Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Тарғиби бисёрзабонӣ миёни донишҷӯён дар Қалъаи Хуҷанд

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

  Санаи 07 майи соли 2026 бо ташаббуси Муқим Темуров роҳбари Маркази фарҳангии Фаронса “Алянс- Франсэз” –и шаҳри Хуҷанд ва бо дастгирии дафтари кишвари Швейсария барномаи нави лоиҳавӣ оида ба рушди забондонӣ ва тарғиби муҳити бисёрзабона миёни донишҷӯён, дар ҳудуди Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” баргузор гардид.

Дар доираи ин иқдом як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ ва омӯзишӣ роҳандозӣ шуданд. Аз ҷумла, намоиши махсус таҳти унвони “Як кишвар – чор забон” ташкил гардида, дар он фарҳанг ва арзишҳои забонҳои миллатҳои гуногун муаррифӣ карда шуданд. Ҳамзамон, инсталлятсияҳои беруна оид ба аҳамияти бисёрзабонӣ ва таҳаммулпазирӣ насб гардида, таваҷҷуҳи меҳмонон ва ҷавононро ба масъалаи омӯзиши забонҳо ҷалб намуданд.

Ҳамчунин, дар доираи барнома коршиносон, омӯзгорон ва донишҷӯён масъалаҳои рушди фарҳангиву таърихӣ, нишонаҳои рамзӣ ва муошират, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва нақши забондонӣ дар ҷомеаи муосирро баррасӣ карданд. Барои иштирокчиён инчунин семинарҳои омӯзишӣ оид ба рушди малакаҳои забонӣ, муоширати байнифарҳангӣ ва баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеа ташкил карда мешавад.

Тавре ташкилкунандагон иброз доштанд, ҳадафи асосии барнома пешбурди гуногунии фарҳангӣ, таҳкими муҳити бисёрзабона, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷавонон ва мусоидат ба баробарии гендерӣ дар байни донишҷӯён мебошад. Инчунин, лоиҳаи мазкур барои тақвияти дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии миёни ҷавонони фарҳангу забонҳои гуногун замина фароҳам хоҳад овард.

Валӣ Набизод – котиби маркази

иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОТарғиби бисёрзабонӣ миёни донишҷӯён дар Қалъаи Хуҷанд
Scroll to Top