Дар ҳудуди Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, ду ҳайкали бузурги товуси хиромон бо қомати баланди зебову назаррас қомат афрохтаанд, ки ба ҳусни муҳити боғи фароғатӣ шукуҳи хоса мебахшанд. Ин ҳайкалҳо бо тарҳи нозук ва ифодаи ҳаракати табии товус, ки рамзи зебоӣ, нозукӣ ва эҳёи табиат аст, таваҷҷуҳи ҳар як бинандаро ба худ ҷалб мекунанд.
Ба муносибати фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ аз ҷониби мутахассиси эҷодкору ботаҷриба ба ин ҳайкалҳои товус рангу ҷилои тоза бахшида шуданд. Ӯ бо маҳорати баланд, истеъдоди ғанӣ ва завқи нозуки ҳунарӣ ба ҳар як ҳайкали товус бо диққати махсус назар андохта, ҳар як ҷузъи онро бодиққат коркард намуд. Дар натиҷа, товусҳо бо рангҳои равшану ҳамоҳанг зиндаву дилрабо ба назар мерасанд, ки ба муҳити боғи истироҳатӣ руҳияи идона ва баҳориро эҳдо намуданд.
Гуфтан ба маврид аст, ки ҳайкалҳои товус на танҳо як унсури ороишӣ, балки рамзи зиндаи баҳор гаштаанд. Онҳо бо зебоӣ ва рангорангии худ эҳёи табиат, оғози фасли шукуфоӣ ва тозашавии муҳитро таҷассум мекунанд. Ҳузури ин ҳайкалҳои товус ба фазои боғи истироҳати руҳу таровати хоса мебахшанд, эҳсоси шодиву фараҳ ва умеди зиндагии навро дар дили бинандагон бедор месозанд. Ҳар як бинанда ҳангоми тамошои ин ҳайкалҳои зебо аз ҳусни зоҳирӣ ва рангорангии онҳо лаззати маънавӣ мебарад. Зебоии онҳо дар дили ҳар кас эҳсоси гармии баҳор, таровати табиат ва шодии зиндагиро бедор месозад. Тамошобинон бо завқу шавқ назди онҳо меистанд аз ин манзараи дилфиреб илҳом гирифта, лаҳзаҳои хотирмонро бо дӯстон ва наздиконашон якҷо мегузаронанд. Бисёриҳо мехоҳанд ин зебоиро барои худ ҳифз намоянд, бинобар ин дар назди ҳайкалҳои товус аксҳои хотиравӣ мегиранд, то ин руҳияи идона ва эҳсоси баҳориро муддати дароз дар хотир нигоҳ доранд.
Ҳамин тавр, товусҳои раноранг ба як рамзи зебоӣ, зиндагӣ ва навсозӣ табдил ёфта, муҳити атрофро боз ҳам дилнишинтар ва ҷаззобтар мегардонанд.


Валӣ Набизод – котиби маркази
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”