Дар навбати ин барнома, ки бо барандаи ботаҷриба Илҳомҷон Ҳошимов сабт гардид, меҳмони суҳбат собиқадори меҳнат Муҳаббат Неъматҷонова, корманди собиқи Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии вилояти Ленинобод буда, солҳои тӯлонӣ фаъолияти худро ба ҳифз ва муаррифии мероси таърихию фарҳангии кишвар бахшидааст.
Бале, суҳбат бо соҳибдилон ҳамеша ранги дигар дорад, зеро ҳар як инсон дар саҳифаҳои зиндагии худ қиссаҳои ногуфта, хотираҳои фаромӯшнашаванда ва таҷрибаи арзишманди рӯзгорро ниҳон дорад. Барномаи силсилабарномаҳои ширкати телевизион ва радиои “СМ-1” низ ба ҳамин гуна дидору гуфтугӯи самимӣ бахшида шудааст. Дар студияи ширкати телевизион ва радиои “СМ-!”, барномаи навбатии”Дар суҳбати соҳибдилон”, меҳмони ин барнома собиқадори меҳнат Муҳаббат Неъматҷонова буда, солҳои тӯлонӣ дар Осорхонаи таърихӣ - кишваршиносии вилояти Ленинобод фаъолияти пурсамар дошта, имрӯз дар нафақаи меҳнатӣ қарор доранд. Барнома бо иштироки барандаи ботаҷриба Илҳомҷон Ҳошимов сабт шуда, лаҳзаҳои пурқимати ҳаёти меҳнатӣ, хотираҳо ва рӯзгори пур аз ибрати як инсони соҳибтаҷриба бозгӯ гардид.
Воқеан, Муҳаббат Неъматҷонова солҳои зиёди умри худро ба меҳнат дар Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии вилояти Ленинобод бахшидааст... Барои ӯ осорхона танҳо ҷойи нигаҳдории нигораҳои таърихӣ набуда, балки мактаби бузурги маърифат, фарҳанг ва худшиносии миллӣ мебошад.Ҳар як ашёи таърихӣ барои ӯ қиссае дорад, ҳар як нигора хотираи як давру замонро зинда мекунад. Дар ҷараёни суҳбат бо Илҳомҷон Ҳошимов масъалаҳои гуногуни фаъолияти меҳнатӣ, рӯзҳои пурмашаққати кор, муносибат бо ҳамкорон, вохӯриҳо бо меҳмонони осорхона ва хотираҳои ширини солҳои фаъолият ба ёд оварда шуданд. Суҳбати соҳибдилон боиси он гардид, ки солҳои сипаришуда бори дигар пеши назар омаданд. Солҳое, ки пур аз меҳнат, масъулият, заҳмат ва муҳаббат ба касбу кор буданд. Ӯ солҳо бо меҳру садоқат ба кори худ муносибат намуда, кӯшиш кардааст, ки арзиши ҳар як нигораи таърихиро ба меҳмонон дуруст фаҳмонида шаванд. Шояд маҳз ҳамин муҳаббат ба касб буд, ки солҳои тӯлонии фаъолияти меҳнатӣ барои ӯ ба мактаби бузурги зиндагӣ табдил ёфт.
Бале, вақте инсон ба роҳи тайкардаи худ назар мекунад, пеш аз ҳама чеҳраи одамон пеши назар меоянд. Одамоне, ки дар рӯзҳои корӣ ҳамроҳ буданд, маслиҳат доданд, дастгирӣ карданд ва дар сохтани муҳити солими меҳнатӣ саҳм гузоштанд - гуфт бо чашми ашколуд Муҳаббат Неъматҷонова.
Дар идома гуфт, вақте ба солҳои гузашта назар мекунем, беш аз пеш дарк менамоем, ки меҳнати ҳалол ва содиқона беҳтарин мероси инсон аст.Зеро мансабу вазифа мегузаранд, солҳо сипарӣ мешаванд, аммо номи неки инсон ва корҳое, ки барои ҷомеа анҷом додааст, дар хотираҳо боқӣ мемонанд. Суҳбати “Дар суҳбати соҳибдилон” барои Муҳаббат Неъматҷонова низ яке аз чунин лаҳзаҳои хотиромон буд. Суҳбати ӯ як сабақи зиндагӣ аст, хотираи ӯ таърих аст ва роҳи тайкардааш барои ҷавонон чароғи роҳнамо мебошад. Умри пуршарафи меҳнат ин умре нест, ки танҳо бо солҳо андоза карда шавад. Он бо корҳои анҷомдода, инсонҳои тарбияёфта, хотираҳои нек ва осори боқимондааш чен карда мешаванд. Ва шояд ҳамин аст маънии аслии суҳбати соҳибдилон ба ёд овардани гузашта барои он ки имрӯзро беҳтар дарк намоем ва ба фардо бо таҷрибаи бештар қадам гузорем, ки хотираҳои неки зиндагӣ идома доранд...