Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Табрикот ба Рӯзи Ғалаба

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Собиқадорони муҳтарам!

Роҳбарият ва аҳли ҷомеаи меҳнатии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, ҳамаи шуморо ба муносибати 81 – умин солгарди фаро расидани Рӯзи Ғалаба самимона муборакбод менамоем.

Бо эҳсосоти баланд метавон гуфт, ки шумоён дар хунинтарин Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар таърихӣ башар пирӯз шудаед. Хотира ва корнамоиҳои ҷанговарони содиқи Ватан ва заҳматкашони ақибгоҳ оғози муттаҳидкунандаи миллатҳои гуногун буданд, ки насли баъдиҷангӣ бо нақлу ҳикоётҳои шумо дар бораи қаҳрамониву ҷоннисориҳоятон, саҳнаҳои мудҳиши ҷанг, мардонагӣ ва ҷасорат баҳри дифоъ аз фашизм ва садоқату матонат ба воя расиданд.

Дар Рӯзи Ғалаба ба ҳамаи собиқадорони азиз саломатӣ, хушбахтӣ ва беҳтарин саодати рӯзгорро таманно дорем. Бигзор ҳамеша аз муҳаббат ва ғамхории атрофиён баҳраманд бошед.

Мо дар назди корнамоиҳои қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ сари таъзим фуруд меорем ва ҳамеша дар хотир хоҳем дошт, ки ба туфайли чӣ гуна арзишҳо ба зиндагии осуда ва хушбахтии ҳаёт муваффақ шудаем.

Ба ҳама сулҳу салоҳ, тани сиҳат ва тамоми хушиҳои зиндагиро хоҳонем!.

Рӯзи Ғалаба муборак!

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОТабрикот ба Рӯзи Ғалаба
Scroll to Top