Бо фарорасии фасли тобистон табиат либоси сабзи худро ба бар намуда, боғу гулгаштҳо ба макони истироҳату фароғати сокинон ва меҳмонон табдил меёбанд. Дар ин айём меваю сабзавотҳо пухта мерасанд, гулугулбуттаҳои рангоранг шукуфта фазоро бо таровату накҳати худ муаттар месозанд.
Яке аз мавзеъҳои дилнишин Боғи фарҳангию фароғати ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”мебошад. Шомгоҳон садҳо нафар барои истироҳат ба ин мавзеъ меоянд ва аз манзараҳои зебои табиат баҳравар мегарданд. Гулу гулбуттаҳои ороишӣ, роҳравҳои сарсабз ва муҳити орому форам ба боғ ҳусни хос бахшида, барои ҳар як бинанда ҳисси хушнудиву оромиш эҳдо мекунанд.
Дар баробари гулҳои ороишӣ, дар майдончаҳои ҳавлии тоҷир ва Хона – музейи Камоли Хуҷандӣ гиёҳи шифобахши усма низ парвариш карда мешавад. Ин гиёҳ аз қадимулайём дар тибби халқӣ бо хосияти табобатии худ маъруф буда, имрӯз низ таваҷҷуҳи дӯстдорони гиёҳҳои шифобахшро ба худ ҷалб мекунад. Усма на танҳо ҳамчун гиёҳи дорои арзиши табобатӣ, балки ҳамчун ҷузъи муҳити сабзу ороишӣ низ аҳамият дорад. Баргҳои сабзи он дар канори гулҳои рангоранг симои ҳавлии таърихиро боз ҳам зеботар намуда, диққати сайёҳону меҳмононро ба худ мекашанд. Парвариши чунин гиёҳҳо дар ҳудуди Хона- музейи Камоли Хуҷандӣ аз таваҷҷуҳ ба ҳифзи мероси табиӣ, фарҳанги миллӣ ва эҳёи донишҳои мардумӣ дарак медиҳад. Ин иқдом барои муаррифии гиёҳҳои шифобахши маҳаллӣ ва баланд бардоштани маърифати экологиву фарҳангии ҷомеа низ аҳамияти муҳим дорад.
Ҳамин тавр дар рӯзҳои гарми тобистон ҳар як гӯшаи Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, ҳавлии тоҷир ва Хона- музейи Камоли Хуҷандӣ бо гулу гиёҳҳои гуногун ба макони дилнишине табдил ёфтааст, ки дар он зебоии табиат, фарҳанг ва таърих ба ҳам омада, барои меҳмонон хотираҳои фаромӯшнашаванда эҷод мекунанд.


Валӣ Набизод – котиби маркази
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”