Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Фонтанҳо, гулҳо ва оромиш

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

  Бо фарорасии фасли баҳор, табиат дубора эҳё гардида, ҳар гӯшаи диёрро рангу таровати нав фаро мегирад. Дар ин миён, боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ба яке аз маконҳои ҷолибтар табдил ёфта, бо зебогии худ дили ҳар бинандаро тасхир мекунад. Фонтанҳои дар ҷӯш бо оби зулолу мусаффо, ки қатраҳояшон дар зери нури офтоб мисли марворид медурахшанд, ба боғи фароғатӣ ҳусни баҳорӣ мебахшанд. Гулу гулбуттаҳои рангоранги мавсимӣ то садбаргҳои хушбӯй, бо таровату зебогӣ, насими нарми бӯйи муаттари атрогини гулҳоро ба ҳар тараф паҳн карда ба дилу руҳи инсон оромиш ато мекунад. Садои ороми ҷараёни оби фонтанҳо бо суруди парандагони хушовоз омехта шуда, фазои гӯшнавозу дилнишинро фароҳам меоранд, ки ҳисси шодиву оромиро дар қалб бедор мекунад.

Қобили зикр аст, ки боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, яке аз зеботарин ва дӯстдоштатарин макони истироҳатии сокинон ва меҳмонони шаҳри Хуҷанд ба шумор меравад. Ин боғи истироҳатӣ, ки ба номи шоири бузурги тоҷик Камоли Хуҷандӣ гузошта шудааст, танҳо  як макони одии фароғатӣ нест, балки як гӯшаи муҳими фарҳангӣ ва таърихӣ ба ҳисоб меравад. Ин боғи истироҳатӣ муҳити орому гуворо дорад, ки ҳар кас метавонад дар он ҷо аз табиати зебо, ҳавои тоза ва манзараҳои  дилфиреб баҳра барад.

Ҳамзамон, ин макон барои баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ, варзишӣ,консертҳо ва ҷашнҳои миллӣ низ истифода мешавад. Боғи фарҳангӣ аҳамияти таърихӣ дорад, зеро ба номи яке аз шахсиятҳои барҷастаи адабиёти тоҷик гузошта шудааст. Ин номгузорӣ ба мардум ёдрас мекунад, ки фарҳанг ва адабиёти миллӣ қисми ҷудонашавандаи ҳаёти ҷомеа мебошад.

Аз ин рӯ, бо фарорасии фасли баҳори нозанин, боғи фароғатӣ ҷомаи сабзро ба бар мегирад. Табиат аз нав эҳё шуда, ҳар гӯшаи он бо рангу бӯйи гулҳои тару тоза оро меёбанд, ки гулҳои рангоранги сурху зард то бунафшаҳои нозук чашми ҳар бинандаро мафтун месозанд. Ин манзараҳо на танҳо ҳиссиёти зебопарастиро бедор мекунанд, балки ба руҳу равони ҷисми инсон оромӣ мебахшад.

Фонтанҳои боғи фароғатӣ дар ин айём бо ҷӯшу хуруш бо ҷӯшиши оби мусаффо зинда мешаванд. Садои шаршараи об, ки бо насими мулоими баҳорӣ ҳамоҳанг шуда, фазои гуворо ва дилнишинро ба вуҷуд меоранд. Ин ҷо шаҳрвандон метавонанд аз гармии рӯз раҳо ёфта, дар канори фонтанҳо лаҳзаҳои хотирмонро сипарӣ намоянд. Яке аз ҷозибаҳои дигари боғи истироҳатӣ ҳайкалчаҳои зебо ва рамзии он мебошанд. Ҳайкалчаҳои паррандагон, аз ҷумла лаклакҳо бо рангу ороиши тоза гӯё ба ҳаёт омадаанд. Онҳо мисли  онанд, ки дар ин макон маскан гирифта, бо истироҳаткунандагон ҳамнафас шуда бошанд. Ин гуна унсурҳои ороишӣ ба боғи фарҳангӣ шукуҳ ва мазмуни бадеӣ мебахшанд.

Ғайр аз ин роҳравҳои сабзу озода, дарахтони сояафкан ва гӯшаҳои орому нишаст, шомгоҳон барои сайру гашт ва ба истироҳати оилавӣ хеле мувофиқ мебошанд. Дар фасли баҳор, боғ ба як макони дӯстдоштаи аксбардорӣ мубаддал меёбад, зеро ҳар манзараи дилрабояш мисли як расми зинда ба назар мерасад.

Дар маҷмуъ, ҳар гӯшаву гулгашти боғи фароғатӣ фарҳангии ба номи Камоли Хуҷандӣ натиҷаи заҳмат ва меҳнати содиқонаи боғбонҳо ва масъулини муассисаи фарҳангӣ мебошанд. Онҳо бо меҳнати пайваста ва ғамхорӣ ин маконро барои истироҳат ва лаззати ҳамагон, ҳамеша зебо ва ором нигоҳ медоранд.

Аз ин лиҳоз, эҳтиромона аз истироҳаткунандагон хоҳиш карда мешавад, ки ба тозагӣ ва осудагии муҳити боғи фароғатӣ саҳмгузор бошанд. Партофтани партоваҳои нолозима дар роҳравҳо, гирду атрофи фонтанҳо ва поймол намудани гулҳои канораи гулгаштҳо, бараъкс муҳити боғро тоза нигоҳ дошт, ки эҳтироми шахсӣ ва қадршиносии меҳнати софдилонаи боғбонҳо, рӯбандагон ва масъулини муассисаи фарҳангиро нишон медиҳад. Ҳар гоҳе, ки мо бо эҳтиёт ва назокат ба табиат муносибат мекунем, боғи фарҳангӣ мисли як олами орому зебо барои худ ва насли оянда боқӣ мемонад. Ин рафтори холисона ба ҳама меҳмонон имкон медиҳад, ки аз гулҳо, фонтанҳо, ҳайкалҳо ва роҳравҳои сабзу озода ва ҳамзамон ҳисси масъулият ва дӯстӣ бо табиатро эҳсос кунанд.

Риояи ин қоидаҳо на танҳо муҳити боғро тоза ва хуррам нигоҳ медорад, балки эҳтироми иззати шаҳрвандонро низ нишон медиҳад. Ин заҳмати беминнати кормандон   ба ҳар кас имкон медиҳад, ки аз гӯшаи орому  зебои табиат ва фарҳанг лаззат баранд. Агар хоҳед лаҳзае аз шитоби зиндагӣ раҳо шавед ва оромиш пайдо кунед, боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ беҳтарин интихоб барои шумост.

Валӣ Набизод – котиби маркази

иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОФонтанҳо, гулҳо ва оромиш
Scroll to Top