Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ посдории ҳувият ва мероси ниёгон ( Бахшида ба Рӯзи ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ)

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

  Ҳамасола дар саросари ҷаҳон санаи 18 апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ таҷлил мегардад. Ин сана яке аз рӯзҳои муҳими фарҳангӣ ба шумор рафта, ба ҳифз, нигоҳдорӣ ва муаррифии мероси  таърихию фарҳангии инсоният бахшида шудааст.

Бояд гуфт, ки ин рӯз соли 1982 бо ташаббуси Шӯрои байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳо пешниҳод гардида, соли 1983 аз ҷониби ЮНЕСКО расман дастгирӣ ва пазируфта шудааст. Дар кишвари Тоҷикистон низ ин рӯз бо аҳамияти хоса таҷлил мегардад. Осорхонаҳо, аз ҷумла Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, дарҳои худро барои сокинону меҳмонон боз намуда, намоишҳои махсус ва барномаҳои маърифатӣ, конфронсҳои илмӣ ташкил ва баргузор гардида, аҳамияти ҳифзи мероси миллӣ ва эҳтиром ба таърихи аҷдодонро тарғиб мекунанд.

Бале, ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ ганҷинаи бебаҳои ҳар як миллат ба шумор меравад. Онҳо на танҳо нишонаи гузашта, балки сарчашмаи худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ мебошанд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки арзишҳо зуд тағийр меёбанд, ҳифзи чунин мерос  аҳамияти боз ҳам бештар касб мекунад.

Яке аз марказҳои муҳими нигоҳдорӣ ва муаррифии осори таърихӣ дар кишвар Осорхонаи таърихи вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ба ҳисоб меравад. Дар толорҳои намоишии ин муассисаи фарҳангӣ ҳазорҳо нигораҳои нодир, аз ҷумла ашёҳои бостоншиносӣ, асбобҳои рӯзгор ва намунаҳои санъати амалӣ маҳфуз дошта мешаванд. Ҳар як нигора ва ашёҳои нодир қиссае аз зиндагии гузаштагони ниёгонро дар худ таҷассум мекунад.

Қобили зикр аст, ки ёдгориҳое, ки дар осорхонаи таърихӣ нигоҳдорӣ мешаванд аз давраҳои гуногуни таърихӣ сарчашма мегиранд, аз тамаддуни қадимаи Суғд то давраи миёна ва замони навро дар бар мегирад. Масалан, ашёҳои бозёфтшуда аз шаҳракҳои қадимӣ, тангаҳо, зарфҳои сафолӣ ва олоти меҳнатӣ  нишон медиҳанд, ки аҷдодони миллати тоҷик  дорои фарҳанги баланд ва сатҳи пешрафтаи иқтисодӣ булаанд.

Бо вуҷуди ин, масъалаи ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ танҳо ба дӯши кормандони осорхона нест. Ин масъулияти умумимиллӣ мебошанд, ки таъсирии омилҳои табиӣ, беэътиноии баъзе шаҳрвандон ва ҳатто фаъолияти ғайриқонунии кандукову фурӯши нмгораҳо метавонанд аз байн рафтани ин мероси бебаҳо оварда расонанд. Аз ин рӯ, бояд зарур аст, ки баланд бардоштани маърифати  таърихии аҳолӣ, ҷалби ҷавонон ба омӯзиш ва ҳифзи мероси фарҳангӣ, истифодаи технологияҳои муосир барои нигоҳдорӣ ва рақамисозии нигораҳо ва тақвияти қонунгузорӣ дар самти ҳифзи ёдгориҳо таваҷҷуҳ карда шаванд.

Албатта, осорхонаҳои таърихӣ на танҳо ҷойи нигоҳдорӣ, балки марказҳои маърифатӣ мебошанд, ки тавассути намоишгоҳҳо, барномаҳои таълимӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ онҳо метавонанд, насли наврасро бо таърихи пурғановати миллат ошно созанд.

Дар маҷмуъ, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ на танҳо як вазифаи фарҳангӣ, балки рисолати муҳими шаҳрвандӣ ва миллӣ мебошанд. Осори маҳфуз дар толорҳои Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ҳамчун шоҳиди зиндаи таърихи пурғановати миллати тоҷик хизмат мекунанд. Онҳо пайванди наслҳоро мустаҳкам намуда, дар шаклгирии худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва эҳтиром ба арзишҳои фарҳангӣ нақши ҳалкунанда мебозанд.

Дар шароити муосир, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ ва таъсири фарҳангҳои бегона афзоиш ёфтаанд, аҳамияти ҳифзи мероси таърихӣ боз ҳам бештар мегардад. Агар мо имрӯз ба ҳифз, омӯзиш ва муаррифии дурусти ин ёдгориҳо аҳамияти ҷиддӣ надиҳем, хавфи аз даст рафтани қисме аз таърихи миллӣ ба вуҷуд меояд, ки бо ин сабаб, ҳамкории зичи давлат, муассисаҳои илмӣ, осорхонаҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ зарур аст.

Истифодаи технологияҳои муосир, аз ҷумла рақамисозии нигораҳо, ташкили бойгониҳои электронӣ ва пешниҳоди намоишҳои виртуалӣ метавонад ба ҳифзи дарозмуддати ин меросҳои ниёгон мусоидат намояд. Ҳамзамон, баланд бардоштани сатҳи маърифати таърихии ҷавонон ва тарбияи ҳисси эҳтиром ба мероси гузаштагон бояд яке аз самтҳои афзалиятнок бошанд.

Дар ниҳоят, метавон таъкид кард, ки ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ танҳо нигоҳ доштани ашё нест, балки нигоҳдории руҳи миллат, хотираи таърихӣ ва пояҳои маънавии ҷомеа мебошад. Миллате, ки  гузаштаи худро гиромӣ медорад, метавонад ояндаи худро бо эътимод ва устуворӣ бунёд намояд.Бинобар ин, ҳар яки моро зарур аст, ки дар ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва посдории ин ганҷинаҳои бебаҳои мероси ниёгон саҳми худро гузорем.

Валӣ Набизод – котиби маркази

иттилоотии МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҲифзи ёдгориҳои таърихӣ посдории ҳувият ва мероси ниёгон ( Бахшида ба Рӯзи ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ)
Scroll to Top