Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ҳамватанони азиз!

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Бо камоли эҳтиром тамоми мардуми сарбаланди кишвари Тоҷикистони маҳбубро бо фарорасии Рӯзи байналмилалии Наврӯзи аҷам табрику шодбош мегӯем.

Бо фарорасии Наврӯзи хуҷастапай фасли баҳор, бедоршавии табиат, сабзу хуррам гаштани кӯҳу саҳроҳои беканор, кишту кори марди деҳқон оғоз меёбад ва он бо тамоми анъанаҳои хоса ҷашн гирифта мешаванд. Садои дилнавози Наврӯз ҳамасола баландтару фарогиртар шуда, пайваста ба қалбу зиндагии мардум ворид мегардад. Наврӯз бо таърихи беш аз шашҳазораи худ аз қабили бузургтарин ҷашни миллии тоҷикон ва соли нави аҷдодии ниёгон маҳсуб ёфта, онро аз замонҳои хело қадим таҷлил намуда, омадани баҳор ва эҳёи зиндашавии табиатро бо иштироки хурду калон, бо ҷеҳраҳои шодиву сурур пур аз фараҳ пешвоз мегиранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон зимни баромади хеш ба ифтихори Наврӯз таъкид кардаанд:” Баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон  ин ҷашни бузурги аҷдодиамонро умри дубора бахшида ба сатҳи байналмилалӣ расонидани мақоми онро таъмин кардем ва ин ойини деринаи ниёгонамонро ҳар сол дар саросари мамлакат бо иштироки тамоми сокинони кишвар таҷлил менамоем.”

Бигзор, Наврӯзи хуҷастапай бо тамоми шукуҳи шаҳоматаш ба мардуми кишвари маҳбубамон тани сиҳат, комёбиву нишот, бахту саодат, оромиву осоиштагӣ, баҳори нек ва амалишавии орзуву ниятҳо бар марди деҳқон ҳосили фаровон ва файзу нусрати Наврӯзи ҳамеша танинандоз бимонад.

Ҳар рӯзатон Наврӯз бод!

Наврӯзатон фирӯз бод!

Бо орзуҳои нек, роҳбарият ва аҳли кормандони Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”


Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҲамватанони азиз!
Scroll to Top