User Rating: 



/ 0
- Details
-
18.08.2026 10:59
-
Азназаргузаронӣ: 20
Тобистон бо офтоби сӯзон ва гармии фарогираш имсол низ сокинони шаҳрро ба ҷустуҷӯи гӯшаҳои салқину форам водор кардааст. Дар чунин рӯзҳо ҳар кас мехоҳад, лаҳзае аз гармии ҳаво раҳо ёфта, дар сояи дарахтон, назди фаввораҳои пуроб ва дар муҳити сабзу дилнишин истироҳат намояд. Зеро баъзан як гӯшаи салқин, як ҷуръа қатраи оби зулол ва насими форам метавонад, хастагии як рӯзи гарми тобистонро аз тану ҷон дур кунад.
Дар чунин рӯзҳо Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ба яке аз маконҳои дӯстдоштаи сокинону меҳмонони шаҳр табдил меёбад. Фаввораҳои шӯху ҷӯшу хурӯшони боғ, ки қатраҳои обро ба ҳаво мепошанд ба муҳити атроф таровату салқинӣ мебахшанд. Дар канори роҳравҳо ва гӯшаҳои гуногуни боғ қуббачаҳои оби нӯшокӣ гузошта шудаанд, то ки ташнагон дар гармои рӯз бемалол оби тозаву салқин нӯшида роҳати ҷон кунанд.
Ин манзара танҳо ба инсонҳо хос нест, балки парандагон низ дар ин рӯзҳои гарми тобистон ба қатраҳои об рӯ оварда, ташнагии худро мешикананд. Парвози онҳо ба сӯи об, нӯшидани чанд қатра ва сипас болафшону шодмониашон гӯё ба табиати гармии тобистон ҷон мебахшад.
Ҳамин тавр, ки боғи сарсабзу хуррам дар рӯзҳои гармии тобистон - на танҳо макони сайру гашт ва истироҳат, балки гӯшаи воқеии роҳати ҷон мегардад.
Валӣ Набизод – котиби
маркази иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”
Шарҳ додан