Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Аз Ҳиндустон то Хуҷанд дар меҳвари фарҳанг

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
  Дар арафаи таҷлили 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва рушди ҳамкориҳои фарҳангиву тамаддунӣ миёни кишварҳои Тоҷикистон ва Ҳиндустон, ҳайати меҳмонон аз Ҳиндустон ба вилояти Суғд, шаҳри бостонии Хуҷанд ташриф фармуданд.
Дар доираи сафари омӯзишии ҳайати олимону мутахассисони Институти МЕРИ ва Бунёди Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ аз як қатор мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳри Хуҷанд боздид ба амал оварданд.
Меҳмонон аз Қаълаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, ки яке аз ёдгориҳои муҳими таърихию фарҳангии шаҳри Хуҷанд ба шумор меравад, боздид намуданд. Роҳбалади муассисаи мазкур Алишери Меҳринисо ҳамроҳӣ намуда ба онҳо оид ба таърихи қалъа, мавқеи он дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии шаҳри Хуҷанд, инчунин бо муҷассамаҳои олимону шоирон, ашёву нигораҳои нодир дар толорҳои намоишӣ маҳфузбуда маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Меҳмонон бо таваҷҷуҳи хос аз толорҳои намоишии қалъа дидан намуда, бо намунаҳои гуногуни мероси ниёгон шинос шуданд. Дар идомаи боздид, ҳайати меҳмонон дар китоби мулоҳизавӣ “Меҳмонони фахрӣ”-и қалъаи таърихӣ соядаст гузошта, таассуроти худро аз боздид баён намуданд.
Дар фарҷоми сафари боздид меҳмонон барои пазироии самимӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб ҷиҳати шиносоӣ ба мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ изҳори сипос намуданд.
Шовазир Муродҷони - роҳбалади
Осорхонаи таърихии вилояти Суғди
МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд”
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОАз Ҳиндустон то Хуҷанд дар меҳвари фарҳанг
Scroll to Top