Осорхонаҳо ҳамчун муассисаи илмӣ - маърифатӣ дар ҳаёти фарҳангии кишварамон барои ҷамъоварӣ, ҳифз ва таблиғу ташвиқоти мероси ниёгон нақши назаррас дорад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушду нумӯи фарҳанги кишварамон аҳамияти ҷидди медиҳад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон чунин нуқтаро иброз доштанд:
”Яке аз паҳлуҳои муҳими сиёсати фарҳангии ҳукумати Тоҷикистон ин рушду нумӯъ ва пешбурди фарҳанги миллӣ, шинос намудани ҷаҳониён бо дастовардҳои тоҷикон дар ин ҷода мебошад”.
Осорхонаҳо, ҳамчун маркази илмӣ - тадқиқотӣ баҳри ҷамъоварӣ, нигаҳдорӣ ва ба маърази тамошо гузоштани мероси ниёгон ва дастовардҳои фарҳангию илмии гузаштагон корҳои зиёдеро анҷом медиҳад.
Бо мақсади ба сомон расонидани корҳои илмӣ-татқиқоти муҳокима ва тасдиқи мақолаҳо, баромадҳои илмӣ, ҳисоботҳои роҳбарон нақшаҳои фаъолияти корӣ корҳои оммавӣ фарҳангӣ дар осорхона шӯрои илмӣ нақши муҳимро дорост.
Соли 2006 дар шафати Қалъаи қадимии Хуҷанд Осорхонаи таърихии вилояти Суғд сохта ба истифода дода шуда буд, ки дар ҳаёти фарҳангии вилоят рӯйдоди назаррас шуд.
Сарвари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди осорхонаҳо изҳор намудаанд: «Осорхона-оинаи пурҷилоест, ки ҳаёт ва таърихи халқ, пирӯзиҳо ва нокомиҳои он, дастовардҳои илму фарҳанг ва сарнавишти фарзандони номдору ифтихорманди миллатро инъикос мекунад». (маҷаллаи «Осорхона» №1-3, 2013с.)
«Шӯрои илмии осорхонаи таърихӣ кишваршиносии Тоҷикистони Шимолӣ (ҳозира Осорхонаи таърихии вилояти Суғд) баҳори соли 1933 бо номи шӯрои илмии ҷамъиятӣ-сиёсӣ (бо гуфти А.Уэльс) созмон дода шуда, ба ҳайати шӯро кормандони Академияи илмии ИҶШС (СССР), кормандони илмии муассисаҳои илмии Осиёи Миёнагӣ, намояндагони комиссариати халқӣ (Наркомат) ва ташкилотҳои хоҷаги (Хозоргонов) шомил гардида буданд, минбаъд шӯрои илмии музеи кишваршиносии Тоҷикистони Шимолӣ ном гирифта буд.
14 июни соли 1933 сол дар ҷаласаи нахустини Шӯрои илмии музейи кишваршиносии Тоҷикистони Шимолӣ ҳисоботи нимсолаи фаъолияти кории музей аз тарафи директор А.В.Уэльс ироа карда шуда, сазовори баҳои қаноатбахш гардид.
Таклиф карда шуд, ки барои пешбурди фаъолияти пурсамари музей (осорхона) 2 воҳиди корӣ илова карда шавад.
Шӯрои илмӣ ба Наркомпрос (шӯъбаи маорифи халқ) пешниҳод намуд, ки ба музейи кишваршиносии Тоҷикистони шимолӣ барои гузаронидани корҳои фарҳангӣ-маърифатӣ 5000 рубл, барои корҳои фарҳангӣ ташкили намоишҳои сайёри таърихи инқилобӣ, гӯшаи осорхонавӣ (музейный угалок) дар Консой ва Такали 5000 рубл маблағгузорӣ карда шавад». (Д.Ҳомидов «Из истории музейного дела в Таджикистане» саҳ. 39).
Имрӯзҳо дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд Шӯрои илмӣ бо ҳайати мудирони шӯъбаҳо, олимон ва бостоншиносон аз донишгоҳҳои вилоят ба монанди Набиҷон Раҳимов, Муҳиддинҷон Файзуллоев, Шавкат Шарипов, Абдуҳаким Шарипов, Ислом Раҳимов, Баҳроми Раҳматзод барои ҳаллу фасли умдатарин масоили осорхона фаъолият мебарад.
Дар шӯрои илмӣ мудирони шуъбаҳо, кормандони илмӣ мақолаҳо, баромадҳои илмӣ, сайри илмии мавзӯӣ, корсепсияҳои илмӣ, нақшаҳои мавзӯии тағироту иловаҳо ба намоишгоҳҳои экспозитсионии толорҳои намошӣ, намоишҳои сайёр, нақшаҳои гӯшаҳои намоишӣ, нақшаҳои мавзӯии экспозитсияҳои намоишӣ, ҳисоботҳои солонаи мудирони шӯъбаҳо мавриди муҳокима қарор мегирад.
Бояд тазаккур дод, ки дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд бо мақсади ғанӣ гардонидани фонди осорхона ва ҳифзу нигаҳдошти мероси моддии ниёгон комиссияи харидории назди фонди осорхона фаъолият мебарад.
Зинаи дуюми корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар осорхона ин таҳияи баромадҳои илмӣ, мақолаҳо ва интишори он дар воситаи ахбори омма, таҳияи проспектҳо, брошураҳои дастурӣ, илмӣ, матни сайри илмӣ, консепсияи илмӣ оиди созмон додани намоишҳои экспозитсионӣ мебошад.
Ҳамчунин, кормандони муассиса бахшида ба таҷлили ҷашни 100-солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд китоби ҷадид бо номи “Сад барги заррин” оиди таъриху фаъолияти осорхона аст ба нашр расониданд.
Имрӯзҳо осорхона макони зиёратгоҳи садҳо ҳазор тамошобинон ва сайёҳони ватаниву хориҷӣ гардида, давоми солҳои 2016 то соли 2025 аз Осорхонаҳои МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” зиёда аз 600 ҳазор нафар дидан ба амал оварданд, ки аз инҳо 43 ҳазор нафари онҳо аз хориҷии кишвар буданд.
Дар фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд зиёда аз 23 ҳазор ашёҳои таърихӣ мавҷуданд, ки ин бозёфтҳои бостоншиносӣ, мисгарӣ, ашёи рӯзгор, санъати ороишӣ-амалӣ, ҳуҷҷатҳо аксҳои инъикоскунандаи таърихро дар бар мегирад. Дар байни онҳо маҷмӯаи бозёфти нумизматики таваҷчуҳи хоса дорад.
Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дорои сомонаи алоҳида мебошад, ки дар шабака бо суроғаи www.qalai-khujand.tj Email: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it. фаъолият менамояд.

Нодира Олимова – ҷонишини омир
оид ба корҳои илмии
Осорхонаи таърихии вилояти Суғд