Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Саёҳат ба гузаштаи миллат: дарси кушод дар Қалъаи Хуҷанд

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

 Дар замони муосир омода намудани мутахассисони баландихтисос яке аз вазифаҳои асосии муассисаҳои таълимӣ ва истеҳсолӣ ба ҳисоб меравад.

Таҷрибаомӯзӣ яке аз марҳилаҳои муҳими тайёр намудани мутахассисони ҷавон мебошад, ки дар ин раванд донишҷӯён донишҳои назариявии худро дар амал татбиқ намуда, бо муҳити воқеии корӣ шинос мешаванд. Ин раванд барои баланд бардоштани малакаҳои касбӣ ва омодагӣ ба фаъолияти меҳнатӣ аҳамияти калон дорад.

Таҷрибаомӯзӣ шакли омӯзиши амалӣ мебошад, ки дар муассисаҳо, ташкилотҳо гузаронида мешавад.

Муассисаи давлатии "Маҷмааи фарҳангию таърихии "Қалъаи Хуҷанд" яке аз ёдгориҳои муҳими таърихӣ ва фарҳангӣ ба шумор меравад. Ин макон на танҳо аҳамияти таърихӣ дорад, балки имрӯз ҳамчун маркази омӯзишӣ ва таҷрибаомӯзии донишҷӯён ва ҷавонон низ истифода мешавад.

Ҳамасола дар маҷмаа донишҷӯён таҷрибаомӯзии худро дар ин мавзеи таърихию фарҳангӣ мегузаронанд. Аз ҷумла донишҷӯёни  МДТ “Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон”, ДИС ДДТТ, МД “Донишкадаи байналмилалии Хуҷанд” ва МД “Коллеҷи сайёҳӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоии шаҳри Хуҷанд”-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷрибаи забономӯзии худро дар ин боргоҳ гузаронида, бо мероси таърихи бою куҳани он ошно гардиданд. Ҳамчунин ба меҳмонони ватанию хориҷӣ сайри илмӣ, дарсҳои кушод гузаронида, таҳкими донишҳои назариявӣ  ва рушди малакаҳои илмӣ-амалии худро бой намуданд.

Санаи 28-уми майи соли равон дар МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” дарси кушод таҳти унвони “Қабули меҳмонон ва шиносоӣ бо толорҳои Қалъаи Хуҷанд” бо иштироки донишҷӯёни курси дуюми ихтисоси 1-020306 забони хориҷӣ (забони англисӣ) гузаронида шуд, ки он аз тарафи мудири шӯъбаи сайёҳӣ Муйдинова З. ва роҳбалади Осорхонаи таърихии МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” Мирзоева И. баъди шиносоӣ ва омӯхтани ҳудуди маҷмаа аз ҷониби донишҷӯён ташкил ва баргузор гардид.

Меҳмононро дар даромадгоҳи Қалъаи таърихии Хуҷанд омири кулли МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” Иброҳимов И.С. хуш пазироӣ намуда, ҳамагонро ба ин даргоҳи куҳану таърихӣ хайрамақдам намуд. Дар дарси кушод мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ, н.и.п. муаллими калон Рафибаева Н.И., н.и.ф. муаллими калон Сидиқова М.А., омӯзгори фанни забони англисӣ Мамадҷонова М.М.-и МД “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон”, донишҷӯён ва кормандони МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” иштирок намуданд.

Дар рафти равиши дарси кушод аз тарафи донишҷӯён бо навбат аз таъриху тамаддуни ин боргоҳ  бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ  гузаронида шуд.

Ҳамчунин Темуров М. – роҳбари Маркази фарҳангии Фаронса дар шаҳри Хуҷанд, кормандони марказ Жулиэт Бони, Энзо Падован ва Суруш Раҷабов иштирок намуда, дар ҷамъбаст фикру ақидаҳои худро нисбати ин дарси кушод баён намуданд. Барои иштироки фаъолона ва дониши хуб донишҷӯён бо Сипосномаи маъмурияти МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” сарфароз гардонида шуданд.

Мақсад аз гузаронидани дарси кушод ин аст, ки донишҷӯён бо мушоҳидаи бевоситаи ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва илмӣ донишҳои назариявии худро мустаҳкам намоянд. Зеро дарси кушод дар осорхона ба хонандагон имконият медиҳад, ки донишҳоро дар муҳити воқеӣ омӯзанд ва нисбат ба таъриху фарҳанги худ эҳтироми бештар пайдо кунанд.

Мирзоева И., Бузурукова Н.

Кормандони МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОСаёҳат ба гузаштаи миллат: дарси кушод дар Қалъаи Хуҷанд
Scroll to Top