Санаи бистуми феврали соли равон, бахшида ба 24 – умин солгарди таъсисёбии Артиши миллӣ дар толори намоишии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд вохӯрӣ бо афсарону сарбозон таҳти унвони «Артиш – сипари мамлакат, кафили амният ва зиндагии осоиштаи мардум» баргузор гардид.
Чорабиниро омири кулли МД «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» И.С.Иброҳимов ифтитоҳ намуд.
Баъди танинандоз шудани суруди миллӣ таҳти мусиқии ансамбли нафасӣ омири кулли Маҷмаа И.С.Иброҳимов ҳозиринро бо Рӯзи Артиши миллӣ табрик намуда, оид ба нақши Артиши миллӣ дар кафолати амнияти давлат ва зиндагии осоиштаи мардум ибрози ақида намуд. Баъдан, М.Ихтиёров – полковник, ҷонишини комиссари Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд оид ба корҳои сиёсӣ – тарбиявӣ дар мавзӯи «Таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон», А.Ғанихӯҷаев – полковник, сардори Мактаби муттаҳидаи ТҶММ – и шаҳри Хуҷанд оид ба мавзӯи «Таъсисёбӣ ва роли қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар амнияти кишвар», Г.Олимҷонзода – капитани Раёсати қӯшунҳои дохилии қисми ҳарбии 3501 ВКД – и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳ шараф аст», Нурзод Маҳбуб – капитан, сардори зершӯъбаи корҳои сиёсӣ – тарбиявии қисми ҳарбии 3501 дар мавзӯи «Дастовардҳои артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият», М.Қобилов – Раиси Шӯрои ҷанговарони интернатсионалистии шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи «Шуҷоати ҷанговарони байналмиллал абадист», С.Исломова – корманди илмии шӯъбаи таърихи МД «МФТ «Қалъаи Хуҷанд» оид ба мавзӯи «Артиши миллӣ сипари боэътимоди Ватан» ва С.Раҳимов – сарбози қаторӣ, хизматчии ҳарбии 3501 бо мавзӯи «Соли 2017 – соли ҷавонон» маърӯза ва баромад намуданд. Сарбози қисми ҳарбӣ қайд намуд, ки хизмат ба Ватан барои ҷавонон ҳам қарзу ҳам фарз аст ва ҷавонон бояд имрӯз шукронаи Истиқлолият ва Ваҳдати миллиро карда, сарчашма барои хизмат ба Ватану халқи худ камари ҳиммат банданд.
Барои болидахотирии меҳмонони чорабинӣ Оркестри нафасии қисми ҳарбии 3501, таҳти роҳбарии капитан Р.Ақризобеков бо сурудҳои ватандӯстона баромад намуданд.
Дар охир ба ҳамаи меҳмонон аз ҷониби кормандони осорхона сайри илмӣ гузаронида шуд.