Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Рисолати хазинадор дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
  Дар шароити муосир рушди муассисаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла осорхонаҳо, ба фаъолияти босамар ва масъулиятноки кормандон вобастагии мустақим дорад. Осорхона ҳамчун ниҳоди ҳифзкунандаи мероси таърихию фарҳангӣ на танҳо маркази нигоҳдории ашёи таърихист, балки муассисаи муҳими тарбиявию маърифатӣ низ мебошад. Дар ин раванд саҳми кормандони соҳаи фарҳанг, махсусан амонатдорон ва хазиначиён, хеле муҳим арзёбӣ мегардад.
Ҳамзамон, фаъолияти пурсамари Улмасова Муяссара, амонатдор-хазиначии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, нақши ӯ дар таъмини рушди муассиса басо наззарас мебошад.
Улмасова Муяссара соли 1964 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Солҳои 1971–1981 дар мактаби миёнаи умумии №18 ба номи Садриддин Айнӣ таҳсил намуда, онро бо муваффақият хатм кардааст. Баъдан таҳсили худро дар техникуми омӯзишгоҳи №1 ба номи Комарова идома додааст.
Фаъолияти меҳнатии худро соли 1985 ба ҳайси хазиначӣ дар кинотеатри «Тоҷикистон» оғоз намудааст. Таҷрибаи андӯхта дар ин муассиса заминаи ташаккули маҳорати касбии ӯро фароҳам овард. Бо тағйироти сохторӣ ва таъсиси Маркази Қасри ҷавонон ба номи Лоиқ Шералӣ, ӯ ба вазифаи сархазиначӣ таъин гардид. Ин таъинот гувоҳи сатҳи баланди эътимод ва масъулиятшиносии ӯ мебошад.
Соли 2006 Муяссара Улмасова ба Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ба вазифаи сархазиначӣ қабул гардида, то имрӯз фаъолияти пурсамар дорад.
Фаъолияти амонатдор-хазиначӣ танҳо ба ҳисобу китоб маҳдуд намешавад. Ин вазифа масъулияти баланд, интизом, дақиқкорӣ ва муносибати боэътимодро тақозо мекунад. Муяссара Улмасова бо хислатҳои хоксорӣ, ҷиддият ва сабру таҳаммул миёни ҳамкорон обрӯ пайдо намудааст.
Мавқеи ӯ нисбат ба меҳнат ин ифодагари фарҳанги баланд ва муносибати ҷиддӣ ба вазифа мебошад. Омодасозии саривақтии ҳуҷҷатҳо, расидаҳо ва ташкили хизматрасонӣ ба меҳмонон аз нишонаҳои масъулиятшиносии ӯст.
Ӯ бар он назар аст, ки сабр ва таҳаммул асоси муваффақият мебошад. Чунин ҷаҳонбинӣ дар фаъолияти амалӣ низ таҷассум ёфта, ба суботи молиявӣ ва ташкили дурусти кори муассиса мусоидат менамояд.
Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ҳамчун маркази муҳими фарҳангии минтақа фаъолияти худро бо такя ба мутахассисони варзида ба роҳ мондааст. Саҳми амонатдор-хазиначӣ дар таъмини шаффофияти молиявӣ, дуруст ба роҳ мондани ҳисобу китоб ва хизматрасонии босифат ба меҳмонон назаррас мебошад.
Бо дарназардошти фаъолияти пурсамар, соли 2015 Муяссара Улмасова бо унвони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст. Инчунин бо ифтихорнома ва сипосномаҳои сохторҳои давлатӣ қадрдонӣ шудааст, ки аз эътирофи саҳми арзандаи ӯ дар рушди соҳаи фарҳанг дарак медиҳад.
Таҳлили фаъолияти меҳнатии Улмасова Муяссара нишон медиҳад, ки рушди муассисаҳои фарҳангӣ на танҳо ба роҳбарият, балки ба фаъолияти содиқона ва масъулиятноки ҳар як корманд вобаста мебошад. Маҳз тавассути меҳнати софдилона, интизоми баланд ва ҷаҳонбинии дуруст метавон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.
Ӯ зани меҳрубон, хушмуомила, тозакор ва дорои ахлоқи баланди суннатӣ мебошад. Меҳмононро ҳамеша бо ҷеҳраи кушода, табассуми самимӣ ва эҳтироми хоса истиқбол мегирад. Дар муносибат бо меҳмонон сабру таҳаммул, масъулиятшиносӣ ва фарҳанги баланди муоширатро риоя намуда, барои ҳар як ташрифоваранда фазои гарму самимӣ фароҳам месозад. Бо рафтору гуфтори намунавии худ дар баланд бардоштани обрӯ ва нуфузи осорхона саҳми арзанд мегузорад. Фаъолияти меҳнатии Улмасова Муяссара на танҳо ифодаи ҳавасмандии шахсӣ, балки барои кормандони ҷавон намунаи ибрат мебошад.
Умеда Юлдошева – роҳбалади
Осорхонаи таърихии вилояти Суғд
МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд”
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОРисолати хазинадор дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд
Scroll to Top