Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ҳадяи нодир ба ифтихори сад солагии осорхона

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

  Дар замоне ки ҳифз ва гиромидошти мероси фарҳангии миллат барои ҳар як шаҳрванд масъулияти бузург маҳсуб меёбад, ки иқдомҳои неку созандаи афроди ватандӯстӣ аҳамияти хосаро ба худ касб мекунанд.

Яке аз чунин шахсони ҳимматбаланд  Ғуфронҷон Шокиров, сокини ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад, ки бо як амали нек ва фарҳангдӯстона саҳми арзандаи худро дар ғановати осорхонаи таърихӣ гузошт.

Ӯ зодаи ҷамоати Ёва, кӯчаи Бойматов.Т. хонаи № 29 буда, чанде пеш як ашёи нодири таърихиро уғури қадимае, ки таърихи зиёда аз сад сол дорад ба осорхонаи таърихӣ ҳадя намуд. Ин иқдоми наҷиб ба ифтихори 100 – солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” анҷом дода шуд.

Ин уғури қадима, на танҳо як ашёи рӯзгор аст, балки гувоҳи зиндаи таърихи гузаштагони  ниёгон мебошад. Дар гузашта уғурҳо қариб, ки дар хонадонҳои мардуми тоҷик барои корҳои рӯзмарра, аз ҷумла барои кӯбидани ғалладона ва дигар маводҳои ғизоӣ истифода мебурданд. Онҳо нишонаи меҳнатдӯстӣ, сабру тоқат ва фарҳанги рӯзгори мардум ба шумор мерафтанд. Лек,бо мурури гузашти солҳо бисёре аз чунин ашёҳои қадима аз байн рафта истодааст. Аммо вақте, афроди фарҳангдӯст, мисли Ғуфронҷон Шокиров онҳоро ҳифз намуда ба осорхона месупорад, ин арзиши нодир аз моликияти шахсӣ ба мероси умумимиллӣ табдил меёбад. Ҳамин тавр, наслҳои оянда метавонанд бо таърихи зиндагӣ ва фарҳанги ниёгони худ аз наздик шинос шаванд.

Бале, Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ҳамчун макони ҳифзи таърих ва фарҳанг нақши муҳим дорад. Дар толорҳои намоишии осорхона садҳо намуд ашёҳои қадима, аз асбобҳои рӯзгор то ёдгориҳои бостонӣ нигоҳдорӣ мешаванд, ки ҳар кадом саҳифае аз таърихи миллати тоҷик бозгӯ мекунанд.

Иқдоми шоистаи Шокиров Ғуфронҷон намунаи равшани ҳимматбаландӣ, эҳтиром ба таърих ва ҳисси баланди ватандӯстӣ мебошад. Ин амал нишон медиҳад, ки ҳар як шаҳрванди кишвар метавонанд, дар ҳифзи мероси таърих ва фарҳанг саҳмгузор бошанд.

Бо истифода аз фурсат, масъулинони осорхонаи таърихӣ ба ҳамаи сокинон муроҷиат менамоянд, ки агар дар манзилҳои худ ашёҳои қадима, асбобҳои рӯзгор, китобҳои дастнависҳо, аксҳо ё дигар ёдгориҳои таърихӣ нигоҳ дошта мешаванд, лутфан онҳоро ба осорхонаи таърихӣ пешниҳод намоянд. Зеро чунин ашёҳо метавонанд, барои гирдоварии таърих, фарҳанг ва тарзи зиндагии гузаштагони миллати тоҷик арзиши бузург доранд. Ҳифзи мероси таърихӣ танҳо вазифаи муассисаҳои фарҳангӣ нест, балки масъулияти ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Чунин иқдоми нек, мисли кори анҷомдодаи Ғуфронҷон Шокиров метавонад, барои дигарон низ намуна бошад.

Имрӯз ин уғури қадима, ки зиёда аз як аср таърих дорад, дар хонаи тоҷир, воқеъ дар ҳудуди Қалъаи таърихии Хуҷанд ҷойгир карда шудааст. Ин гӯшаи намоишӣ яке аз мавзеъҳои ҷолиби тамошо барои меҳмонон ва дӯстдорони таърих буда, акнун ҳар як бинанда метавонад аз наздик бо ин ашёи нодири рӯзгори гузашта шинос шавад. Ин уғур, ки солҳои зиёд дар манзили соҳибаш нигоҳ дошта мешуд, имрӯз дигар танҳо як ашёи оддӣ нест, балки ба як нишонаи зиндаи таърихи зиндагии мардум табдил ёфтааст. Солҳо он дар як гӯшаи хона оромона қарор дошт, шояд шоҳиди рӯзҳои шодиву ғам, меҳмоннавозиҳо ва одатҳои рӯзмарраи як хонавода буд.Ҳар нақши даст, ҳар хат ва ҳар ҷузъи он гӯё қиссае аз гузаштагонро дар худ нигоҳ медорад.

Қобили таваҷҷуҳ аст, ки ин уғури қадима дар назди ҳузури тамошобинон ҳамчун як порчаи арзишманди фарҳангӣ ва таърихӣ ба намоиш гузошта шудааст.Он на танҳо ҳунари дастии ҳунармандони мардумиро нишон медиҳад, ки тарзи зиндагӣ, завқи салиқа ва анъанаҳои гузаштагонро бинанда аз наздик эҳсос мекунад. Тамошои чунин ашё инсонро ба замони гузашта мебарад ва робитаи наслҳоро бо ҳамдигар боз ҳам мустаҳкам месозад. Бо ҳамин, уғур ба як ашёи рӯзгор ба як ёдгории пурқимат табдил ёфтааст, ки арзиши таърихии он барои ҷомеа хеле бузург аст. Гуфтан ба маврид аст, ки масъулони Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, ки дар ҳайати маҷмааи фарҳангию таърихии Қалъаи Хуҷанд фаъолият мебаранд, аз иқдоми неки ҳимматбаландии Шокиров Ғуфронҷон самимона изҳори сипос менамоянд. Ба гуфтаи онҳо, чунин ҳадяи арзишманд ба ғанӣ гардидани фонди осорхона ва ҳифзи мероси таърихии миллат мусоидат мекунад. Ин амали неку намунавӣ боз як бори дигар собит месозад, ки ҳар як шаҳрванди кишвар метавонад бо як иқдоми фарҳангдӯстона дар ин самт саҳми худро гузорад.

Қобили зикр аст, ки чунин  иқдомҳои шоистаи анҷомдодаи Шокиров Ғуфронҷон намунаи эҳтиром ба гузашта ва саҳмгузори дар ҳифзи мероси фарҳанги миллати тоҷик ба шумор меравад. Зеро таърих, хотираи миллат аст ва ҳифзи он вазифаи муқаддаси ҳар яки мо мебошад.

Валӣ Набизод – котиби маркази

иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҲадяи нодир ба ифтихори сад солагии осорхона
Scroll to Top