Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Намоиши ҳунарҳои қадима

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Субҳи рӯзи чоршанбе, санаи якуми феврал дар назди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд намоиш - фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои миллӣ ва ашёҳои қадимаю таърихӣ баргузор гардид.

Чорабинии мазкур бо сухани ифтитоҳии омири кулли Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» И.Иброҳимов оғоз гардида, баъдан С.Каримова – муовини роҳбари Муассисаи давлатии мактаби эҳё ва рушди атласу адрасбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ дар вилояти Суғд, Н.Усмонов – роҳбари Хона – осорхонаи расмии Эргашбойбачча, дорандаи Ифтихорнома ва Аълочии фарҳанги  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғолиби озмуни хонаи беҳтарин ва намунавии шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ, Х.Содиқова – мушовири ассотсиатсияи ҳунармандони вилояти Суғд, дорандаи ҷоизаи ба номи Ҳоҷӣ Содиқ, дорандаи ҷоизаи вилоятии «Қалами сеҳрнок» ва Аълочии матбуоти тоҷик, У.Ҳомидов – Аъзои иттифоқи ҳунармандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва М.Бойматов – омири Осорхонаи таърихии вилояти Суғд оид ба ин чорабинӣ суханронӣ ва маърӯза намуданд.

Чорабинии мазкур бо иқдоми А.Аббосов – соҳибкор дар якҷоягӣ бо Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» гузаронида шуд. Мақсади баргузор намудани намоиш ва фурӯши намунаҳои маҳсулоти ҳунармандон эҳё намудани анъанаи ниёгон, намоиши кори дастии ҳунармандон, сарҷамъ намудани мутахассисон ва шахсони нигоҳдорандаи ашёҳои қадимаю таърихӣ ва бозёфту харидорӣ намудани ашёҳои аҳамияти таърихидошта ба Осорхонаи таърихии вилоятӣ мебошад.

Дар намоиш меҳмонони зиёд, аз қабили гурӯҳи олимону зиёиён, устодони муҳассилини мактабҳои оливу миёна, ҳунармандон, устоҳо ва ҳунармандони ҳунарҳои миллӣ, нигоҳдорандагони ашёҳои қадимаю таърихӣ ва шаҳрвандони шаҳр иштирок намуданд.

Барои болидахотирии иштирокчиёни чорабинӣ ҳунарманди маъруф Ш.Ниёзов сурудҳои дилошӯб сароид.

Барои намоиш – фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои миллӣ ва ашёҳои қадимаю таърихӣ ҳунармандони касбӣ ва маҳаллӣ, аз қабили С.Нормаҳмадов, М.Зокиров, Ҳ.Салимов – устоҳои кордсози миллӣ, Ш.Ҳомидова – сабадбоф, М.Саидғозиева – қуроқдӯз, У.Абдурашидова – кашидадӯз, Н.Ахмедова, Д.Бӯриева – мӯҳрабофон, А.Абдусамадов – устои асбобҳои мусиқии миллӣ, К.Саидов – устои шонасоз, Р.Негматова – қолинбоф, М.Қӯзибоев, М.Пӯлодов – дуредгарон, М.Усмонова – бофанда, Н.Тошматов – устои ҳунари оҳангарӣ, Ҷ.Ҳасанов – фурӯшандаи сангҳои ороишӣ ва ранга, М.Мамадҷонов, Н.Дӯстматов – ҷамъоварандагон, Н.Усмонов ҷамъоварандаи ашёҳои қадимаю таърихӣ ва Р.Абдуллоев – ҷамъоварандаи ашёҳо ва самоварҳои гуногун иштирок намуда, маҳсули ҳунар ва ашёи ҷамъовардаи худро ба маърази тамошо гузоштанд.

Бояд тазаккур дод, ки чунин намоиш – фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои миллӣ ва ашёҳои қадимаю таърихӣ дар оянда ҳар ҳафта рӯзи чоршанбе дар назди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд гузаронида мешавад. Дигар ҳунармандон ва ҷамъоварандагони ашёҳои қадимаю таърихӣ метавонанд дар ин намоиш ширкат варзанд.

 

 

 

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОНамоиши ҳунарҳои қадима
Scroll to Top