Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ҷавшани ҷангии асримиёнагӣ- бозгӯи ҳунар, шуҷоат ва таърихи халқи тоҷик

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

 Осорхонаҳо макони ганҷинаҳои  зинда таърих мебошанд. Ҳар як нигорае, ки дар онҳо нигоҳдорӣ мешавад аз рӯзгори гузашта, фарҳанг, ҳунар ва корномаи ниёгон қисса мекунад.

    Дар толори “Таърих ва тамаддуни халқи тоҷик” бахши даврабандии таърихи тоҷикон дар аҳди Чингизиён, ки дар Осорхонаи  таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, яке аз нодиртарин нигораи қадимаи ҷавшани ҷангии асримиёнагӣ ба маърази тамошо гузошта шудааст. Ин ҷавшан аз ёдгориҳои нодири санъати ҳарбии асри XIII ба шумор меравад.Он аз ҳазорон ҳалқаҳои оҳанини бо усули махсус бофташуда иборат буда, маҳорати баланди  зиреҳсозони он давраро таҷассум мекунад. Вазни ҷавшан тақрибан аз 18 то 20 килограммро ташкил медиҳад. Бо вуҷуди вазни нисбатан зиёд, тарзи бофт ва сохтори он имконият медод, ки ҷанговар ҳангоми набард озодона ҳаракат кунад.

   Ҷавшан яке аз муҳимтарин воситаҳои муҳофизатии ҷанговарони асри миёнагӣ маҳсуб мешуд. Он сарбозро аз зарбаи шамшер, найза ва дигар силоҳҳои сард ҳифз мекард. Барои тайёр намудани чунин зиреҳ ҳунармандон ҳазорҳо ҳалқаҳои физилиро як ба як бо ҳам пайваст менамуданд. Ин кори хеле душвор, заҳматталаб ва вақтгир буда, аз усто маҳорати баланд, сабру таҳаммул ва таҷрибаи ғанӣ талаб мекард.

    Давраи  ҳуҷуми муғул яке аз марҳилаҳои пурошӯби таърихи халқи тоҷик ба ҳисоб меравад. Бо вуҷуди харобиҳои зиёд, ҳунармандон ва устоёни маҳаллӣ анъанаҳои қадимаи зиреҳсозиро нигоҳ дошта, онро такмил медоданд. Ҷавшани дар осорхонаи таърихӣ ба намоиш гузошташуда  далели равшани сатҳи баланди ҳунари физилкорӣ ва рушди истеҳсоли аслиҳаи муҳофизатӣ дар минтақа мебошад.

   Аз нигоҳи илмӣ ин нигора барои омӯзиши таърихи ҳарбӣ, ҳунармандӣ ва технологияҳои истеҳсоли  асримиёнагӣ аҳамияти калон дорад. Муаррихон тавассути чунин бозёфтҳои нодир метавонанд тарзи ҷанг, сатҳи омодагии сарбозон, имкониятҳои техникии ҳунармандон ва рушди ҳунарҳои мардумиро мавриди таҳқиқ қарор диҳанд.

  Барои ҳар бинанда ҷавшани ҳарбӣ танҳо як либоси ҷангӣ нест. Он рамзи матонат, далерӣ ва иродаи шикаснопазири гузаштагони ниёгон мебошад. Ҳангоми тамошои ин нигора инсон дарк мекунад, ки барои ҳифзи Ватан, ҳимояи давлатдорӣ ниёгони халқи тоҷик аз чӣ гуна василаҳо истифода мебурданд ва чӣ гуна заҳмат мекашиданд.

    Осорхонаи таърихии вилояти Суғд имрӯз бо нигоҳдорӣ ва муаррифии чунин ёдгориҳои нодир дар тарбияи ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба мероси фарҳангии халқи тоҷик саҳми арзанда мегузорад. Ҳар як нигора, ашёҳои таърихӣ барои ҷавонон дарси таърих буда, онҳоро ба омӯзиши гузаштаи пурифтихори миллат ҳидоят мекунад. Ҷавшани ҷангии асри XIII на танҳо як нигораи осорхонавӣ, балки шоҳиди зиндаи таърих аст. Он аз маҳорати ҳунармандони маҳаллӣ, аз шуҷоати ҷанговарон ва аз саҳифаҳои пурифтихори таърихи миллат нақл мекунад. Ҳифз ва омӯзиши чунин мероси гаронбаҳо вазифаи ҳар як шаҳрванд аст, зеро миллате, ки таърихи худро гиромӣ медорад, ояндаи худро низ боэътимод месозад.

Валӣ Набизод- котиби маркази

иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҶавшани ҷангии асримиёнагӣ- бозгӯи ҳунар, шуҷоат ва таърихи халқи тоҷик
Scroll to Top