Халқи тоҷик аз марказҳои фарҳангии ҷаҳонӣ буда, аз қадимулайём то кунун соҳиби олии китобу китобдорӣ мебошанд. Китоб барои миллати сарбаланди мо ва аҷдоди соҳибфазлу донишварамон ҳамчун шиноснома ва нишони ҳастиву бақо пазируфта шудааст.
Чӣ тавре, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: “Миллати соҳибфарҳанги мо аз қадим соҳиби китоб ва адабиёту фарҳанги ғановатманд буда, бо одобу рафтори нек, ахлоқи ҳамида, забони шево ва расму ойинҳои хоси миллӣ машҳур гардидааст”.
Китобхона, махзани китоб, муассисаи илмӣ ва маданию маърифатӣ буда, ҷамъоварӣ, нигаҳдорӣ ва истифодаи оммавии ҳама гуна маҳсули эҷодиро ба роҳ мемонад.
Яке аз ин маъхазҳои арзишманду ғанӣ китобхонаи илмии Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” мебошад, ки садҳо китобҳои таърихиву фарҳангӣ, илмиву адабӣ ва фарҳангномаҳову донишномаҳо мавриди истифодаи хосу ом қарор гирифтааст. Китобхонаи илмӣ ҷузъи ҷудонашавандаи осорхона ба ҳисоб рафта, ҳамқадам бо осорхона фаъолият менамояд. Агар соли 1938 шумораи адабиётҳо дар маъхази китобии осорхона 1713 ададро ташкил диҳад, пас соли 1954 шумораи адабиётҳо, маҷаллаю нашрияҳои дар маъхази китобхонаи илмӣ мавҷудбуда ба 2165 адад мерасад. Баҳри пешбурди фаъолияти кории китобхона саҳми китобдорон М.Ашӯрова, С.Ғаниева, М.Мамадҷонова, М.Абдуллоева хеле бузургу назаррас буда, онҳо барои ғанӣ гардонидану ҳифз намудани ин асарҳо заҳмати зиёд кашидаанд.
Айни ҳол дар бойгонии маъхази китобхонаи илмӣ зиёда аз 16 000 адад китобҳои илмии соҳаҳои гуногун, китобчаҳо (брошюра), маҷаллаҳои даврӣ мавҷуд буда, шумораи асосии китобҳо аз рӯи қайди инвентарӣ наздик ба 7 000 адад расидааст. Дар маъхази китобхонаи илмӣ китобҳои нодиру қиматбаҳо, ки арзиши баланди таърихию фарҳангӣ доранд мавҷуданд, аз ҷумла: “Энциклопедический словарь” (1890-1907), “Большая энциклопедия” (1900-1909), “Большая советская энциклопедия” (1950-1958), “Энсиклопедияи советии тоҷик” (1978-1988), китобҳои таърихӣ, осорхонашиносӣ, мардумшиносӣ, бадеӣ ва ғайра.
Ҳамчунин дар маъхази китобхона рӯзномаҳои китобатшуда аз солҳои 50-ум, ба монанди: “Ҳақиқати Ленинобод (Органи Комитети вилоятӣ ва Комитети шаҳрии Ленинободии ПК Тоҷикистон ва Советҳои вилоятию шаҳрии Депутатҳои меҳнаткашони Ленинобод)” (солҳои 1952-1989), “Тоҷикистони Советӣ (Органи Комитети марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон ва Совети Олии РСС Тоҷикистон)” (1955-1989), “Правда (Орган Центрального Комитета КПСС)” (солҳои 1952-1989), “Ленинабадская Правда (Орган Ленинабадского Обкома и Горкома КП Таджикистана, Областного и городского Советов Депутатов трудящихся)” (солҳои гуногун), “Коммунист Таджикистана (Орган Центрального Комитета Компартии Таджикистана, Верховного Совета и Совета Министров Таджикской ССР)” (солҳои гуногун), “Маориф ва маданият (Органи вазоратҳои маорифи халқ ва маданияти РСС Тоҷикистон)” (солҳои гуногун) ва ғайра нигоҳдорӣ мешаванд.
Соли 2021 баҳри нигаҳдорӣ ва ғанӣ гардонидани китобхонаи илмӣ аз тарафи оилаи бостоншиноси маъруфи кишварамон, академик Нӯъмон Неъматов ба китобхонаи илмии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд наздик 1 400 адад китобҳои гуногунсоҳа аз китобхонаи шахсӣ ва бойгонии ӯ супорида шуд. Дар он номгӯи зиёди китобҳои илмӣ, бадеӣ, рӯзнома ва ҳисоботҳои корҳои саҳроии бостоншиносӣ аз солҳои 50-уми асри ХХ-и академик Нӯъмон Неъматов ва дигар олимону академикони номдор бо соядаст мавҷуд аст. Ин сарчашмаҳо аз арзишмандтарин манбаи илмӣ ба шумор рафта, дар рушду нумӯи таъриху фарҳанги халқи тоҷик нақши муҳим мебозад.
Бо қарори маъмурияти МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” қисме аз адабиётҳои бадеӣ ва бадеӣ – публитсистӣ тибқи санад 3091 адад ба Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Т.Асирӣ баҳри истифодаи умум супорида шуданд.
Ҳамасола бахшида ба санаҳои ҷашнию таърихӣ аз ҷониби китобдор дар толори пазироии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд гӯшаи намоишӣ созмон мегардад, ки китобхона ба он маводҳои ҷолибу заруриро пешниҳод менамояд.
Ҳамчунин як қисми китобҳо аз китобхонаи илмӣ дар намоишгоҳи осорхонавии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, бинои асосии Қалъаи Хуҷанд ба маърази тамошобинон гузошта шудааст.
Ҳоло аҳли ҷомеаи меҳнатии осорхона – кормандони илмӣ, роҳбаладони осорхона, ҳамчунин толибилмон, донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва омӯзгорон баҳри баланд бардоштани савияи дониши худ дар рафти фаъолияти корӣ аз адабиётҳои илмӣ, соҳавӣ – осорхонашиносӣ, асарҳои бадеӣ аз ин хазина истифода мебаранд.
Аз соли 2012 инҷониб маъхази китобхонаи илмӣ бо 730 адад китобҳои илмӣ, соҳавӣ, бадеӣ ва ғайра ғанӣ гардонида шуданд.
Китобхонаи илмии осорхона бо Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Т.Асирӣ, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳҳои вилоят ҳамкории зич дорад.
Китобхонаи илмии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд тўли мавҷудияташ рисолати бузурги ҷамъиятӣ ва маърифатиро ба таври шоиста анҷом бахшида, ҳамчун маркази беназири илму фарҳанг мартаба ёфт.

Китобдори калони МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”
Бузурукова Наргисахон