Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Аз Калифорния то Хуҷанд – меҳри зодгоҳ дар қалб

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
  Хонаводае, ки аз Калифорнияи Амрико бо мақсади ошноӣ бо таърих ва фарҳанги Суғд аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии”Қалъаи Хуҷанд” боздид намуданд.
Бале, шаҳри бостонии Хуҷанд дар ҳар фасли сол меҳмонони дохиливу хориҷиро бо чеҳраи кушод ва меҳмоннавозии хоси мардуми тоҷик истиқбол мегирад. Барои баъзе меҳмонон сафар ба ин шаҳри таърихӣ танҳо як боздиди сайёҳӣ нест, балки бозгашт ба решаҳо, хотираҳо ва дидор бо сарзамини азиз мебошад.
Ба наздикӣ як хонавода аз иёлоти Калифорнияи Иёлоти Муттаҳиди Амрико ба шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд боздид намуданд. Дар рафти боздид аз осорхонаи таърихӣ меҳмононро роҳбалади ботаҷриба Умедахон Юлдошева ҳамроҳӣ намуд. Ӯ меҳмононро ба толорҳои гуногуни осорхона роҳнамоӣ карда, оид ба таърихи пурғановати бозёфтҳои нодири бостонӣ, фарҳанги мардумӣ ва осори таърихӣ маълумоти ҷолиб пешниҳод намуд. Умедахон Юлдошева бо маҳорати хуби роҳбаладӣ таърихи ниёгонро ба меҳмонон ба таври фаҳмо ва шавқовар муаррифӣ кард. Онҳо тавонистанд таъриху фарҳанги сарзамини аҷдодиро на танҳо аз нақлу китобҳо, балки аз нигораҳои воқеии осорхона эҳсос ва дарк намоянд. Ин боздид барои меҳмонон ба яке аз лаҳзаҳои хотирмони сафари онҳо ба шаҳри бостонии Хуҷанд табдил ёфт.
Лек, ин сафар барои аъзои хонавода маънои хосе дошт. Тақдир солҳо пеш Виталий, ки зодаи Қафқоз аст ва Муҳайё сокини шаҳри Хуҷандро бо ҳам рӯ ба рӯ кард. Ҳамин дидор баъдтар ба бунёди оила, зиндагии муштарак ва тарбияи фарзандон дар Амрико замина гузошт. Имрӯз беш аз 20 сол мешавад, ки онҳо дар Амрико зиндагӣ мекунанд. Гарчанде солҳои зиёде дар фосилаи дур аз Тоҷикистон сипарӣ шудаанд, меҳри Ватан ва хотираи зодгоҳ дар қалби Муҳайё ҳамеша боқӣ мондааст. Муҳайё мегӯяд, ки бозгашт ба Хуҷанд барои ӯ эҳсоси фаромӯшнашаванда дорад, ки Хуҷанд барои ман танҳо як шаҳр нест, балки инҷо зодгоҳи ман, кӯдакии ман ва хотираҳои зиёди зиндагиям аст- гуфт бо чашмони ашколуд. Вақте ба ин ҷо меоям, худро хеле хушбахт эҳсос мекунам.Аз ҳавои он аз меваҳои ширин, меҳмоннавозӣ ва аз фарҳангу анъанаҳои мардумаш баҳра мебарам. Ба гуфтаи ӯ зиндагӣ дар Амрико имкониятҳои зиёде фароҳам овардааст, аммо муҳаббат ба зодгоҳ чизест, ки бо масофа ва гузашти солҳо кам намешавад. Эмилия низ аз сафари хонавода ба Хуҷанд таассуроти нек ба худ бардошт намудааст. Ӯ таъкид мекунад, ки шиносоӣ бо таърих ва фарҳанги кишвар барои ҳар як меҳмон таҷрибаи ҷолиб аст. Боздид аз осорхона ба онҳо имкон дод, ки дар бораи таърихи қадимаи ин сарзамин маълумоти бештар пайдо кунанд. Сафари ин хонавода аз Калифорния ба Хуҷанд боз як паҳлуи муҳими зиндагиро ба ёд меорад, чунки инсон дар куҷое зиндагӣ кунад, решаҳои аҷдодии худро фаромӯш намекунад. Тақдир метавонад инсонро ба ҳар гӯшаи ҷаҳон, аз Калифорния то Хуҷанд бибарад, аммо риштаҳои ноаёни хотира ҳеҷ гоҳ канда намешаванд. Зодгоҳ танҳо як макон нест, балки он як пора аз қалб, хотираҳои кӯдакӣ ва решаҳои ҳастии инсон мебошад. Масофаҳо метавонанд дур бошанд, кишварҳо дигар шаванд, аммо муҳаббат ба сарзамини аҷдодӣ ҳамеша дар қалб зинда мемонад, зеро инсон ҳар куҷое бошад, решаҳои ӯ ҳамеша ба зодгоҳаш пайванди доранд.
Валӣ Набизод - котиби
Маркази иттилоотии МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд"
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОАз Калифорния то Хуҷанд – меҳри зодгоҳ дар қалб
Scroll to Top