Санаи 28 феврали соли 2017 яке аз собиқадорони меҳнат, чеҳраи намоёни фарҳангӣ, муовин оид ба корҳои илмии сарвари Осорхонаи таърихии вилояти Суғд (то соли 2003) Ф.Дадохӯҷаев бо ҳаёт падруд гуфт. Инсоне аз ҳаёт рафт, ки тамоми умри бобаракати хешро барои хизмат ба Ватан бахшидааст.
Файзихӯҷа Дадохӯҷаев 1 сентябри соли 1935 дар деҳаи Ёваи ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд дар оилаи колхозчӣ таваллуд шуда, маълумоти миёнаро дар мактаби миёнаи №10 гирифтааст.
Соли 1953 баъди хатми мактаб ба факултаи таъриху филологияи донишгоҳи ш.Душанбе (университет) дохил шуда, онро соли 1958 бо натиҷаи хуб ба итмом мерасонад.
Аз соли 1958 дар нашрияи нашриёти «Ирфон» дар ш.Душанбе ба сифати муҳаррир адои вазифа намуда, соли 1961 ба ш.Хуҷанд баргашта, дар идораи фарҳанги вилоят ба ҳайси сармушовир фаъолият намудааст.
Оғози фаъолияти кории Ф.Дадохӯҷаев дар осорхона аз соли 1962 ибтидо гирифта, то соли 2003 ба сифати корманди хурди илмӣ, баъд муҳаррири шӯъба ва сипас дар вазифаи муовини сардор оид ба корҳои илмӣ ҷараён мегирад. Мавсуф ба сабаби ба синни нафақа расидан аз соли 2003 то соли 2006 боз нишаста буд ва тобистони соли 2006 бо талаби роҳбарияти осорхона ба мақсади созмон додани экспозитсияи намоишӣ дар бинои нав дигарбора ба кор ҷалб карда шуда, то соли 2011 ба сифати мудири шӯъбаи таърих фаъолият кард.
Ф.Дадохӯҷаев дар тамоми вазифаву мақомҳое, ки қарор дошт, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва инсондӯстиву меҳру муҳаббат ҳамеша ёри қарини ӯ буданд. Барои ҳамин соҳиби эътибор ва эҳтироми умум гардид.
Ёди неки ин шахси фарҳангдӯст ҳамеша дар дили ҳамкорон абадӣ хоҳад монд.
Ёдат ба хайр бод!