Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

ҚАДАМИ УСТУВОР АЗ МАОРИФ БА ФАРҲАНГ (Ба ифтихори 100 – солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд)

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

  “Ҳар як омӯзгори ҳақиқӣ ва донандаи таърих дар қалби шогирдонаш ва дар саҳифаҳои хотираи миллат абади зинда мемонад”.

Эмомалӣ Раҳмон

  Раҳимова Қаноат Ҳакимовна – омӯзгори варзида, ходими соҳаи фарҳанг ва мутахассиси соҳибтаҷрибаи корҳои илмии осорхона буда, тамоми фаъолияти ҳаёти худро ба тарбияи насли наврас, рушди маънавиёти ҷомеа ва ҳифзу тарғиби мероси таърихию фарҳангии миллат бахшидааст.

Ӯ 23 апрели соли 1959 дар деҳаи зебоманзараи Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар оилаи заҳматкаш ба дунё омадааст. Муҳити солимии оилавӣ ва эҳтиром ба илму маърифат аз хурди дар қалби ӯ меҳри донишомӯзиро парвариш намуд. Аз айёми мактабхонӣ Қаноат Ҳакимовна бо кунҷковӣ ва шавки зиёд ба фанни таърих таваҷҷӯҳ зоҳир карда, орзуи омӯзгор шуданро дар дил мепарварид.

Соли 1976 пас аз хатми мактаби миёнаи №31-и ба номи Абдураззоқ Раҳимов, бо мақсади амалӣ намудани орзуи деринааш ба факултаи таърихи Донишгоҳи омӯзгории ба номи С.М.Киров (ҳозира МДТ ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) дохил шуд. Солҳои таҳсил барои ӯ давраи ташаккули шахсияти илмӣ ва касбӣ гардида, дар ин муддат аз устодони варзида сабақ гирифта, донишу ҷаҳонбинии худро ғанӣ гардонд. Соли 1983 донишкадаро бо муваффақият хатм намуда, соҳиби ихтисоси омӯзгори фанни таърих гардид.

Фаъолияти меҳнатии худро аз ҳамон сол дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 оғоз намуда тайи 29 соли фаъолияти пурсамар ҳамчун омӯзгори фанни таърих садҳо нафар шогирдонро ба камол расонид. Дарсҳои ӯ танҳо аз баёни воқеаҳои таърихӣ иборат набуда, балки мактаби воқеии худшиносӣ, ватандӯстӣ ва ахлоқи хамида буданд. Ӯ бо маҳорати баланди омӯзгорӣ, сухани ширин ва муносибати инсонпарварона дар дили шогирдон муҳаббат ба Ватан эҳтиром ба гузаштагон ва ифтихори миллӣ бедор менамуд.

Қаноат Ҳакимовна ҳамчун омӯзгори эҷодкор ҳамеша дар ҷустуҷӯи усулҳои нави таълим буд. Ӯ дарсҳоро бо истифода аз маводи иловагӣ, сарчашмаҳои таърихӣ ва усулҳои фаъоли омӯзиш ғанӣ гардонда, кӯшиш мекард, ки ҳар як хонанда таърихро натанҳо биомӯзад, балки онро дарк намояд. Шогирони ӯ дар озмуну олимпиадаҳои фаннӣ фаъолона ширкат варзида, ба дастовардҳои назаррас ноил мегардиданд.

Пас аз баромадан ба нафақаи тӯлонии меҳнатӣ соли 2013 марҳилаи нави фаъолияти касбии оғоз намуда, ба Осорхонаи таърихии вилояти Суғд (МД “Маҷмаии фарҳангию таърихии Қалъаи Хуҷанд”) ба кор шурӯъ намуда ва то соли 2019 дар вазифаи ҷонишини омири Осорхонаи таърихиии вилояти Суғд оид ба корҳои илмӣ фаъолият бурд. Дар ин вазифаи пурмасъулият ӯ фаъолияти илмии осорхонаро ба таври назаррас тавқият бахшид.

Бо роҳбарии ин шахс корҳои илмии осорхона, ҷамъоварӣ ва таҳқиқи ашёи таърихӣ, таҳияи барномаҳои илмӣ ва ташкил намудани намоишгоҳҳо дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуданд. Ӯ дар такмили экспозитсияҳои осорхона, таҳияи матнҳои илмӣ, роҳнамоӣ ба кормандони ҷавон ва густариши ҳамкориҳои илмӣ бо дигар муассисаҳо саҳми арзанда гузошт.

Қаноат Ҳакимовна ҳамчун мутахассиси соҳибтаҷриба ва роҳбари хирадманд дар баланд бардоштани сатҳи касбии кормандон, тарбияи мутахассисони ҷавон ва таҳкими пояҳои илмии фаъолияти осорхона нақши муҳим бозидааст. Меҳнати содикона ва муносибати масъулиятшиносонаи ӯ боиси эҳтироми ҳамкорон ва қадрдонии роҳбарият гардид.

Фаъолияти ӯ дар осорхона идомаи мантиқии роҳи омӯзгории ӯ буд, агар дар мактаб ӯ таърихро ба насли наврас омӯзонида бошад, дар осорхона ҳамчун посбони содиқи мероси миллӣ онро ҳифз ва муаррифӣ менамуд.

Бо назардошти фаъолияти пурсамар ва хизматҳои шоиста дар соҳаи фарҳанг, Қаноат Ҳакимовна бо нишони сарисинагии “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардонида шуд.

Зиндагиномаи Раҳимова Қаноат Ҳакимовна намунаи равшани хизмати содиқона ба ҷомеа буда, барои наслҳои ҷавон мактаби ибрат, манбаи илҳом ва раҳнамоӣ маънавӣ мебошад.

 

Нодира Олимова

Ҷонишини омир оид ба корҳои илмии

Осорхонаи таърихии вилояти Суғд

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҚАДАМИ УСТУВОР АЗ МАОРИФ БА ФАРҲАНГ (Ба ифтихори 100 – солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд)
Scroll to Top