Сада ҷашни мулуку номдор аст,
Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст.
Санаи 29-уми январи соли равон дар Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» яке аз идҳои аҷдодию миллиамон «Иди Сада» бо тантана таҷлил гардид.
Бояд тазаккур дод, ки Сада – яке аз ҷашнҳои қадимии халқҳои эронинажод, ки рӯзи даҳуми моҳи ёздаҳуми солшумории шамсӣ – Баҳман барпо мешуд. Азбаски аз даҳуми моҳи Баҳман то Наврӯз панҷоҳ шабонарӯз аст, ин рӯзро «Сада» ном ниҳодаанд. Аҷдоди мо дар ин рӯз ҷашне меоростанд ва тамоми шаб гулхан афрӯхта, дар гирди он рақсу бозӣ мекарданд ва ба осмон кабӯтарҳо сар медоданд.
Дар таҷлили ин иди ҳуҷастапай муовини Раиси вилояти Суғд Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ, Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз, гурӯҳи олимону зиёиён, устодону муҳассилини макотиби оливу миёна ва сокинони шаҳр ширкат варзиданд. Ҳамчунин, намоиши маҳсули дастаи ҳунармандон, кашидадӯзон, қуроқдӯзон, рассомону ороишгарон ба намоиш гузошта шуда, бозиҳои миллиро аз қабили «Аловпарак», «Арғамчинкашӣ», «Ланкабозӣ», «Ошуқбозӣ» ва чандин маросимҳои идиро намоиш доданд. Аз ҷумла, 400 нафар варзишгарони ҷавон бо барномаи махсуси варзишӣ иштирок намуданд.
Дар анҷом барномаи консертӣ баргузор гардид.