Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Чорабинии фарҳангӣ дар Хона - музейи Камоли Хуҷандӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

  Дар замони муосир рушди соҳаи сайёҳӣ ва хизматрасонӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоиву иқтисодии кишвар ба ҳисоб меравад. Маҳз дар ҳамин замина ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд миёни муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ аҳамияти махсус касб мекунад. Чанде пеш байни Коллеҷи сайёҳӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоии шаҳри Хуҷанд, ки дар сохтори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон фаъолият менамояд ва Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуда буд.

Ин санади муҳим на танҳо ба густариши робитаҳои илмӣ - амалӣ бо як муассисаи бонуфузи фарҳангӣ замина гузошт, балки донишҷӯён имконияти нодири омӯхтани фарҳангу анъанаҳои миллӣ ва таҷрибаи ҳаётиро низ фароҳам овард. Дар доираи ин ҳамкорӣ, донишҷӯён метавонанд бо мероси таърихӣ ва арзишҳои фарҳангии миллат аз наздик шинос шуда, дониши назариявии худро дар амал татбиқ намоянд.

Қобили зикр аст, ки бо роҳбарии омӯзгорони фаъоли донишгоҳи мазкур Боқиева Маҳинахон ва Негматова Азизахон як чорабинии фарҳангиву маърифатӣ дар фазои гарму самимӣ дар Чорбоғи Хона – музейи Камоли Хуҷандӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ бо суханрониҳо, нақлҳо дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти Шайх Камоли Хуҷандӣ ва намоиши ашёҳои фарҳангӣ ва китобҳои нодир мураттаб гардида буд. Ҳамчунин иштирокдорон бо муҳити орому дилпазир ва муҳаббати табиати чорбоғ ва дарахтони мевадор, гулу гулбуттаҳои рангоранги мавсимӣ рӯ ба рӯ шуданд, ки фазоро дилнишин гардонид. Ин иқдом бо мақсади тарғиби фарҳанги миллӣ, эҳёи таомҳои суннатӣ ва таҳкими ҳисси ватандӯстӣ миёни ҷавонон роҳандозӣ шуд.

Дар ҷараёни чорабинӣ дастурхони ваҳдат ороста гардид, ки дар он таомҳои миллии тоҷикӣ, аз ҷумла қурутоб, оши ҷаварӣ, шакароб ва оши палов пешкаши иштирокчиён гардонида шуданд. Ҳар як таом на танҳо ҳамчун ғизо, балки ҳамчун ҷузъи фарҳанги ғании миллӣ муаррифӣ шуда, таъриху тарзи омодасозии он низ ба иштирокчиён фаҳмонида шуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ин чорабинӣ кадбонуҳо на танҳо таомҳоро бо маҳорати баланди хоси миллӣ омода мекарданд, балки дар бар либосҳои миллӣ доштанд, ки ҳусни зинат ва суннати миллиро нишон медод, ки ин гуна анъанаҳои таърихӣ ва фарҳангӣ бо ҳаёти рӯзмарра ва рӯзгори модарона пайваст гардиданд. Ҳар як кадбону бо шавқу завқ ва муҳаббат таомҳоро омода намуда, аз маҳсулоти маҳаллӣ истифода кард, ки худ шаҳодати фаровонии захираҳои табиӣ ва эҳёи дониши рӯзгордориро дар тарзи тайёр намудани ғизо нишон медиҳад. Ин ҷузъият на танҳо таъмини сифати таом ва ҳусни намоишӣ буд, балки ба донишҷӯён имкон дод, ки аз наздик бо ҳунари кадбонуҳо, усули анъанавӣ ва истифодаи маҳсулоти маҳаллӣ шинос шаванд. Дар ҳақиқат, чунин таҷриба ҳам илми рӯзгордорӣ ва ҳам эҳтироми фарҳанг ва мероси модариро ба ҷавонон омӯзонд.

Метавон гуфт, ки ҳамкорӣ миёни Коллеҷи сайёҳӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоии шаҳри Хуҷанд ва Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” намунаи равшани пайвастагии таълим ва фарҳанг мебошад. Ин иқдои на танҳо имкони омӯхтани фарҳанг ва мероси миллӣ барои донишҷӯёнро фароҳам овард, балки таҷрибаи амалӣ дар омода намудани таомҳои миллӣ ва тарзи истифодаи маҳсулоти маҳаллӣ, ки нишонаи рӯзгордорӣ мебошад, муаррифӣ намуд.

Дар ниҳоят, чунин ҳамкорӣ ва чорабиниҳо дар баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанг ва мероси таърихӣ, ҳамчунин дар рушди малакаҳои касбии донишҷӯён дар соҳаи сайёҳӣ ва хизматрасонӣ нақши муҳим доранд.

Валӣ Набизод – котиби маркази

иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОЧорабинии фарҳангӣ дар Хона - музейи Камоли Хуҷандӣ
Scroll to Top