Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Бӯйи райҳон дар ҳавлии тоҷир

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

  Дар миёни гиёҳҳои хушбӯй ва шифобахши табиати кишвари Тоҷикистон райҳон мавқеи махсус дорад. Ин гиёҳ, ки аз замонҳои қадим то имрӯз дар ҳар хонадони мардуми тоҷик парвариш меёбад , ки на танҳо барои бӯйи форам, балки барои хосиятҳои табобатиаш низ машҳур мебошад. Райҳон ( базилик) дар тибби халқӣ ҳамчун оромбахш, беҳсозандаи ҳозима ва ҳатто дар осори табибони қадим ҷойгоҳи махсус дорад. Табиби машҳури тоҷик Абӯалӣ ибни Сино низ дар китобҳои худ, аз ҷумла дар асари бузурги “Қонун дар тиб” ба хосиятҳои шифобахши гиёҳи райҳон ишора кардааст. Ба гуфтаи ӯ райҳон табиатан гарму хушк аст ва барои инсон фоидаҳои зиёде дорад. Ибни Сино қайд мекунад, ки бӯйи хуши райҳон ба майнаи сари инсон таъсири мусбат мерасонад. Он метавонад дилро қавӣ гардонад, ғамгинӣ ва изтиробро кам кунад ва руҳияро болида созад. Ба андешаи ӯ райҳон меъдаро гарм мекунад, ҳазми хӯрокро беҳтар месозад ва бодро аз дарди шикам дур мекунад. Инчунин дар тибби қадим райҳонро барои поксозии ҳаво ва пешгирии баъзе бемориҳо истифода мекарданд. Ҳатто баргҳои онро барои муолиҷаи захмҳои сабук низ ба кор мебурданд. Бӯйи райҳон метавонад ба хоби ороми инсон мусоидат кунад, барои ҳамин онро дар хонаҳо нигоҳ медоштанд, то ки фазоро хушбӯй ва оромбахш гардонад. Дар баробари аҳамияти табиӣ ва тиббии райҳон, имрӯзҳо дар ҳудуди Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ҳавлии қадимаи тоҷир ҷойгир аст, ки фазои табиӣ ва ором ҳукмфармо аст, парвариш меёбад. Ин ҳавлии таърихӣ яке аз ҷойҳои ҷолиби тамошои сайёҳон ва меҳмонони дохиливу хориҷӣ ба шумор меравад. Ҳар рӯз садҳо нафар барои дидани ин макони таърихӣ меоянд, то бо таъриху фарҳанги гузаштагони миллати тоҷик аз наздик шинос шаванд. Дар ин ҳавлии тоҷири қадима, ки ҳар гӯшаш аз нафаси гузаштагон ҳикоят мекунад, фазои ороми ҳукмфармост, ки таърих ва табиат бо ҳам омехта шудааст. Нишонаи деворҳои қадима, пешайвону ошдон ва дастшӯй бо обдасташ, дарахтони сояафкан ва бӯйи гиёҳҳои хушбӯй гӯё достоне аз зиндагии гузаштагонро ба гӯш мерасонанд. Ин ҷо на танҳо як макон, балки як порчаи зиндаи фарҳанг ва таърих ҳукмфармо мебошад. Дар чунин муҳит орому пурмаъно, нозири ҳавлӣ Шодиева Мунаввара фаъолият мекунад. Ӯ занест бо руҳи нозук ва қалби пурмеҳр, ки аз овони кӯдакӣ бо табиат пайванди амиқ дорад. Барои ӯ ҳар як дарахт, ҳар як гул ва ҳатто ҳар порчаи хок арзиш ва маънии хос дорад. Мунаввара на танҳо нигоҳбини одии ҳавлӣ, балки посдори зебоӣ ва ҳамоҳангии он аст. Ӯ бо меҳру ғамхорӣ ба парвариши гулу гиёҳҳо машғул шуда, кӯшиш мекунад, ки табиати ин маконро дар шакли аслии худ ҳифз намояд. Ҳар субҳ, вақте ки нурҳои офтоб ба ҳавлӣ мерезанд, бо эҳсоси шукргузорӣ ба нигоҳбини муҳити атроф мепардозад. Меҳри ӯ ба замин ва табиат танҳо як шавқ нест, ин як тарзи зиндагӣ ва ҷаҳонбинӣ аст. Ӯ бовар дорад, ки инсон бояд бо табиат дар ҳамоҳангӣ зиндагӣ кунад, онро ҳифз намояд ва аз зебоии он илҳом гирад. Аз ҳамин сабаб, ҳузури ӯ дар ин ҳавлӣ на танҳо ба нигоҳбини он, балки ба зинда нигоҳ доштани руҳи таърих ва оромии табиат мусоидат мекунад. Ӯ ба ҳар як меҳмоне, ки ба ҳавлии тоҷир қадам мегузорад бо ҷеҳраи кушод истиқбол мегирад ва ба таври анъанавӣ чойи гиёҳии ҳулбагин пешкаш менамояд. Ин чой, ки аз гиёҳҳои шифобахши куҳӣ омода мешавад дар фасли сард гармӣ ва дар фасли гарм таровати ташнашикан мебахшад. Меҳмонон аксар вақт аз таъми форами чой ва таъсири оромбахши он дар ҳайрат мемонанд. Онҳо бо эҳсоси оромиш ва роҳат худ ба болои катҳои миллии кандакорӣ нишаста, ба болиштҳои нарми анъанавӣ такя мекунанд. Дар ин лаҳза фазои ҳавлиро ҳисси гармӣ, оромӣ ва меҳмоннавозии тоҷикона фаро мегирад. Мунаввара Шодиева мегӯяд, ки нигоҳбини ҳавлии таърихӣ барои ӯ танҳо кор нест, балки як рисолат аст. Ба гуфтаи ӯ ҳар як дарахт, ҳар як гулу гиёҳ ва ҳар як санги ин ҳавлии куҳна қиссаҳои худро дорад. Ӯ кӯшиш мекунад, ки ин мероси гаронбаҳои таърихӣ барои наслҳои оянда низ поку зинда нигоҳ дошта шавад. Ҳамин тавр, ҳавлии тоҷир имрӯз на танҳо як макони таърихӣ, балки як гӯшаи зиндаи табиат ва меҳмоннавозии тоҷикона ба шумор меравад. Дар ин ҷо райҳони хушбӯй, чойи ҳулбагин ва табассуми гарми нозири ҳавлӣ ба ҳам омехта шуда, ба ҳар меҳмон хотираи фаромӯшнашаванда мебахшанд.

Валӣ Набизод – котиби маркази

иттилоотии МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОБӯйи райҳон дар ҳавлии тоҷир
Scroll to Top