Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Иди Истиқлол муборак бод!

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
  Аҳли ҷомеаи меҳнатии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати ҷашни бузурги миллӣ - 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик ва таҳният менамояд.
Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик арзишмандтарин дастоварди таърихӣ буда, барои таҳкими давлатдорӣ, рушди иқтисоду иҷтимоиёт, ҳифзи фарҳанги миллӣ ва болоравии обрӯи Тоҷикистони соҳибистиқлолӣ заминаи устувор фароҳам овардаааст.
Бо роҳбарии хирадмандона ва сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари азизамон, дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, дар самти ободонӣ, рушди илму фарҳанг, ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ қадамҳои устувор гузоштааст.
Аҳли кормандони МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” минбаъд низ баҳри ҳифз, омӯзиш ва муаррифии мероси гаронбаҳои таърихиву фарҳангии халқи тоҷик бо масъулияти баланд фаъолият намуда, дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро мегузорад.
Бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ аҳли кормандон бори дигар тамоми мардуми сарбаланди Тоҷикистонро ба муносибати ҷашни фархундаи 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод менамояд.
Бигзор парчами муқаддаси Ватани азизамон ҳамеша парафшон бошад ва Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти осмони софу осуда рӯз аз рӯз ободу зебо ва пешрафта гардад. Сулҳу суботи пойдор, ваҳдати миллӣ, ҳамдигарфаҳмиву дӯстӣ ва якдилии мардуми шарафманди Тоҷикистон ҷовидон боқӣ монад.
Бигзор фазои сулҳу оромӣ дар саросари кишвар ҳукмфармо буда, ҳар як хонадони тоҷик аз файзу баракати истиқлол, хушбахтӣ ва зиндагии шоиста баҳраманд бошад.
Ҳамдиёрони азиз! Бори дигар фарорасии 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳамаи шумоён самимона табрик гуфта, бароятон сулҳу суботи пойдор, рӯзгори обод ва саодати зиндагиро орзумандем.
Ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОИди Истиқлол муборак бод!
Scroll to Top