӣ: 8
Санаи 28 сентябри соли 2026 дар доираи сафари расмӣ ба вилояти Суғд гуруҳи корӣ оид ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар доираи Созишномаи бародаршаҳрии байни вилояти Суғд ва музофоти Шэнсии Ҷумҳурии Мардумии Чин ба шаҳри Хуҷанд ташриф фармуданд.
Дар ҳошияи сафари корӣ ҳайати меҳмонон аз яке мавзеъҳои муҳими таърихию фарҳангии шаҳри Хуҷанд ин Қалъаи таърихии Хуҷанди ва ҳавлии ҳунармандони мардумии Муассисаи давлатии”Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” боздид ба амал оварданд. Гуруҳи меҳмононро намояндагони масъули Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҳамроҳӣ намуда, зимни боздид оид ба таъриху фарҳанг ва мавзеъҳои сайёҳии шаҳри Хуҷанд маълумоти зарурӣ пешниҳод намуданд.
Дар даромадгоҳи қалъаи таърихӣ меҳмононро Омири кулли муассиса Иброҳим Иброҳимов шахсан истиқбол намуда, бо самимияти хос хайру мақдам гуфт. Зимни мулоқоти кӯтоҳ таъкид гардид, ки Қалъаи таърихии Хуҷанд яке аз ёдгориҳои муҳими таърихии шаҳр дар муаррифии таърихи чандинҳазорсолаи Хуҷанд ва тамаддуни тоҷикон нақши муҳим дорад.
Сипас, роҳбалади муассиса Аминов Абӯбакр меҳмононро ба толорҳои намоишии қалъаи таърихӣ роҳнамоӣ намуда ба онҳо оид ба таърихи бунёд ва марҳилаҳои рушди қалъа, бозёфтҳои бостоншиносӣ, ашёҳои қадимаи рӯзгор, намунаҳои фарҳанги моддӣ ва дигар маводҳои нодири дар толорҳо маҳфузбуда, маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Меҳмонон бо таваҷҷуҳи зиёд аз толорҳои намоишӣ дидан намуда ба осори таърихию фарҳангӣ ва маводҳои марбут ба рӯзгори ниёгони тоҷикон таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Дар рафти боздид ба меҳмонон шарҳу тавзеҳот дар бораи ҳифзу муаррифии мероси фарҳанги миллати тоҷик писанд омаданд. Баъдан меҳмонон аз ҳавлии ҳунармандони мардумӣ боздид ба амал оварда бо тарзи зиндагӣ, фарҳанги рӯзгор ва анъанаҳои қадимаи мардуми тоҷик шинос шуданд. Дар ин мавзеъ ба меҳмонон намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, тарзи омода намудани асбобҳои мусиқӣ, наққошӣ, сангтарошӣ ва баъзе ашёҳои суннатӣ ва хусусиятҳои рӯзгори гузашта муаррифӣ гардиданд. Дар бахши боздид меҳмонон аз ҳавлии тоҷир бо тарзи зиндагӣ ва фарҳанги рӯзгори гузаштагони миллати тоҷик аз наздик шинос шуданд. Меҳмонон бо расму оинҳои неки тоҷикон, бахусус фарҳанги меҳмондорӣ ва эҳтироми меҳмон ошно гардиданд. Ҳангоми пешвозгирӣ ба онҳо чойи хушбӯи ҳулбагин пешниҳод карда шуд, ки яке аз суннатҳои зебои мардуми тоҷик ба шумор меравад. Ин иқдом меҳмононро хеле хушҳол намуда, барои онҳо фазои гарму самимӣ ва хотирмон фароҳам овард.
Дар фарҷоми боздид ҳайати меҳмонон ба роҳбарият ва кормандони муассиса барои пазироии самимӣ, пешниҳоду маълумоти муфассал ва фароҳам овардани шароити мусоид барои шиносоӣ бо таъриху фарҳанги миллати тоҷик изҳори сипос намуданд.
Валӣ Набизод – котиби
Маркази иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”
Шарҳ додан