Санаи 23 феврал Сафири фавқуллода ва мухтори Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар ба Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» ташриф оварданд.
Меҳмонон боздидро аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд оғоз намуда, бо фарҳанги бою мӯҳтавои халқамон огаҳӣ пайдо намуданд ва аз тамошои манзараҳои дилфиреби Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Хона – музейи Камоли Хуҷандӣ ба ваҷд омада, миннатдории худро ба масъулини муассиса изҳор доштанд.
Меҳмононро Ғаффорӣ Назира Абдуллозода – муовини Раиси вилояти Суғд, Шарифзода Шариф Файз – Раиси шаҳри Хуҷанд, Раъно Ҳошимзода – муовини Раиси шаҳри Хуҷанд, Бахтиёр Қосимов – мудири бахши фарҳанги шаҳри Хуҷанд ҳамроҳӣ намуданд.
Сафири Фаронса Ясмин Гуедар хушҳолии хешро аз боздиди Маҷмаа дар китоби қайди меҳмонон бо гузоштани соядаст изҳор намуд.
Ба меҳмон аз маҳсулоти меҳнати дастии маркази омӯзишии адрасу атласбофӣ намуна тақдим карда шуд.