Санаи даҳуми феврали соли равон, ба муносибати пешвози ҷашни Артиши миллӣ ҳайати кормандони Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд дар асоси нақшаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҳузури ҳайати шахсии Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд дар ҷойҳои таърихии кишвар» ба Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» ташриф оварданд.
Бо роҳнамоии роҳбалади осорхона Ҳ.Исматуллоев ҳарбиён Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд ва Хона – музейи Камоли Хуҷандиро дидан карданд.
Дар рафти боздид ҳарбиён аз осори куҳани ниёгонамон огаҳӣ пайдо намуда, сатҳи маънавиёти фарҳангию таърихии худро баланд намуданд.