Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Бозиҳои намоишии Наврӯз – 2026 дар боғи фарҳангӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи тенниси рӯйи мизи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастгирии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, рӯзҳои 22 - 23 марти соли 2026 дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, таҳти унвони “Бозиҳои намоишии Наврӯз – 2026” чорабинии варзишӣ баргузор гардид.

Ин чорабинӣ ба истиқболи ҷашни байналмилалии Наврӯз бахшида шуда, ҳадафи асосии он тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди варзиш, хусусан тенниси рӯйи миз миёни наврасону ҷавонон ва таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ буд.

Дар рафти чорабинии мазкур даҳҳо нафар наврасону ҷавонони фаъол аз гӯшаҳои гуногуни шаҳр ва ноҳияҳои атроф ширкат варзида, маҳорати варзишии худро нишон доданд. Бозиҳо дар фазои идона, бо руҳияи баланд ва рақобати солим баргузор гардида, диққати тамошобинонро ба худ ҷалб намуданд. Ҳар як иштирокчӣ кӯшиш мекард, ки маҳорати беҳтарини худро нишон диҳад ва аз ин минбари бозӣ таҷрибаи нав омӯзад.

Рӯзи дуюм чорабинӣ ҷамъбасти бозиҳо сурат гирифта, аз ҷониби доварон ва шахсони масъулин ба иштирокчиён сипосномаҳои хотиравӣ ва туҳфаҳои рамзӣ тақдим карда шуданд. Ин иқдом ҳамчун нишонаи қадрдонии саъю кӯшиши ҷавонон ва ҳавасмандгардонии онҳо барои иштирок дар чорабинии варзишӣ арзёбӣ гардиданд.

Қобили зикр аст, ки баргузории чунин чорабинии мазкур дар арафаи Наврӯзи аҷам ба анъана табдил ёфта, ҳамасола бо ҷалби васеъи ҷавонон баргузор мегардад. Онҳо на танҳо барои рушди варзиш, балки барои таҳкими руҳияи ватандӯстӣ, ҳамбастагӣ миёни ҷавонон заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Аз ин рӯ, баргузории чорабинии “Бозиҳои намоишии Наврӯз – 2026“ бори дигар собит сохт, ки варзиш метавонад, наврасону ҷавононро муттаҳид намуда, онҳоро ба сӯйи зиндагии фаъолу солим раҳнамо созад.

Валӣ Набизод – котиби маркази

иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОБозиҳои намоишии Наврӯз – 2026 дар боғи фарҳангӣ
Scroll to Top