Санаи 24-уми январи соли равон бахшида ба 20–умин солагарди Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Осорхонаи таърихии вилояти Суғд расми кушоди намоиши асарҳои рассомон ва намунаи ҳунарҳои ҳунармандони вилоят таҳти унвони «Тоҷикистони ман» баргузор гардид.
Нахуст чорабинии мазкурро омири кулли Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» Иброҳимов И.С. ҳусни ифтитоҳ бахшида, меҳмонони ҷаласаро муаррифӣ намуданд. Сипас, дар идомаи сухани худ аз пешрафту тараққиёти мамлакати азизамон – Тоҷикистони азиз чанд нукотеро баён намуданд. Пас аз он, суханро ба Раиси бахши иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Н.Эшонова доданд. Инчунин, декани факултаи санъати ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Р.Аминҷонов, дотсенти факултаи санъати тасвирӣ ва технологияи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров С.Ҳасанов баромад намуда, фикру андешаҳои худро оид ба ин чорабинӣ иброз намуданд.
Дар ин чорабинӣ 63 нафар санъаткорон иштирок намуданд, ки байни онҳо 40 нафар мусаввирон, 8 нафар ҳайкалтарошон, 13 нафар кашидадӯзон, 1 нафар наққош ва 1 нафар кошинкор ҳузур доштанд. Иштирокчиён 112 адад асари худро ба намоиш гузоштанд, ки байни онҳо 50 адад мусаввира, 8 адад ҳайкал, 50 адад кашидадӯзӣ, 2 адад наққошӣ ва 2 адад кошинкориро дар бар мегирифт.
Дар намоиш мусаввараҳо ва намунаи ҳунарҳои миллии дар даврони Истиқлолият эҷодкардаи рассомони вилоят бахшида ба Ваҳдати миллӣ А.Ҷабборов, К.Мӯминов, М.Муллоҷонов, А.Абдураҳмонов, С.Саидоқилзода, Н.Мӯъминов, Хокироев, ҳайкалтарош Д.Раҳматов ва ҳунармандон Қ.Бобоева, М.Оқилова ва Г.Умарова ба намоиш гузошта шуданд.
Ҳамчунин, амали рассомони ҷавон ба монанди З.Юнусов, Н.Мӯминов, Д.Усмонов, А.Абдураҳмон ва М.Турсунова ба маърази тамошо гузоштанд.
Бояд тазаккур дод, ки 3-юмин маротиба дар толори Осорхонаи таърихии вилояти Суғд бо ҳамкории Академияи мусаввирии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд намоиши асарҳои рассомон ба вуқӯъ пайваст.