Санаи 07 майи соли 2026, ҳайати гуруҳи расмии меҳмонон бо сарварии Григорьев Семён Вячеславович, сафири Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд ташриф оварданд. Ҳайати меҳмононро инчунин Консули генералии Федератсияи Русия дар шаҳри Хуҷанд, Ланкин Сергей Василович ва дигар шахсони масъул ҳамроҳӣ намуданд.
Дар доираи сафари корӣ ҳайати меҳмонон ба Қалъаи таърихии Хуҷанд ташриф оварданд, ки шахсан Омири кулли Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, Иброҳим Иброҳимов бо меҳмоннавозии хос истиқбол намуд. Ӯ меҳмононро бо фарорасии Рӯзи Ғалаба табрик гуфта, аҳамияти ин санаи таърихиро ҳамчун рамзи шуҷоат, қаҳрамонӣ ва сулҳ таъкид кард.
Сипас, ба меҳмонон маълумоти муфассал оид ба таърихи бунёд ва марҳилаҳои рушди қалъаи таърихӣ истодагарӣ намуд. Таъкид шуд, ки ин маҷмааи таърихӣ яке аз марказҳои муҳими фарҳангӣ ва тамаддуни минтақа ба шумор рафта, дар худ осори зиёди таърихиро нигоҳ медорад.
Баъдан, роҳбалади ботаҷриба Мирзоева Иноятхон аз толорҳои намоишӣ гузар намуда, онҳоро бо намунаҳои санъати тасвирӣ, кундалкорӣ, кандакорӣ, инчунин муҷассамаҳои шоирону адибони маъруфи тоҷик шинос намуд. Зимни боздид меҳмонон ба сатҳи баланди ҳунармандӣ ва ҳифзи мероси фарҳангӣ баҳои баланд доданд. Дар ҷараёни боздид,меҳмонон ба китоби фахрии муассиса соядаст гузошта, таассуроти неки худро сабт намуданд.
Ҷараёни сайри илмӣ аз ҳавлии ҳунармандони мардумӣ наққошӣ идома ёфт, ки он бо ҳунари нозук ва анъанавии ниёгон оро дода шуда, фазои хоси таърихӣ ва фарҳангиро инъикос менамояд. Меҳмонон аз ҳуҷраи қадимаи ҳунармандӣ, ки бо унсурҳои меъмории миллӣ ва ашёи суннатӣ оро ёфтааст, дидан намуда бо тарзи зиндагӣ ва эҷодиёти ҳунармандони гузашта аз наздик шинос шуданд.
Дар маҷмуъ, ҳайати меҳмонон аз истиқболи гарму самимӣ ва меҳмоннавозии хоси тоҷикона бисёр хушҳол гардида ба роҳбарият ва аҳли кормандони муассиса дар фаъолияти минбаъда комёбиҳои боз ҳам бештар, пешрафт ва муваффақиятҳои пурсамари меҳнатӣ таманно намуданд.






Валӣ Набизод – котиби маркази
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”