Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Акси шоир Беҳҷат Аҳрорӣ ҳамчун сарчашмаи омӯзиши таърих ва фарҳанг дар экспозитсияи осорхона

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
  Таърих ва фарҳанги ҳар як миллат дар осори моддӣ ва маънавии он таҷассум ёфта, ҳамчун сарчашмаи муҳими омӯзиши гузашта барои наслҳои имрӯз ва фардо хизмат менамояд. Дар ин раванд осорхонаҳо ҳамчун муассисаҳои илмӣ- фарҳангӣ дар ҷамъоварӣ, ҳифз, таҳқиқ ва муаррифии мероси таърихию фарҳангӣ нақши муҳим доранд. Махсусан, осорхонаҳои таърихӣ тавассути ашёҳои нодир, ҳуҷҷатҳо, дастнависҳо, асарҳои санъат ва маводи тасвирӣ имконият фароҳам меоранд, ки саҳифаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва адабии давраҳои гузашта мавриди омӯзиш қарор гиранд.
Дар ин замина, толори намоишии “Маданият, илм ва адабиёти асри XIX ва ибтидои асри XX”-и Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” аҳамияти хоса дорад. Маводу ашёҳои нодири мазкур яке аз воситаҳои муҳими муаррифии ҳаёти фарҳангӣ ва маънавии давраҳои гуногун буда, тавассути муайянеро дар бораи рушди илму адаб ва фарҳанги ҷомеаи он давраро ба вуҷуд меорад. Зеро ки, дар асри XIX ва ибтидои асри XX дар таърихи фарҳангӣ давраи муҳими дигаргуниҳои иҷтимоӣ ва маънавӣ ба миён омаданд.. Дар ин давра ҳаёти адабӣ, фаъолияти аҳли илму адаб, рушди маориф ва паҳншавии дониш дар ҷомеа равандҳои гуногуни фарҳангиро ба вуҷуд овард. Аз ин рӯ, омӯзиши ҳар як сарчашмаи марбут ба ин давра метавонад барои равшан намудани ҷанбаҳои алоҳидаи таърихи фарҳанг аҳамияти илмӣ дошта бошад. Дар байни маводи ба намоиш гузошташудаи толори мазкур акси шоир Беҳҷат Аҳрорӣ низ ҷой дорад. Аксҳои таърихӣ дар фаъолияти осорхона танҳо маводи намоишӣ набуда, метавонад ҳамчун сарчашмаи ёрирасони таърихӣ ва фарҳангӣ хизмат намоянд. Онҳо симои шахсиятҳо, муҳити таърихӣ ва хотираи фарҳангии як давраи муайянро барои наслҳои баъдӣ ҳифз мекунанд. Ҳадафи асосии мақолаи мазкур баррасии аҳамияти акси шоир Беҳҷат Аҳрорӣ ҳамчун маводи осорхонавӣ ва муайян намудани ҷойгоҳи он дар толори намоишии “Маданият, илм ва адабиёти асри XIX ва ибтидои асри XX” мебошад. Вақте ки чунин акс дар осорхона ба намоиш гузошта мешавад, арзиши он боз ҳам бештар мегардад. Зеро он аз муҳити хусусӣ ба фазои фарҳангии ҷамъиятӣ ворид шуда, ба қатори хотираи таърихии ҷомеа табдил меёбад. Тамошобин тавассути акс метавонад бо шахсият ё муҳити фарҳангие шинос шавад, ки дар бораи он шояд дигар маводи тасвирии зиёде боқӣ намондааст.
Беҳҷати Аҳрории Хистеварзӣ (Саид Валихон ибни Саид Эшонхон аз авлоди Хоҷа Убайдуллоҳи Аҳрор), соли 1874 дар деҳаи Хистеварз (собиқ Қистақӯз) дар оилаи фақеҳ таваллуд шуда, соли 1962 аз олам чашм пӯшидааст. Ӯ дар айёми синни 7- солагӣ савод омӯхта, дар мадрасаҳои Хуҷанду Қӯқанд таҳсил намуда ва аз ҳамон давра ба шеъргӯи пардохта, то замони Инқилоби Октябр бо тахаллуси “Асилӣ” эҷод кардааст.Баъдан, солҳои 20 асри XX бо тахаллуси “Беҳҷат”-ро пазируфта шудааст, ки яке аз авлодони Ҳоҷа Аҳрорӣ Валӣ дар байни мардум шинохта шудааст.Солҳои 1921- 1923 дар манзили худ мактаби хусусӣ кушод, ки дар он фарзандони аҳли деҳа ройгон таҳсил мекарданд. Сониян бо ташаббуси Беҳҷат мактаби дигаре бунёд карда шуд, ки то соли 1929 амал кард. Дар замони худ шоир Беҳҷат Аҳрорӣ дар ҳавзаи адабии Хуҷанд чун шахси бедилхону бедилшинос машҳур буд. Дар пайравӣ аз Бедил шеърҳо гуфта ва ҳамзамон дар ашъораш алоқамандие бо шеърҳои Умари Хайём, Саъдии Шерозӣ ва дигарон ба назар мерасад. Инчунин бо шоирон Тошхоҷа Асирӣ, Зуфархон Ҷавҳарӣ ва Нақибхони Туғрал робитаи дӯстӣ ва эҷодӣ доштааст. Аз осори шоир Беҳҷат Аҳрорӣ зиёда аз 1500 байт боқӣ мондааст. Яке аз намунаҳои абёти шоир чунин омадааст:
 
         Дар муҳити қофу нун ҳайрат шоирам кардаанд,
         Аз гудози синаам дуди шарорам карданд.
         Мондаам дар тоқи нисён дар хароботи ҷаҳон,
         Дар фироқи дӯст доим интизорам карданд.
         Чун магасҳо гирди шакар издиҳоме доштам,
         К – аз фусуни толеам ин дам фирорам карданд.
         Ҳаббазо, Беҳҷат, ки Бедил гуфта ин дурри сухан,
         Он қадар ҳеҷам, ки аз худ шармсорам кардаанд.
 
Таҳқиқ ва омӯзиши маводи дастрас нишон медиҳад, ки шоир Беҳҷат Аҳрорӣ аз ҷумлаи зиёиёни соҳибмаърифати замони худ ба шумор рафта, дар баробари забони модарӣ ба забонҳои арабӣ, русӣ ва туркӣ низ хуб ошноӣ доштааст. Донистани чанд забон ба ӯ имконият фароҳам овардааст, ки аз осори адабӣ ва илмии халқҳои гуногун баҳра гирифта, ҷаҳонбинии адабӣ ва фарҳангии худро васеъ намояд.
Беҳҷат Аҳрорӣ бо як қатор зиёиёни пешқадами рус, аз ҷумла табибон Мочедловский, Веткин, Мехикин ва дигар намояндагони аҳли зиё дӯстӣ ва муносибатҳои наздик доштааст. Ин робитаҳо аз сатҳи баланди фарҳангӣ ва маърифатии шоир, инчунин аз муҳити гуногунфарҳангии замони зиндагии ӯ шаҳодат медиҳанд. Ӯ дар адабиёти рус таваҷҷуҳи хоса дошта, асарҳои адибони маъруф, аз қабили Лев Толстой, Антон Чехов, Николай Гогол ва Александр Грибоедовро мутоила мекардааст. Шиносоӣ бо осори ин нависандагон, бешубҳа дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, андешаи адабӣ ва завқи эҷодии ӯ таъсири муайян гузоштааст.
Дар фаъолияти эҷодии Беҳҷат Аҳрорӣ таъсири адабиёти классикии форсу тоҷик низ хело назаррас будааст. Ӯ махсусан ба осори Мирзо Абдулқодири Бедил мухаммасу тазмин баста, бо ин роҳ пайванди худро бо анъанаҳои адабии классикӣ нигоҳ доштааст. Ин ҷиҳати фаъолияти шоир нишон медиҳад, ки эҷодиёти ӯ дар заминаи ҳамбастагии суннатҳои адабии гузашта ва таъсири муҳити фарҳангии замони худ ташаккул ёфтааст.
Мутаассифона, вазъи пуртазоди сиёсию иҷтимоии солҳои 1930, бахусус ҳаводиси соли 1937 ба мероси адабӣ ва фарҳангии бисёре аз зиёиёни он давра таъсири ногувор расонидааст. Қисме аз ашъор ва осори Беҳҷат Аҳрорӣ низ дар натиҷаи ҳамин воқеаҳо талаф гардида ё то имрӯз ба даст наомадааст. Аз ин рӯ, омӯзиши ҳаматарафаи ҳуҷҷатҳои бойгонӣ, ёддоштҳо, маводҳо ва сарчашмаҳои таърихӣ метавонад барои бозёфти осори боқимондаи шоир ва равшан намудани саҳифаҳои то ҳол ношинохтаи ҳаёту фаъолияти ӯ аҳамияти калон дошта бошад.
Воқеан, яке аз вазифаҳои муҳими осорхонаи таърихӣ на танҳо нигоҳ доштани экспонатҳо, балки ба гардиши илмӣ ворид намудани маълумоти вобаста ба онҳо мебошад. Омӯзиш ва муаррифии акси шоири маъруф Беҳҷат Аҳрорӣ, ки дар толори мазкур барои тамошобинон гузошта шудааст, метавонад дар шиносонидани насли наврас бо чеҳраҳои барҷастаи адабиёту фарҳанги маҳаллӣ нақши муҳим дошта бошад. Чунин маводи тасвирӣ на танҳо ба ороиши толор мусоидат мекунад, балки ҳамчун як манбаи арзишманди иттилоотӣ барои омӯзишӣ ҳаёт ва фаъолияти эҷодии шоир хизмат менамояд.
Ҳамзамон, шиносоӣ бо осор ва мероси адабии шоир Беҳҷат Аҳрорӣ метавонад ҳисси эҳтиром ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ, ҳифзи мероси маънавӣ ва таваҷҷуҳи хонандагону тамошобинонро ба адабиёти миллӣ бештар намояд.
Валӣ Набизод – котиби
маркази иттилоотии МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд”
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОАкси шоир Беҳҷат Аҳрорӣ ҳамчун сарчашмаи омӯзиши таърих ва фарҳанг дар экспозитсияи осорхона
Scroll to Top