Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

РӮЗНОМА – ОИНАИ ҶОМЕА

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
  Матбуоти даврӣ як рукни аслии мавҷудияти миллатҳо ва давлатҳо дар ҳар давру замон буда, фаъолияти он барои ҷомеа басо муҳим аст, зеро он воқеияти рӯз, забону фарҳанг ва вазъи иқтисодию иҷтимоии миллатро инъикос намуда, дар саҳифаҳои рангини худ асолати таърихии давлату ҷамъиятро ҳифз мекунад ва дар тақдири халқу кишварҳо, рушди давлатдорӣ ва огаҳию худшиносии мардум саҳми босазо мегузорад.
Истилоҳи “матбуоти даврӣ” мафҳуми фарох буда, асосан рӯзнома, шабнома, ҳафтанома, моҳнома, фаслнома, солнома, гоҳнома ва дар маҷмӯъ он нашрияҳоеро, ки хусусияти давомнокӣ доранд, ифода мекунад.
Маҷалла, рӯзнома, ҳафтавор, нашрия, ҷарида, нашрияи матбуоти даврӣ мебошад, ки ба таври мураттабу муназзам, бо ном, муассис, санаи табъ, маҳалли чоп ва дигар мушаххасоти доимӣ таҳияву чоп шуда, бе ҳеҷ қайду шарте дар дастрасии мардум қарор мегирад. Рӯзнома ҳар рӯз, ҳафтае як ё якчанд шумора, ё моҳе ду бор чоп шуда, аз воқеаву рӯйдодҳои ҳаёти ҳамарӯза ахбори фаврӣ ва матолиби таҳлилӣ пешкаш менамояд. Рӯзнома аз дигар нашрияҳои чопӣ бо ҳаҷму андозаву ороиши худ фарқ мекунад.
Имрӯз дар кишвар нашрияҳои гуногун: расмиву ғайрирасмӣ, маҳалливу соҳавӣ, хусусиву тиҷоратӣ, кооперативу муассисавӣ ва амсоли ин нашр мешавад.
Тибқи бақайдгирии давлатӣ ва баҳисобгирии ташкилотҳои табъу нашр айни ҳол дар ҷумҳурӣ беш аз 200 номгӯи рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, узбекӣ ва англисӣ нашр мегарданд.
Боис ба ёдоварист, ки дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” китобхонаи илмӣ мавҷуд аст, ки ҳамқадам бо осорхона фаъолияти худро бомаром идома дода истодааст. Дар маъхази китобхона дар қатори адабиётҳои илмӣ номгӯи рӯзномаҳои зиёд (аз солҳои 50-ум) мавҷуд аст, ки ҳамаи онҳо китобат шудаанд. Аз ҷумла: “Ҳақиқати Ленинобод (Органи Комитети вилоятӣ ва Комитети шаҳрии Ленинободии ПК Тоҷикистон ва Советҳои вилоятию шаҳрии Депутатҳои меҳнаткашони Ленинобод)” (солҳои 1952-1989), “Тоҷикистони Советӣ (Органи Комитети марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон ва Совети Олии РСС Тоҷикистон)” (1955-1989),“Правда (Орган Центрального Комитета КПСС)” (солҳои 1952-1989), “Ленинабадская Правда (Орган Ленинабадского Обкома и Горкома КП Таджикистана, Областного и городского Советов Депутатов трудящихся)” (солҳои гуногун), “Коммунист Таджикистана (Орган Центрального Комитета Компартии Таджикистана, Верховного Совета и Совета Министров Таджикской ССР)” (солҳои гуногун), “Маориф ва маданият (Органи вазоратҳои маорифи халқ ва маданияти РСС Тоҷикистон)” (солҳои гуногун) ва ғайра нигоҳдорӣ мешаванд.
Ҳамасола тамоми кормандони Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” зиёда аз 30 адад номгӯи рӯзномаю маҷаллаҳои даврӣ обуна мегарданд. Зеро обуна ба рӯзнома яке аз роҳҳои муҳими дастрасӣ ба иттилооти боэътимод ва баланд бардоштани сатҳи маърифати кормандон мебошад. Ҳар як корманд бо мутолиаи нашрияҳои даврӣ дониши худро ғанӣ гардонида, дар рушди муассиса ва ҷомеа саҳми арзанда мегузорад.
Бузурукова Наргисахон
Китобдори китобхонаи илмии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОРӮЗНОМА – ОИНАИ ҶОМЕА
Scroll to Top