Санаи 12 декабри соли равон ҳайати гурӯҳи эҷодии ансамбли халқӣ-академии давлатии «Россия» ба номи Людмила Зикина аз Федератсияи Русия ба Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» ташриф оварданд.
Ансамбли мазкур соли 1977 бо ташаббуси Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Людмила Зикина таъсис ёфта, ӯ то охири умр ба он роҳбарӣ намуд. Баъдан ансамбли мазкур ҷиҳати абадӣ гардонидани хотираи ин ҳунарманд номи Людмила Зикинаро гирифт.
Меҳмонон аз Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд», ки имрӯзҳо ба дилкушотарин сайргоҳи шаҳрвандон, муҳимтарин зиёратгоҳи меҳмонони ватаниву хориҷӣ, муносибтарин макони баргузории маҳфилҳо ва зеботарин мулоқотгоҳи зиёиён табдил ёфтааст, дидан намуданд.
Меҳмонон боздидро аз Осорхонаи таърихӣ оғоз намуда, Мақбара ва Хона-музейи Камоли Хуҷандиро низ зиёрат намуданд. Ба меҳмонон аз таъриху фарҳанги бою мӯҳтавои кишварамон сайри илмӣ гузаронида шуд.