Бо рушди босуръати соҳаи сайёҳӣ дар кишвари Тоҷикистон, беҳтар намудани инфрасохтори хизматрасонӣ ба меҳмонони дохиливу хориҷӣ ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Дар ин раванд фароҳам овардани шароити мусоиди иқомат дар назди мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ барои ҷалби бештари сайёҳон аҳамияти хос дорад. Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” низ дар баробари ҳифзу муаррифии мероси таърихӣ, барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ тадбирҳои муассир андешидааст. Аз ҷумла, дар ҳудуди маҷмаа баробари растаҳои фурӯши ҳунарҳои мардумӣ, хостел - меҳмонхона бо номи “Қалъаи Хуҷанд” фаъолият мекунад. Он барои қабули меҳмонони дохиливу хориҷӣ пешбинӣ гардида, пас аз тамошои мавзеъҳои таърихӣ ва фарҳангии маҷмаа ба онҳо имкони истироҳати бароҳатро фароҳам меорад.
Меҳмонхона дорои 32 ҷойи хоб буда бо тамоми шароити муосири хизматрасонӣ таъмин аст. Ҳуҷраҳо бо мебелҳои замонавӣ, рахтҳои тозаву дилкаш, телевизор, ҳамомҳои алоҳида, дастгоҳи гармидиҳӣ ва хунуккунӣ, инчунин дигар лавозимотҳои зарурӣ муҷаҳҳаз гардиданд. Дар баробари ин барои таъмини истироҳати босифати меҳмонон сатҳи баланди тозагӣ, амният ва хизматрасонии шоиста таъмин мебошад. Ҷойгиршавии меҳмонхона дар ҳудуди маҷмааи таърихию фарҳангӣ ба сайёҳон имконият медиҳад, ки бидуни сарфи вақти зиёд аз ёдгориҳои нодири таърихӣ, осорхона, растаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва дигар мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ боздид намуда бо таърих, фарҳанг ва анъанаҳои қадимаи мардуми тоҷик аз наздик ошно шаванд.
Хостел - меҳмонхонаи “Қалъаи Хуҷанд” имрӯз яке аз инфрасохторҳои муҳими хизматрасонии сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, дар ҷалби бештари меҳмонони хориҷӣ ва рушди соҳаи сайёҳӣ дар шаҳри Хуҷанд саҳми назаррас мегузорад.





Валӣ Набизод – котиби маркази
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”