Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Аз зимистон то баҳор - заҳмати боғбонон дар боғи фарҳангӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

  Фасли баҳори нозанин дар сарзамини кишвари Тоҷикистон ҳамеша бо эҳёи табиат, шодии мардум ва ҷашни пурифтихори Наврӯзи байналмилалӣ оғоз мегардад. Пас аз сардиҳои тӯлонии фасли зимистон, замин нафаси тоза гирифта, дарахтон сабз мешаванд, гулҳо мешукуфанд ва муҳити атроф ранги дигар мегирад. Ин айём на танҳо оғози фасли нав, балки рамзи зиндагии нав, покӣ ва умед ба ояндаи нек мебошад. Дар ҳамин замина, саҳми Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию  таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, дар ободонии муҳити зисти шаҳри Хуҷанд хело  назаррас мебошад. Аз ҷумла, Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, ки яке аз мавзеъҳои зебову серодами диёр маҳсуб ёфта, ҳар баҳор бо симои нав истиқболи меҳмонон ва сайёҳони дуру наздикро ба худ ҷалб мекунад.

Қобили зикр аст, ки бо ташаббуси Абдусалом Қурбонзода – директори боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, ҳанӯз дар фасли зимистон корҳои омодагӣ ба баҳор оғоз гардида буданд. Барои зиёд намудани навъҳои гулҳои мавсимӣ, махсусан гулҳои сурху сафеди сорти ҳолландӣ, зиёда аз 5000 қаламчаҳо дар шароити  махсуси зери плёнка парвариш карда шуданд. Ин иқдом  нишон медиҳад, ки нигоҳубини табиат ва зебогии муҳити зист танҳо ба фасли баҳор маҳдуд набуда, ҳамешагӣ омодагиҳои ҷиддиро талаб мекунад.

Имрӯзҳо, бо фаро расидани баҳор, боғбонони ботаҷриба ин қаламчаҳоро ба гӯшаҳои гуногуни боғи истироҳатӣ шинонида истодаанд. Меҳнати онҳо боис мегардад, ки боғи фароғатӣ ба як макони воқеан дилфиреб табдил ёбад. Гулҳои рангоранг на танҳо ҳусни зоҳирии боғро афзун мекунанд, балки ба руҳияи шаҳрвандону меҳмонон низ таъсири мусбат мерасонад. Тамошои чунин манзараҳои дилфиреб бо андаке вақти гармии табиат ҳар лаҳза ба инсон илҳоми тоза бахшида, ҳисси оромӣ ба хушбахтиро зиёд мекунад.

Дар натиҷа, аз нигоҳи иқтисодӣ дар муассисаи мазкур ин иқдоми нек аҳамияти калон дорад. Зебогардонии боғ боиси ҷалби бештари меҳмонон ва сайёҳон гардида, метавонад ба буҷети муассиса таъсири худро расонад. Ҳамзамон, зиёд гардидани майдончаҳои сабз бо гулу гулбуттаҳои раноранги мавсимӣ ба вазъи экологӣ мусоидат намуда, гулу гулбуттаҳо, дарахтони ҳамешасабзу сояафкан ҳаворо тоза ва муҳити солимро барои истироҳати шаҳрвандон фароҳам месозанд.

Бояд таъкид намуд, ки чунин ташаббусҳо аҳамияти бузурги тарбиявию  иҷтимоӣ дошта, ҳамчун намунаи ибрат барои ҷомеа хизмат менамоянд. Агар ҳар як гӯшаи табиат бо чунин руҳияи масъулиятшиносӣ ва ғамхорӣ ободу нигоҳбин карда шавад, муҳити зист на танҳо зеботар, балки солимтар ва барои зиндагии инсон боз ҳам мусоидтар мегардад. Табиат манбаи асосии ҳаёт аст, ки ҳавои тоза, оби соф, наботот ҳама ба зиндагӣ таъсири мустақим доранд. Агар ҳар яки мо ба он беэътиноӣ зоҳир намоем, оқибатҳои манфии он ба саломатӣ ва ояндаи наслҳо низ таъсир мерасонад. Нигоҳбинии муҳити зист маънои танҳо тозаву озода нигоҳ доштани кӯча ё боғро надорад, балки ҳифзи сарватҳои табиӣ, сарфакорона истифода бурдани обу неру, шинонидани гулу дарахтони ҳамешасабзу сояафкан ва пешгирии ифлосшавии ҳавову заминро низ дар бар мегирад. Ҳар як шаҳрванд, бояд  партовҳоро дар ҷойҳои махсус партофтан, гулу гулбуттаҳоро зери пой,табиатро ҳангоми сайру гашт ифлос накардан ва эҳтиром ба муҳити атроф  саҳми худро гузорад.

Дар маҷмуъ, баҳор ва Наврӯз на танҳо фасли эҳёи табиат, балки давраи амалҳои неку созандагӣ ба шумор мераванд. Маҳз дар ҳамин айём инсон бо табиат бештар ҳамоҳанг гардида, барои ободонӣ ва тозагии муҳити зист талош меварзад. Дар навбати худ, кӯшишу заҳматҳои боғбонҳои ботаҷриба, таҳти роҳбарии Абдусалом Қурбонзода, равшан нишон медиҳанд, ки бо меҳнати содиқона, масъулияти баланд ва муҳаббати беандоза ба табиат метавон ҳар як гӯшаи муҳити арофро ба макони зебову хуррам ва дилфиреб табдил дод.

Валӣ Набизод – котиби маркази

иттилоотии МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОАз зимистон то баҳор - заҳмати боғбонон дар боғи фарҳангӣ
Scroll to Top