Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ҳифзу нигаҳдории таърих аз гузашта то ба имруз (Бахшида ба 100 - солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд)

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

  Осорхонаи таърихии вилояти Суғд макони ҷамъоварӣ, тарғибу ташвиқи таърих ва фарҳанги пурғановати халқи тоҷик ба ҳисоб рафта, барои тарбияи ватандӯстӣ, худогоҳӣ, худшиносии миллии ҷомеа хизмат мекунад. Дар тӯли 100 сол ӯ тавонист ҳазорҳо тамошобинони дохиливу хориҷиро бо тамаддуну фарҳанг ва таърихи бойи халқи тоҷик шинос намояд ва ба як қатор комёбиҳои беназир муваффақ гардад. Гарчанде Осорхона таърихи гузаштаро фаро мегирад, аммо он макони зинда мебошад. Дар он ҳамеша корҳои илмию тадқиқотӣ, тарғиботию ташвиқотӣ ва ғайраҳо гузаронида мешаванд, ки асосан ба дӯши шӯъбаҳо аст. Умуман Осорхонаи таърихии вилояти Суғд аз шаш шӯъба: шӯъбаи таърих, шӯъбаи таърихи давраи муосир, шӯъбаи дастхатҳо ва таъбу нашр, шӯъбаи фонд, шӯъбаи оммавӣ фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа ва шӯъбаи сайёҳӣ иборат мебошад.

Шӯъбаи таърих, яке аз шӯъбаи муҳими Осорхона ба ҳисоб рафта, фаъолияти он ба омӯзиш, дарёфт ва муаррифии ёдгориҳои моддӣ ва –ғайримоддии гузаштаи ҷомеа равона гардидааст. Ин шӯъба аз соли ба кор шурӯъ намудани Осорхона, то ин инҷониб фаъолият мебарад. Самти асосии фаъолияти шӯъбаи таърих ин пеш аз ҳама ҷамъоварии нигораҳо, бо роҳи ташкили экспедитсияи омӯзишӣ, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба экспозитсияи намоишӣ, азназаргузаронии ҳолати санитарии нигораҳо, назорати гузаронидани сайри илмӣ, ҳуҷҷатгузории шӯъба, навиштани мақолаҳои илмӣ, оммавӣ ва хабарӣ ба нашрияҳову сомонаи муассиса мебошад. Дар тӯли солҳои фаъолияти пурсамари осорхона дар ин шӯъба шахсиятҳои пурмасъул аз қабили Ҳамдамова М.Т, Файзуллоев М., Тошматов А., Дадохӯҷаев Ф., Турсунов И. ба ҳайси мудир ва кормандони илмӣ - Маскаленко А.Н, Масаидов С., Ахмедов Э., Василева З., Турсунов И., Хоҷаева М., Исҳоқӣ Ф., Исломова С., Пӯлотова Н. фаъолият намудаанд. Айни замон дар шӯъба Мамадҷонова М. ва Саидова Д. фаъолият намуда, кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, то дар ҳамаи ин самтҳо кор кунанд ва кори шӯъбаро бо маром ба роҳ монанд. Албатта дар ин ҷода дар шӯъбаи таърих якчанд корҳои назаррас ба анҷом расонида шуда, ба комёбиҳо муваффақ гаштааст.

Ҳамасола баҳри пурра ва ғанӣ гардонидани фонди осорхона, комиссияи харидории назди маъхази осорхона гузаронида мешавад, ки кормандони илмии шӯъба аз сокинони маҳаллӣ ашёҳои аҳамияти таърихидоштаро ҷамъоварӣ ва ба комиссияи харидорӣ пешниҳод менамоянд. Баъдан ба ҳар як экспонати харидоришуда шиносномаи илмӣ тартиб дода шуда, сипас он ба фонди осорхона супорида мешавад. Дар давоми даҳ соли охир аз тарафи шӯъбаи таърих 80 ҷаласаи харидорӣ ва ройгон гузаронида шуда, 1624 адад нигораҳо харидорӣ ва 9426 адад нигораҳо тариқи ройгон ҷамъ карда шуда, дар умум ба фонди осорхона зиёда аз 11050 адад нигораҳои аҳамияти баланди таърихию фарҳангидошта супорида шудаст.

Инчунин қобили зикр аст, ки аз ҷониби кормандони шӯъба дар даҳ соли равон зиёда аз 7 ҳазор тавсифномаи илмии нигораҳо, яъне шиноснимаи илмӣ ва варақаи бақайдгирӣ навишта шуда, он ба маъхази осорхона супорида шуд.

Баҳри даровардани навгонӣ ва ҷалби диққати тамошобинон, дар экспозитсияи намоишӣ аз тарафи кормандони шӯъба тағироту иловаҳо дар асоси нақшаи пурракунӣ ворид карда мешавад. Ҳар як тағироту илова аз тарафи кормандони шӯъба омӯхта шуда, барои роҳбаладон иловатан маълумот пешниҳод мегардад.

Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши роҳбаладон ва тарзи дуруст пешниҳод намудани маълумот ба меҳмонон фаъолияти роҳбаладони маҷмаа аз тарафи кормандони шӯъба назорат карда шуда, тавсияю пешниҳодҳо дода мешавад. Ҳамчунин бояд таъкид намуд, ки ба меҳмонони фахрӣ бевосита аз тарафи худи кормандони шӯъба сайри илмӣ гузаронида мешавад. Мисоли равшани он аз тарафи мудири шӯъба Мамадҷонова М. барои меҳмонони олимақом сарони давлатҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар таҷлили ҷашни байналмиллалии Наврӯз сайри илмӣ гузаронида шуд. Теъдоди чунин сайрҳои илмӣ барои меҳмонони дохилию хориҷии дуру наздик зиёд буда, масъулиятшиносии кормандони шӯбаро талаб мекунад.

Дар самти экспедитсияҳои омӯзишӣ низ кормандони илмии шӯъба ширкат меварзанд, ки экспедитсияи кӯҳи Мевағул яке аз онҳост. Экспедитсия саҳроӣ соли 2021 дар деҳаи Чаманзори ҷамоати Ёваи ноҳияи Б. Ғафуров гузаронида шуд, ки онро омири осорхона М.Бойматов роҳбарӣ ва устодону бостоншиносони факултаи таъриху кормандони шӯъба ҳамраҳӣ намуданд. Ҳисоботи экспедитсияи саҳроӣ дар маҷаллаи “Меъроси ниёгон” №26-2024. C.88, дар мақолаи таҳти унвони “Ёдгории беназири кӯҳи Мевағул” нашр гардид. Инчунин дар корҳои ҳафриётӣ, ки дар ҳудуди “Қалъаи Хуҷанд” дар солҳои 2019 - 2022 бо роҳбарии профессор, бостоншинос Н.Т.Раҳимов ва як гурӯҳ олимону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров ба анҷом мерасад, омири осорхона М.Бойматов ва кормандони шӯъба иштирок намуда, барои омӯзиш ва таҳқиқи бозёфтҳои нав саҳми худро мегузоранд.

Боиси зикр аст, ки кормандони илмии шӯъбаи таърих барои бунёду азнавсозии экспозитсияҳои намояшии як қатор осорхонаҳои шаҳру навоҳии вилояти Суғд, аз қабили бунёди экспозитсияи намоишии “Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Тоҷикистон дар масири Истиқлолият”-и Қасри маданияти “Арбоб”-и ноҳияи Б.Ғафуров солҳои 2017, 2022,, ҷиҳозонидани Хона музейи Камоли Хуҷандии МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷан” соли 2015, ҷиҳозонидани осорхонаи Муассисаи давлатии Маҷмааи таърихию фарҳангии “Истиқлол” бо маводҳои 7 манотиқи Тоҷикистон соли 2017, созмон додани экспозитсияи намоишии осорхонаи таърихӣ кишваршиносии “Курушкада”-и ноҳияи Спитамен соли 2019, бунёди экспозитсияи намоиши осорхонаи таърихӣ кишваршиносии шаҳри Истиқлол соли 2023, созмон додани осорхонаи ҷумҳуриявии академик Б.Ғафуров соли 2023, ҷиҳозонидани толорҳои намоишию 8 ҳавлии ҳунармандон дар МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”, ҷиҳозонидани ҳуҷраҳои иқоматии Қалъаи таърихию фарҳангии Балҷувони вилояти Хатлон соли 2025 ва дигар осорхонаҳои муассисавиву мактабӣ хеле назаррас аст. Ҳамчунин бо мақсади шиносоӣ ва расонидани кӯмаки методӣ кормандони илмии шӯъба мунтазам ба осорхонаҳои шаҳру навоҳии вилоят ба сафарҳои хизматӣ равона мешаванд.

Ҳамчунин кормандони илмии шӯъба барои васеъ намудани сатҳи дониши худ адабиётҳои соҳавиро мутолиа намуда, пайваста мақолаҳои илмӣ, оммавӣ ва хабарии худро дар рӯзномаву маҷаллаҳо ва сомонаи муассиса ба нашр мерасонанд. Дар ташкил ва баргузор намудани намоиш, вохӯрӣ, конфронсҳои илмиву адабии муассиса фаъолона ширкат варзида, бо мақолаҳои илмии худ баромад менамоянд.

Имрӯзҳо мо дар арафаи ҷашнгирии 100 солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд қарор дорем. Дар ин радиф баҳри таҷлили он як қатор корҳои назаррас ба анҷом расида истодааст. Кормандони шӯъбаи таърих барои хубу хотирмон ва дар сатҳи баланд баргузор намудани ин чорабинӣ камари ҳиммат баста, саҳми худро гузошта истодаанд.

Дар фарҷоми сухан метавон, хулоса кард, ки шӯъбаи таърих ин макони ҳифзу нигаҳдорандаи мероси гаронбаҳои миллати тоҷик буда, он натанҳо нигаҳдорандаи ёдгориҳои таърихӣ, балки маркази илмӣ, тадқиқотӣ, омӯзишӣ ва муаррифгари арзишҳои миллӣ ба ҷаҳониён мебошад.

Дилором Саидова - корманди илмии

шӯъбаи таърихи Осорхонаи таърихии

вилояти Суғди МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд"

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҲифзу нигаҳдории таърих аз гузашта то ба имруз (Бахшида ба 100 - солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд)
Scroll to Top