Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Хотирае, ки ҳаргиз фаромӯш намешавад ( бахшида ба ифтихори 9 май – Рӯзи Ғалаба)

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

  Ҳамасола,  санаи 9 май дар кишварҳои пасошӯравӣ ҳамчун Рӯзи Ғалаба, бахусус дар Тоҷикистон таҷлил мегардад. Ин рӯз ба хотири пирӯзии Иттиҳоди Шӯравӣ бар Олмони фашистӣ дар  Ҷанги Бузурги Ватанӣ ( 1941 – 1945 ) бахшида шудааст. Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ як давраи сангин буд, ки яке аз санаҳои муҳим  ва пурифтихори таърих, чун рамзи пирӯзии адолат бар зулм, шуҷоату мардонагии халқҳо ва ёдгории ҷовидонаи қаҳрамононест, ки барои озодӣ ва сулҳ ҷони худро нисор карданд. Ҳар сол фарорасии санаи 9 май  моро ба саҳифаҳои пуршарафи таърих равона месозад, ки Рӯзи Ғалаба ин на танҳо як сана, балки мактаби бузурги ибрат буда, дар он фидокорӣ, ҳамбастагӣ, бародарӣ ва муҳаббат ба Ватан таҷассум ёфтааст. Имрӯз кишвари Тоҷикистон ба як марҳилаи таърихии ҳассос расидааст, ки насли иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ қариб пурра аз миён рафтааст. Тибқи маълумоти охирин, то соли 2025 дар кишвар ҳамагӣ 17 нафар ветерани ҷанг боқӣ монда буданд ва дар соли  2026 ин теъдод эҳтимолан то 10 – 15 нафар коҳиш ёфтааст. Коҳиши шумораи иштирокчиёни  ҷанг дар солҳои охир босуръат кам мегардад, ки ин тамоюл нишон медиҳад, ки  кишвар дар остонаи аз даст додани шоҳидони зиндаи яке аз муҳимтарин саҳифаҳои таърих қарор дорад. Ба иттилои таърихӣ. дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз кишвари Тоҷикистон зиёда аз 300 ҳазор нафар ба фронт сафарбар шуда буданд. Аз ин шумора беш аз 90 ҳазор нафар дар майдонҳои ҷанг ҳалок ё бедарак шудаанд. Бо вуҷуди талафоти бузург, саҳми тоҷикон дар пирӯзӣ назаррас арзёбӣ мешавад, ки дар солҳои ҶБВ аз Тоҷикистон даҳҳо нафар сарбозону афсарон бо ҷасорату шуҷоат ном бароварданд. Имрӯз синни аксари ветеранони боқимонда  аз 95 – 100 сол боло аст. Бо гузашти ҳар сол, на танҳо шумораи онҳо кам мешаванд. Балки имкони шунидани хотираҳои зиндаи ҷанг низ аз даст меравад. Мутахассисон таъкид мекунанд, ки ҳифзи хотираи таърихӣ ва сабти зиндагиномаи ин насли нодир , дар ҳоле ки шоҳидони воқеии ҷанг тадриҷан аз саҳнаи зиндагӣ мераванд, масъулияти нигоҳдории ҳақиқати таърих ва эҳтиром ба корнамоиҳои онҳо ба дӯши наслҳои баъдӣ мегузарад.

    Зикр намуд, ки дар маҷмуъ, 64 нафар бо унвони “Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ” аз кишвари Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд, ки нишоне аз ҷасорат, фидокорӣ ва муҳаббат ба Ватан маҳсуб мешавад. Дар миёни онҳо Ҳодӣ Кенҷаев, Тӯйчи Эржигитов, Раҳимбой Раҳматов, Неъмат Қаробоев ва дигарон ба унвони олии “Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ” сарфароз гардиданд.

   Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳазорон нафар аз Тоҷикистон, аз ҷумла аз вилояти Суғд, ба майдони набард рафта, барои ҳифзи шарафу номуси Ватан мубориза бурданд. Бисёре аз онҳо ба Ватан барнагаштанд, аммо номи онҳо дар саҳифаҳои  таърих бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст. Имрӯз вазифаи мо пос доштани хотираи онҳо, эҳтиром ба корнамоиҳои онҳо ва расонидани ин мероси маънавӣ ба наслҳои оянда мебошад. Зеро миллате, ки таърихи худро фаромӯш мекунад, ояндаи худро аз даст медиҳад.

     Қобили таваҷҷуҳ аст, ки дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии "Маҷмааи фарҳанию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, бахшида ба Рӯзи Ғалаба гӯшаи махсуси намоишӣ ташкил карда  мешавад, ки дар он аксҳо ва ҳуҷҷатҳои таърихии иштирокчиёни ҷанг, ашёи шахсии сарбозон, медалу орденҳо ва дигар маводҳои  нодир ба маърази тамошо гузошта мешаванд. Ин гӯша имконият медиҳад, ки ҳар як тамошобин  рӯ ба рӯ бо таърих шинос шуда, эҳсос намояд, ки сулҳу оромии имрӯз бо чӣ қимате ба даст омадааст.

  Поси хотири иштирокчиёни ҷанг танҳо як сухани одӣ нест, ин масъулияти  виҷдонӣ ва қарзи маънавии ҳар яки мост. Мо бояд онҳоро на танҳо ба ёд орем, балки бо эҳтироми амиқ ва эҳсоси миннатдорӣ номашонро зинда нигоҳ дорем. Онҳо касоне буданд, ки ҷавонии худро, орзуву умедҳои худро ва ҳатто ҷони худро ба як порчаи хоки Ватан фидо  карданд. Ба ёд овардани онҳо маънои онро дорад, ки мо таърихи худро фаромӯш намекунем, аз корнамоиҳои онҳо сабақ мегирем ва ин арзишҳоро ба наслҳои оянда мерасонем. Ҳар як номи сабтшуда дар саҳифаи таърих саргузашти шуҷоат, садоқат ва муҳаббат ба Ватан аст. Яъне, пос доштани хотираи онҳо ин гиромидошти гузашта, эҳтироми имрӯз ва кафолати ояндаи осоишта мебошад. Зеро то вақте ки  хотираи қаҳрамонон зинда аст, рӯҳи ватандӯстӣ низ дар дилҳо поянда мемонад.

 

Валӣ Набизод – котиби маркази

иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОХотирае, ки ҳаргиз фаромӯш намешавад ( бахшида ба ифтихори 9 май – Рӯзи Ғалаба)
Scroll to Top