Осорхона яке аз муҳимтарин марказҳои фарҳангӣ ва маънавии ҷомеа ба ҳисоб рафта, он на танҳо макони нигоҳдории ашёҳои қадима аст, балки хазинаи зиндаи таърих, фарҳанг ва ҳувияти миллӣ мебошад. Ҳар як ашёе, ки дар осорхона нигоҳ дошта мешавад, қиссае аз гузаштагони моро баён мекунад ва моро бо решаҳои худ мепайвандад.
Осорхонаи таърихии вилояти Суғд яке аз аввалин осорхона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз рӯи қайдҳои С.Ш.Марофиев (1938-2016) бо номҳои “Музейхонаи округи Хуҷанд”, Музейи ноҳиявии Хуҷанд, Музейи Тоҷикистони Шимолӣ, Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии Ленинобод соли 1926 ташкил ёфт. Айни ҳол осорхона аз соли 2006 дар шафати Қалъаи Хуҷанд (яке аз қалъаҳои қадимтарин ва калонтарин дар Осиёи Миёна асрҳои VI-V то милод) ҷой гирифтааст ва таърихи бисёрҳазорсолаи вилояти Суғдро дар намоишгоҳи осорхонавии худ инъикос мекунад.
Осорхонаҳо натанҳо гузаштагони моро муаррифӣ мекунанд, балки барои тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносӣ ва ифтихори миллӣ нақши бузург доранд. Бунёд ва созмон додани осорхона кори хело осон набуда, он натиҷаи ҳамкории васеи ҷомеа мебошад. Дар ин замина, саҳми Раиси вақти вилояти Суғд Қосимов Қ.Р., сармеъмори вақти вилоят Юнусов М., меъмори вилоят Раҳматов А., меъмор-созандаи лоиҳа Юсупов Ф. барои бунёду ороиши бинои осорхона басо назаррас ва шоистаи таҳсин мебошад.
Ҳамчунин дар сохтмони бино муовини вақти Раиси вилоят оид ба сохтмон Мамадҷонов М.В., дертар кори он касро Зоиров И.З. давом дода, саъю кӯшиш намудаанд, ки тарҳи бино зебо ва тарҳи қадимиро гум накарда, ба талаботи замона ҷавобгӯ бошад. Ин шахсони ватандӯсту фарҳангпарвар дастуру супоришҳои Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда, барои ояндагон таъриху фарҳанги куҳанбунёди худро дар яке аз мавзеъҳои зебову қадимаи шаҳри Хуҷанд эҳё намуданд.
Дар кори ороиши намоишгоҳи осорхонавӣ рассом-ороишгарон: Ҷӯраев Ғ., Маҳмудов М., Раҳматов Д., Ҷаборов А., Ёдгоров К. фаъолият намудаанд.
Сохтмони бино охири моҳи августи соли 2006 ба итмом расонида шуд ва он тӯҳфаи муносибе гардид ба ҷашни 15-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ, 2700-солагии шаҳри бостонии Кӯлоб ва Анҷумани тоҷикон ва форсизабонон.
Дар расми кушоди осорхона Ҷаноби Олӣ Президенти муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ташриф оварда, аз осорхона дидан намуданд, ба меҳнати сохтмончиён ва кормандони осорхона миннатдорӣ изҳор карданд ва дар Китоби фикру мулоҳизот чунин изҳор намуданд:
“Ифтихормандам, ки дар остонаи понздаҳумин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли бузургдошти Ориёӣ, 2700-солагии шаҳри бостонии Кӯлоб ва Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон ба Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ҳусни ифтитоҳ мебахшам.
Бигузор осорхонаи мазкур дар шинохти асли худ ба наслҳои имрӯзу фардои миллати куҳанбунёдамон хизмати ҷовидона дошта бошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Э.Ш.Раҳмонов
23 августи соли 2006”
Дар соли 2006 Осорхонаи таърихии вилояти Суғд аз 3 шӯъба: шӯъбаи таърих, шӯъбаи короти маърифатӣ ва фонд иборат буда, фаъолияти онҳо ба роҳ монда шуда буданд.
Экспозитсияҳои намоишии осорхона дар зербино ва толорҳои болоӣ бо фарогирии масоҳати 1279,2 м/мураббаъ созмон ёфта, аз бахшҳои “Ҳаёти одамони асри санг”, “Давраи фулузӣ”, “Эллинистӣ”, “Тамаддуни ориёӣ”, “Таъриху тамаддуни халқи тоҷик” ва “Давраи муосир” иборат буда, макони зиёратгоҳи садҳо ҳазор тамошобинон ва сайёҳони ватаниву хориҷӣ гардидааст.
Баъди ба фаъолият шурӯъ кардани осорхона мувофиқи супориши Раиси вилоят аз санаи 15.09.2006 тибқи нақшаи МИҲД-и вилояти Суғд бо ҷадвали муайян кормандони муассисаҳои фарҳангӣ, иттиҳодияҳои эҷодӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, кормандони ҳукумати вилоят, шаҳри Хуҷанд, адибон, рӯзноманигорон, кормандони радио ва телевизион, собиқадорони ҷангу меҳнат, гурӯҳи ҳофизон ва ҳунарпешагони Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К.Хуҷандӣ, Ансамбли мақомхонони “Нури Хуҷанд” ва Ансамбли садою овозии “Садои Суғд” бо навбат ба осорхона омада, тамошо карданд.
Кормандони осорхона якҷоя бо ширкати симои “Азия” барнома таҳти унвони “Назаре ба таърих” (муҳаррир Рашид Ҳафизӣ) аз маводҳои шӯъбаҳои осорхона таҳия намуда, пешкаши тамошобинон шуд, ки он хуш қабул гардид.
Осорхона макони муқаддасест, ки ҳамарӯза садҳо тамошобинони ватаниву хориҷӣ, толибилмон, донишҷӯёни мактабҳои олӣ аз осорхона дидан ба амал оварда, ғизои маънавӣ бардошта, ба худ таассуроти нек мегиранд.
Аз моҳи августи соли 2006 то моҳи январи соли 2007 осорхонаро 10 725 нафар дидан ба амал оварданд. Соли 2007 - 23 382 нафар, соли 2008 – 17 200 нафар, соли 2009 – 13 691 нафар, соли 2010 – 12 976 нафар, соли 2011 – 14 118 нафар, соли 2012 - 19 061 нафар, соли 2013 – 28 750 нафар, соли 2014 – 31 485 нафар тамошобинон аз осорхона дидан ба амал оварданд.
Дар солҳои 2007-2008 бахшида ба санаҳои таърихӣ аз тарафи кормандони илмии осорхона вохӯриҳо, конфронсҳои илмӣ, намоишҳо дар мавзӯи “Ваҳдати миллӣ”, “Иҷлосияи тақдирсози XVI-и Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, 800-солагии зодрӯзи Мавлави Ҷалолуддини Балхӣ, 1150-солагии саромади назми дарии тоҷикӣ Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 63-солагии Рӯзи Ғалаба бар фашизми гитлерӣ, 80-солагии бостоншиноси маъруф академик Н.Неъматов гузаронида шуд.
Ҳамчунин аз тарафи кормандони илмӣ бахшида ба ҳаёту фаъолияти ходимони давлатию ҳизбӣ намоишҳои сайёр таҳти унвони “Тоҷиниссо Осимова арбоби давлатӣ 80 сол” (3.03.2007) дар Қасри фарҳангии “Юсуфзода”-и ноҳияи Б.Ғафуров, “Арбоби давлатӣ ва ҳизбӣ Темурбой Мирхолиқов – 70 сол” дар МИҲД-и шаҳри Хуҷанд аксҳо, ҳуҷҷатҳои шахсии онҳо ба намоиш гузошта шуданд.
Санаи 18 майи соли 2011 дар толори осорхона бо ташаббуси шодравон Бузуруков А.М. (1955-2012) – омири осорхона бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо конфронси илмӣ таҳти унвони “Осорхона оинаи таърих ва фарҳанг” баргузор гардид. Ҳамчунин ин конфронс ба 60-умин солгарди зодрӯзи устоди факултаи таърихи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, номзади илмҳои таърих, мардумшинос Файзуллоев М. бахшида шуда буд.
Дар конфронс Оғои Шоҳмуродӣ намояндаи фарҳанги Сафорати Эрон дар Тоҷикистон (Хуҷанд) иштирок ва баромад намуд. Ҳамчунин Неъматҷонова М. – собиқадори осорхона, Эркаев С. устоди ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, Бобоев Ю. маърӯзаҳо намуданд. Бобати саҳми Файзуллоев Муҳиддин дар пешрафти короти осорхона ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисос дар донишгоҳ суханронӣ намуданд.
Санаи 9.11.2012 дар толори осорхона бахшида ба ҷашни 20-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Коллеҷи санъати ба номи С.Ҳофиз конфронси илмӣ таҳти унвони “Иҷлосияи тақдирсоз” баргузор гардид. Дар кори конфронс Орифов А. – профессори ДДҲБСТ, вакили Иҷлосияи 16-ум, Юлдошева Л. – донишҷӯи Коллеҷи санъати ба номи С.Ҳофиз иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар заминаи қарори Раиси вилояти Суғд таҳти №46 аз санаи 20.02.2013 рӯзи 11.04.2013 дар толори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Т.Асирӣ ва санаи 20.04.2013 дар толори маҷлисгоҳи МИҲД-и вилояти Суғд бахшида ба 100-солагии ходими сиёсиву давлатӣ, Раиси вақти Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулаҳад Қаҳҳоров (1913-1984) таҳти унвони “Содиқу фидокори Ватан” намоиш бо зиёда аз 100 адад аксҳо ва ҳуҷҷатҳои ҷамъоваришуда аз ҳаёт ва фаъолияти ин шахс конфронси илмӣ ва намоиш ташкил ва гузаронида шуд.
Дар осорхона бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ таҳти унвони “Родмардони Ватан”, “Сарбозони шуҷоъ”, “Артиши миллӣ – сипари боэътимоди давлату миллат”, Рӯзи модар таҳти унвони “Модар олиҳаи зиндагӣ”, “Зан – сарчашмаи хушкнашавандаи ҳаёт”, Иди Ғалаба таҳти унвони “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад”, “Ном ва кори онҳо абадист” вохӯриҳо гузаронида шуданд.
17 майи соли 2013 дар саҳни осорхона бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо конфронси илмӣ – фарҳангӣ дар мавзӯи “Осорхона инъикосгари таъриху тамаддун” ва 75-солагии зодрӯзи бостоншинос, профессори ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, узви комиссияи ҳифзу эҳёву истифодаи мероси модии таърихӣ-фарҳангии МИҲД-и вилояти Суғд Марофиев С.Ш. баргузор карда шуд, ки дар кори он Назаров О.О. - сардори вақти Раёсати фарҳанги МИҲД-и вилояти Суғд, Шарипов А.А. – мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи МИҲД-и вилояти Суғд, Холҷӯраев Ҳ. – директори вақти Осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи академик Б.Ғафуров, Шарипов Ш. – дотсенти ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, Турсунов И. – мудири вақти шӯъбаи таърихи осорхона, инчунин овозхонони Ансамбли мақомхонони “Нури Хуҷанд” иштирок ва баромад намуданд.
Бахшида ба ин санаи таърихӣ бори аввал (бо роҳбарии омири осорхона Бойматов М.) дар саҳни осорхона намоиши нигораҳои нодир аз маъхази осорхонаҳои вилоятӣ ва намоиши “Ретроавтомобилҳо” ташкил карда шуданд.
Бояд қайд кард, ки тамоми осорхонаҳои шаҳру навоҳии вилоят дар мавзӯъҳои алоҳида нигораҳоро ба маърази тамошобинон гузоштанд. Ҳамчунин беш аз 15 адад автомобилҳои гуногунтамға, ки солҳои бароришашон аз соли 1946 то соли 1990 мебошад, ба намоиш гузошта шуда буданд.
Бахшида ба ин ҷашн “Шабе дар осорхона” гузаронида шуда, осорхона то соати 2200 фаъолият намуд, ки беш аз 3 000 нафар тамошобинон ройгон аз осорхона дидан ба амал оварданд.
Яке аз самтҳои фаъолияти осорхона ин иштироки кормандон дар экспедитсияҳои илмӣ-фарҳангӣ оиди омӯзиши ёдгориҳои таърихӣ мебошад. Бинобар ин тибқи нақшаи чорабинии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, МИҲД-и вилояти Суғд ва Раёсати фарҳанг Мирзоева И.-мудири шӯъбаи оммавӣ-фарҳангии осорхона, Раҳимов М.-корманди осорхона ва Марофиев С.Ш. – профессор, бостоншинос, устоди ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров дар экспедитсияи илмӣ – фарҳангии бостоншиносии муштараки МИҲД-и вилоят ва ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров “Мерос” ба ноҳияҳои Истаравшану Шаҳристон санаи 18.07.2013 бо мақсади шиносоӣ бо ҳолати объектҳои таърихии Қалъаи Қаҳ-Қаҳа 1, Қаҳ-Қаҳа 2, Тирмизактеппа, Чилҳуҷра, Оқтангӣ дидан ба амал оварданд.
Санаҳои 26-27 июли соли 2013 бо роҳбарии Бойматов М.Т. - омири Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, Мирзоева И. – мудири шӯъбаи оммавӣ-фарҳангӣ, Турсунов И.-мудири шӯъбаи таърих, Бузуруков А.-наворгири осорхона ва кормандони Осорхонаи таърихӣ - кишваршиносии ноҳияи Ашт, Марофиев С.Ш. – профессор, бостоншинос, устоди ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров дар экспедитсияи илмӣ – фарҳангии бостоншиносии муштараки МИҲД-и вилоят ва ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров “Мерос” ҷиҳати омӯзиши навиштаҷоти рӯи санг (петроглифҳо) ба деҳаи овозадори Даҳана сафар намуданд. Баъдан аъзоёни экспедитсия бо ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангии қалъаи машҳури Афросиёб ва масчиди “Ҳаштсаҳҳобагон” шинос гардиданд.
Хуҷанди куҳан вале ҳамешаҷавон дар радифи шаҳрҳои Бухорою Самарқанд аз давраҳои қадим то ба имрӯз яке аз марказҳои маъмурӣ, илмию фарҳангӣ буда, зодгоҳи як зумра шахсони бузурги таърихист. Олим-мунаҷҷим ва риёзидон Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, шоирон Маҳастии Хуҷандӣ, Камоли Хуҷандӣ, ҷуғрофидон ва сайёҳ Ҳоҷӣ Юсуф Мирфаёзов, шоир маорифпарвар Тошхӯҷа Асирӣ ва дигар олимону донишмандон дар ин ҷо кору фаъолият бурдаанд.
Яке аз чунин шахси бузурги таърихӣ Ҳоҷӣ Юсуф Мирфаёзов - олими тоҷик, ҷуғрофидон, сайёҳ, харитакаш, нуҷумшинос ва аввалин шахсест, ки дар давраи Империяи Россия Кураи арзро бо навиштаҷоти забони форсӣ ва арабӣ ихтироъ кардааст.
Ҳоло Кураи арзи ихтироъкардаи Ҳоҷӣ Юсуф дар музейи шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон маҳфуз мебошад.
Марофиев С.Ш. нақл менамуд, ки шахсан худ чанд маротиба ба шаҳри Самарқанд сафар намуда буд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва МИҲД-и вилояти Суғд чанд маротиба ба МИҲД-и шаҳри Самарқанд мактуб ирсол намуда буданд, то ки он кураи арз ба шаҳри Хуҷанд баргардонида шавад.
Ниҳоят бо саъю кӯшишҳои муовини Раиси вилояти Суғд (дертар аз соли 2014-2018 Раиси вилояти Суғд) А.Қодирӣ соли 1998 дар шаҳри Самарқанд нусхаи кураи арз сохта шуда, ба Осорхонаи таърихии вилояти Суғд тӯҳфа гардид.
Моҳи марти соли 2014 вохӯрии Раиси вақти вилояти Суғд А.Қодирӣ бо кормандони соҳаи фарҳанг баргузор гардида, ба кормандони осорхонаҳо супоришу дастур дода шуда буд, ки мубодилаи нигораҳо байни осорхонаҳо ба роҳ монда шавад.
Тибқи дастуру супоришҳои Раиси вақти вилояти Суғд А.Қодирӣ дар асоси нақша – чорабиниҳои Раёсати фарҳанги МИҲД-и вилояти Суғд ва Осорхонаи таърихии вилояти Суғд бобати мубодилаи нигораҳо байни осорхонаҳои шаҳру навоҳии вилоят нусхаи Кураи арзи Ҳоҷӣ Юсуф Мирфаёзов аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дар осорхонаҳои таърихии кишваршиносии шаҳру ноҳияҳои Гулистон, Спитамен, Ҷ.Расулов, Ашт, Исфара, Б.Ғафуров ба намоиш гузошта шуд. Аз нусхаи Кураи арз садҳо тамошобинон дидан намуда, аз комёбии гузаштагон бархурдор гаштанд.
Санаи 29.03.2014 дар толори осорхона таҳти роҳбарии Бойматов М.Т. – омири осорхона конфронси илмӣ-адабӣ таҳти унвони “Занҷираи меҳр” бахшида ба 110-солагии шоир, мутарҷим Муҳиддин Аминзода ва 60-солагии шоир Мӯҳсин Аминзода ташкил гардид.
Дар ин чорабинӣ Аҳмадҷони Раҳматзод – Раиси бахши Суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар мавзӯи “Хонадони сухандон”, шодравон Маҳкам Пӯлод – нависанда таҳти унвони “Хонаи хурди инсони бузург”, шодравон Муҳиддини Хоҷазод – нависандаи Халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Хотироти дӯст”, Муаттара Ғаниева – шоира дар мавзӯи “Аз таърихи таъсисёбии Хона-музейи М.Аминзода” маърӯзаи пурмӯҳтаво намуданд.
Дар кори конфронс пайвандони М.Аминзода – Зебо Аминзода роҳбари Ансамбли рақсии “Зебо”, ҳунарманди шоистаи ИҶШС, М.Аминзода – шоир ширкат варзида, суханронӣ намуданд.
Дар толори намоишии осорхона гӯшаҳои намоишӣ бахшида ба санаҳои ҷашнию таърихӣ созмон мегардад, ки дар он маводҳои ҷолибу зарурӣ ба маърази тамошобинон гузошта мешаванд.
Санаи 4.09.2014 дар толори намоишии осорхона бахшида ба 23-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи намоишӣ таҳти унвони “Ҷашни истиқлол муборак” созмон гардид. Дар он асарҳои олимону адибон, ходимони давлатию ҳизбӣ, Қ.Расулзода, О.Каримов, А.Достиев, С.Абдуллоев ва рӯзномаҳо бо мақолаю баромадҳо бахшида ба Истиқлолияти давлатӣ ба маърази тамошо гузошта шуда буданд.
Бо ҳидояту раҳнамоии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии МИҲД-и вилояти Суғд азнавсозии Боғи фарҳангию фароғатии ба номи К.Хуҷандӣ аз моҳи майи соли 2014 оғоз гардида, моҳи марти соли 2015 ба итмом расид. Тантанаҳои Наврӯзи умумиҷумҳуриявӣ бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ азнавсозӣ шуда, 21 марти соли 2015 баргузор гардид ва МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” созмон дода шуд. Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, ки нигоҳдорандаи осори ниёгон мебошад як ҷузъи маҷмааро аз соли 2015 ташкил медиҳад.
Айни ҳол омири Осорхонаи таърихии вилояти Суғдро Бойматов М.Т. - яке аз осорхонашинос ва донандаи осори ниёгон роҳбарӣ намуда истодааст. Бойматов М.Т. аз соли 2012 дубора дар осорхона ҳамчун мудири шӯъбаи таърих фаъолияти худро оғоз намуд. Бинобар сабаби нобаҳангоми вафоти собиқ омири осорхона Бузуруков А.М. аҳли ҷомеаи меҳнатии осорхона дар маҷлиси умумии худ қарор доданд, ки сарварии осорхона ба ӯҳдаи ӯ гузошта шавад. Бойматов А.Т. мутахассиси соҳаи худ буда, аз рӯзҳои аввали фаъолияти роҳбарӣ (соли 2012) нисбати худ ва кормандон серталаб буда, интизоми меҳнатро дуруст ба роҳ мондааст. Ҳамин буд, ки осорхона дар соли 2013 ба комёбиҳои беназир ноил гашта, теъдоди тамошобинон 29.000 нафарро ташкил дода, конференсияҳои илмӣ, вохӯриҳо бо ходимони ҳизбию давлатӣ, ташкили намоишҳо бахшида ба ҷашнҳою санаҳои таърихӣ дар сатҳи баланд гузаронида шуданд. Ӯ дар давоми фаъолияти корӣ худро чун инсони комил, кордон, ғамхор нишон додааст. Маҳз бо ташаббуси Бойматов М.Т. аз мардум дар соли 2013 зиёда аз 1000 нигора харидорӣ карда шуд, ки ин боиси ғанӣ гардонидани фонди осорхона гардид. Ӯ шахси саховатманд, нисбати собиқадорон ғамхор буда, дар рӯзҳои иди ниёгон ба аёдати онҳо рафта, аз ҳолу аҳволи онҳо бохабар мешавад. Бойматов М.Т. дар давоми фаъолияти кории худ дар партави дастуру супоришҳои Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раисони вилоятро ба роҳ монда, барои пешрафти фарҳангу таърихи вилоят саҳми назаррас гузошта истодааст.
Баъди таъсиси МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, ки он дорои Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, муассисаи илмию тадқиқотӣ, Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ мебошад, сарварии ин маҷмаа ба ӯҳдаи яке аз шахсиятҳои кордон, ходими давлатию ҳизбӣ – Иброҳимов Иброҳим Сангинович вогузошта шуд. Иброҳимов И.С. аз соли 2015 то инҷониб дар ҳайси омири кулли МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” фаъолияти кории худро идома дода истодааст. Дар фаъолияти кории худ дар маҷмаа Иброҳимов И.С. худро чун инсони комил, поквиҷдон, ростқавл, ғамхори кормандон нишон дода, дар дилу дидаи ҳар як корманди маҷмаа ҷо гирифт. Ҳар як чорабиниҳои фарҳангӣ, конфронсҳои илмӣ, вохӯриҳо бо шахсиятҳои намоён ва ходимони ҳизбию давлатӣ, ташкили намоишҳо бахшида ба санаҳои таърихӣ бо роҳбарии Иброҳимов И.С. дар сатҳи баланди илмию фарҳангӣ гузаронида мешавад. Боиси хурсандист, ки Осорхонаи таърихӣ, Боғи фарҳангию фароғатии ба номи К.Хуҷандӣ, Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гаштаанд.
Яке аз чеҳраҳои барҷастаи фарҳанги миллӣ Шоири Халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Қосим соли 11.09.1996 баъди боздид аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дар васфи осорхона чунин иброз намуда буд:
Осорхона хонаи халқ асту ёди халқ,
Обод бод хонаи бас дилкушои халқ.
Халқ асту мениҳад зи худ осорҳо зиёд,
Дар ҳар диле зи қисматаш осор ҳасту бод.

Мирзоева И., Бузурукова Н.
Кормандони МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”