User Rating: 



/ 0
- Details
-
30.07.2026 10:33
-
Азназаргузаронӣ: 6
Зулфия Баҳриддинова—ҳунарманди маъруфи тоҷик, сӯзанидӯзи барҷаста ва рассоми халқии Тоҷикистон мебошад. Ӯ яке аз шахсиятҳои асосиест, ки дар эҳё ва рушди санъати суннатии сӯзанидӯзии тоҷик саҳми бузург гузоштааст. Санъати қаламкашӣ-ро аз падараш ва сӯзанидӯзӣ - ро аз аммааш Шарафнисо Нуриддинова омӯхтааст. Дар давоми зиёда аз 70 соли фаъолияти эҷодӣ беш аз 300 асари бузургҳаҷм офаридааст. Солҳои 1957–1987 роҳбари шуъбаи Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар вилояти Суғд буд. Бо заҳмати ӯ нақшҳои қадимаи сӯзанидӯзии тоҷик, аз ҷумла «Пайпоқи уштур», «Офтоб», «Бодомгул», «Қаламфур» ва «Моҳу ситора» эҳё гардиданд. Асарҳои ӯ дар намоишгоҳҳои Тоҷикистон ва кишварҳои дигар, аз ҷумла Россия, Белгия, Полша ва Чехия ба намоиш гузошта шудаанд. Зулфия Баҳриддинова бо офаридани сӯзаниҳои дорои портретҳои шахсиятҳои бузурги тоҷик, аз ҷумла Абуалӣ ибни Сино, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Шоҳ Исмоили Сомонӣ, даррушди санъати миллӣ саҳми арзанда гузоштааст. Осори ӯ имрӯз низ ҳамчун намунаи волои ҳунари мардумии тоҷик қадр карда мешавад. Сӯзании тоҷик яке аз нодиртарин намунаҳои санъати ороишӣ-амалии халқи тоҷик буда, таърихи чандинсола дорад. Ин ҳунари воло натанҳо маҳсули завқи баланди ҳунарманди тоҷик, балки таҷассумгари фарҳанг, ҷаҳонбинӣ ва анъанаҳои мардум мебошад. Дар нақшу нигори сӯзанӣ рамзҳои офтоб, гулугиёҳ, дарахти ҳаёт ва дигар унсурҳои табиат инъикос ёфта, орзуи сулҳ, некбахтӣ ва фаровониро таҷассум мекунанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки ҳифз ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла сӯзанидӯзӣ, яке аз самтҳои муҳими сиёсати фарҳангии давлат мебошад. Боташаббус ва дастгирии Пешвои миллат солҳои охир ба рушди ҳунарҳои мардумӣ, омӯзиши онҳо миёни ҷавонон ва муаррифии онҳо дар сатҳи байналмилалӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардидааст. Дар Маҷмааи таърихию фарҳангии «ҚалъаиХуҷанд» намунаҳои сӯзании тоҷик ҳамчун қисми муҳими мероси фарҳангии миллат ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Ин осор аз маҳорати баланди занони ҳунарманд, завқи зебоипарастии тоҷикон ва идомаи анъанаҳои ниёгон шаҳодат медиҳанд. Ҳифзи сӯзании тоҷик маънои ҳифзи таърих, фарҳанг ва ҳувияти миллиро дорад. Аз ин рӯ, вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар аст, ки ин мероси бебаҳоро эҳтиром намуда, бароиба наслҳои оянда расонидани он саҳм гузорад.
Монат Баротова Роҳбалади МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”
Шарҳ додан