Санаи 20 декабри соли равон Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Белорус Иванов О.Н. ба Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» ташриф овард.
Раиси шаҳри Хуҷанд мӯҳтарам Шарифзода Ш.Ф. ва мушовири Сафоратхонаи Ҷумҳурии Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Полянин В.Д. Сафирро дар ин ташриф ҳамроҳӣ намуданд.
Меҳмонон боздидро аз Осорхонаи таърихӣ оғоз намуда, аз таърихи бою мӯҳтавои халқи кишвар огаҳӣ пайдо карда, аз Мақбара, Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ ва Боғи фарҳангию фароғатии Қалъаи Хуҷанд дидан намуданд.