Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА МАРҲИЛАИ НАВИ РУШДИ ОСОРХОНАҲОИ ТОҶИКИСТОН

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
 “Таъсиси осорхонаҳо, ки дар рамзи пайванди дирӯзу имрӯзу фардо ва баёнгари арзишҳои волои маънавии мардуми тоҷик мебошанд, дар раванди ташаккули миллати мо низ ба ҳукми анъана даромадааст”.
Эмомалӣ Раҳмон
Истиқлолияти давлатӣ бузургтарин дастоварди таърихии мардуми тоҷик дар охири асри XX мебошад. Бо ба даст овардани Истиқлолият 9-уми сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият пайдо кард, ки роҳи рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии худро мустақилона муайян намояд. Гарчанде солҳои аввали соҳибистиқлолӣ кишвар бо мушкилоти зиёди сиёсиву иқтисодӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шуд, маҳз Истиқлолият барои эҳёи давлатдорӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа заминаи устувор гузошт.
Яке аз самтҳои муҳими сиёсати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккули афкори бунёдкорӣ ва тарбияи ифтихори миллии сокинони кишвар маҳсуб меёбад. Расидан ба ин ҳадафҳоро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути фарҳанги миллӣ, аз ҷумла бо роҳи эҳёи мероси таърихию фарҳангии ниёгони халқи тоҷик арзёбӣ намудаанд. (4).
Дар тӯли 35 соли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон дар бисёр соҳаҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Дар баробари рушди иқтисод, маориф, тандурустӣ ва инфрасохтор, ба ҳифз ва эҳёи арзишҳои таърихиву фарҳангии миллат низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд, зеро миллате, ки гузаштаи худро мешиносад ва мероси фарҳангии худро ҳифз мекунад, метавонад ояндаи худро бо эътимоди бештар бунёд намояд.
Боз яке аз самтҳои муҳими сиёсати фарҳангии даврони Истиқлолият рушди фаъолияти осорхонаҳо мебошад.
Осорхонаҳо муассисаи илмӣ - таҳқиқотӣ ва фарҳангӣ- маърифатӣ буда, мутобиқи вазифаҳои иҷтимоии худ ҷамъоварӣ, бақайдгирӣ, нигоҳдорӣ, омӯзиш ва оммавикунонии ёдгориҳои таърихӣ- фарҳангӣ ва иншооти табииро амалӣ месозад. Дар фаъолияти осорхонаҳо методи илмӣ ва осори бадеӣ омехта мегардад. (2, 92).
Онҳо дар омӯзиши таърихи миллат, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва муаррифии фарҳанги тоҷикон дар сатҳи байналмилалӣ нақши арзишманд доранд.
Осорхонаҳо пайванди наслҳоро бо таърихи чандинҳазорсолаи тоҷикон нигоҳ дошта, арзишҳои моддӣ ва маънавии миллатро ба ҷомеаи имрӯз ва фардо мерасонанд. Яке аз муҳимтарин ниҳодҳое мебошанд, ки гузашта ва имрӯзро бо ҳам мепайванданд. Осори моддии ниёгонро нигоҳ медоранд ва барои омӯзиши таърих, бостоншиносӣ, мардумшиносӣ, санъат ва фарҳанги миллӣ заминаи боэътимоди илмӣ фароҳам меоранд.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ нақши осорхонаҳо боз ҳам муҳимтар мегардад, зеро миллате, ки таърихи худро ҳифз мекунад, метавонад фарҳанги худро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ дуруст муаррифӣ намояд. Тоҷикистон дар ин самт дар давраи Истиқлолият корҳои назаррасро анҷом дод.
Истиқлолият дар осорхонадорӣ давраи дигаргуниҳои ҷиддӣ гардид. Бо дастгирии давлат як қатор осорхонаҳо таъмиру азнавсозӣ шуда, барои фаъолияти онҳо шароити муосир муҳайё гардид. Фонди осорхонаҳо бо бозёфтҳои нави бостоншиносӣ ва таърихӣ ғанӣ гардида, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ низ вусъат пайдо карданд.
Имрӯз осорхонаҳо танҳо ба ҷамъоварии нигораҳо маҳдуд нестанд. Онҳо ба марказҳои баргузории намоишгоҳҳо, конференсияҳои илмӣ, вохӯриҳои фарҳангӣ ва барномаҳои омӯзишӣ табдил ёфтаанд. Ин гуна чорабиниҳо барои баланд бардоштани маърифати таърихии ҷомеа ва ҷалби ҷавонон ба омӯзиши мероси миллӣ мусоидат мекунанд.
Яке аз вазифаҳои муҳими осорхонаҳои муосир тарбияи насли ҷавон мебошад. Боздид аз осорхона ба хонанда ва донишҷӯ имконият медиҳад, ки таърихро аз тариқи ашёи воқеии таърихӣ омӯзад.
Ин усул таъсири амиқи маънавӣ дошта, ҳисси эҳтиром ба гузашта ва масъулият нисбат ба ояндаи кишварро тақвият мебахшад.
Таҷриба нишон медиҳад, ки дарсҳои сайёр, экскурсияҳои мавзӯӣ ва намоишгоҳҳои интерактивӣ шавқи ҷавононро ба омӯзиши таърихи миллӣ бештар мегардонанд. Аз ин рӯ, ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо осорхонаҳо имрӯз яке аз самтҳои муҳими рушди маърифат ба шумор меравад.
Бо рушди инфрасохтори сайёҳӣ таваҷҷуҳи меҳмонони хориҷӣ ба таърих ва фарҳанги Тоҷикистон низ бештар шудааст. Осорхонаҳо дар муаррифии тамаддуни қадимаи тоҷикон, ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои фарҳангии миллат нақши бориз доранд.
Сайёҳоне, ки аз осорхонаҳои кишвар боздид мекунанд, бо таърихи беш аз ҳазорсолаи тоҷикон, анъанаҳои миллӣ ва ёдгориҳои нодири фарҳангӣ аз наздик шинос мешаванд. Ин раванд ба рушди иқтисоди сайёҳӣ низ мусоидат мекунад.
Имрӯз рушди технологияҳои рақамӣ имкониятҳои нави фаъолияти осорхонаҳоро фароҳам овардааст. Рақамикунонии фондҳо, ташкили намоишгоҳҳои виртуалӣ ва истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ метавонанд дастрасии мардумро ба мероси фарҳангӣ боз ҳам осонтар гардонанд.
Дар баробари ин, омода намудани мутахассисони соҳибихтисос, густариши корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими соҳа мебошад.
Дар бораи рушди осорхона дар Тоҷикистон сухан ронда, аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ёд накардан имконнопазир аст. Осорхонаи таърихии вилояти Суғд низ як аср мешавад, ки шоҳкориҳои ниёгонро ҳифз намуда, онҳоро ба наслҳои оянда интиқол медиҳад. Аммо, Осорхонаи таърихии вилояти Суғд солҳои аввали соҳибистиқлолӣ соҳиби бинои худ ва мувофиқ ба меъёрҳои амалкунанда набуд. Хушбахтона, моҳи июли соли 2003 хишти нахустини бинои нави Осорхонаи таърихии вилояти Суғд гузошта шуд. Биноии он бо маблағи 3 миллиону 800 ҳазор сомонӣ бунёд ёфт, ки 500 ҳазори он аз хазинаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷудо гардида буд, ки дар вазъияти тантанавӣ 23- юми августи соли 2006 роҳбари кишвар дар ҳузури аҳли зиёи мамлакат бинои нави осорхонаи зикршударо ифтитоҳ намуданд. (3, 9).
Асоси нахустини фонди осорхонаро коллексияи нодири ашёи таърихӣ ташкил медиҳад, ки аз ҷониби Мирзохоҷа Собиров (1857–1930), маъруф бо тахаллуси «Ҳоҷӣ Антиқа», ҷамъоварӣ шудааст. Ӯ аз ҷумлаи шахсиятҳое буд, ки бо меҳру муҳаббати беандоза нисбат ба таърих ва фарҳанги миллати худ умри худро ба ҷустуҷӯ, ҷамъоварӣ ва ҳифзи ёдгориҳои қадим бахшидааст.
Ҳоҷӣ Антиқа солҳои зиёд ба шаҳрҳои Боку, Тифлис, Қазон, Тошканд, Бухоро, Самарқанд, Қӯқанд, Андиҷон, Намангон, Исфара ва Конибодом сафар карда, аз ҳар гӯшаи ин сарзаминҳо ашёи нодири таърихӣ ва фарҳангиро гирд овардааст. Муҳаббати самимӣ ба зодгоҳаш Хуҷанд ӯро водор сохт, ки ҳамаи ин ганҷинаҳои фарҳангиро ба шаҳри худ оварда, барои ҳифзи онҳо замина гузорад.
Тавре профессор С.Ш.Марофиев таъкид намудааст, маҳз маҷмӯаи нодири бозёфтҳои Ҳоҷӣ Антиқа асоси таъсиси Осорхонаи таърихии округи шаҳри Хуҷандро фароҳам овард. Минбаъд ин муассиса ба Осорхонаи кишваршиносии Тоҷикистони Шимолӣ ва баъдан ба Осорхонаи таърихию кишваршиносии вилояти Ленинобод (ҳоло вилояти Суғд) табдил ёфт. Ҳамин тавр, фаъолияти ҷамъоварии як шахси дилсӯзи фарҳанг ба бунёди яке аз муҳимтарин марказҳои ҳифз ва омӯзиши мероси таърихии Тоҷикистон асос гузошт.
Имрӯз Осорхона аз якчанд шӯъбаҳо: шӯъбаи таърих, шӯъбаи таърихи давраи муосир, шӯъбаи дастхатҳо ва таъбу нашр, шӯъбаи оммавӣ фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа, шӯъбаи фонд ва шӯъбаи сайёҳӣ иборат буда, ҳамчун яке аз муассисаҳои бонуфузи фарҳангии кишвар фаъолияти худро идома дода, бо нигоҳдорӣ, таҳқиқ ва муаррифии мероси таърихиву фарҳангии тоҷикон дар таҳкими худшиносии миллӣ ва рушди осорхонадорӣ саҳми назаррас мегузорад.
Дар давоми солҳои 2016-2026 дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд 62 ҷаласаи Шӯрои илмӣ баргузор гардид. Ҳамчунин дар давоми ин солҳо дар осорхона, бахшида ба санаҳои таърихӣ 95 намоишӣ муваққатӣ, 46 вохӯрӣ ва 56 конфронси илмӣ, 60 намоиши сайёр баргузор карда шуд. Тибқи ҳисоботи оморӣ теъдоди тамошобинони хориҷӣ агар соли 2016 – 2 427 нафар бошанд, пас то соли 2026 он ба 42 769 нафар расид. Дар умум дар даҳ соли охир аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд 601 311 нафар тамошобинони дохилию хориҷии дуру наздик дидан намуданд. (5, 197).
Муҳиммияти бунёди осорхонаҳоро Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби мулоҳизити меҳмони фахрӣ чунин иброз намуданд: “Ифтихормандам, ки дар остонаи понздаҳумин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли бузургдошти тамддуни Ориёӣ, 2700 - солагии шаҳри бостонии Кӯлоб ва Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон ба Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ҳусни ифтитоҳ мебахшам.
Бигзор Осорхонаи мазкур дар шинохти асли худ ба наслҳои имрӯзу фардои миллати куҳанбунёдамон хизмати ҷовидона дошта бошад. (3, 1).
Маҳз ҳамин заминаи устувори таърихӣ имкон дод, ки Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави рушди худро оғоз намояд. Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва таваҷҷуҳи рӯзафзуни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳифзу тарғиби мероси таърихиву фарҳангӣ, фаъолияти осорхона мазмуни тоза касб кард. Дар ин давра масъалаи ҳифзи нигораҳои таърихӣ, таҳқиқи илмии онҳо, такмили фондҳои осорхонавӣ, ташкили намоишгоҳҳои мавзӯӣ, истифодаи технологияҳои муосири намоишдиҳӣ ва густариши корҳои маърифатӣ дар меҳвари фаъолияти осорхона қарор гирифт.
Дар партави сиёсати фарҳангии давлати соҳибистиқлол барои рушди инфрасохтори осорхонаҳо шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Бунёди бинои нави Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дар маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» ва муҷаҳҳаз гардидани он бо таҷҳизоти замонавӣ таваҷҷуҳи давлат ба ҳифз ва муаррифии мероси фарҳангии миллат мебошад.
Таҷрибаи 35 соли Истиқлолият нишон медиҳад, ки сиёсати фарҳангии давлат барои рушди осорхонаҳо натиҷаҳои назаррас ба бор овардааст. Осорхонаҳои Тоҷикистон дар ҳифзи мероси фарҳангии миллат, таҳкими худшиносии миллӣ ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Аз ин рӯ, ҳифз ва рушди минбаъдаи осорхонаҳо яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеа ба шумор меравад, зеро миллате, ки таърихи худро пос медорад, метавонад бо эътимод роҳи ояндаи худро бунёд намояд.
 
Шарифахон Сайфиева - мудири шуъбаи
оммавӣ–фарҳангӣ ва робита бо ҷомеъаи
Осорхонаи таърихии вилояти Суғди
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОИСТИҚЛОЛИЯТ ВА МАРҲИЛАИ НАВИ РУШДИ ОСОРХОНАҲОИ ТОҶИКИСТОН
Scroll to Top