Бо ташаббуси маҳфили “Ватанпарвар” – и назди Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ, таҳти унвони “Набзи Наврӯз дар қалби ҷавонони ватанпарвар”, дар ҳудуди Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур ҷавонони фаъоли вилоят, намояндагони ташкилоту муассисаҳо ва дӯстдорони фарҳанги миллӣ иштирок намуда, фазои идонаро бо руҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз арзишҳои миллӣ ғанӣ гардониданд.
Барномаи фарҳангӣ хеле рангину ҷолиб буда, аз суруду таронаҳои наврӯзӣ, рақсу намоишҳои ҳунарӣ ва саҳнаҳои театрӣ иборат буд. Ҳамчунин, гӯшаҳои махсуси намоиши анъанаҳои миллӣ, аз ҷумла дастурхони наврӯзӣ ва либосҳои суннатӣ ташкил карда шуда, ба ҳозирин муаррифӣ гардиданд.
Ҳадафи асосии баргузории чунин чорабинии мазкур баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ дар миёни ҷавонон, эҳёи анъанаҳои миллӣ ва тарғиби фарҳанги ғании тоҷикон мебошад. Чорабинӣ дар фазои гарму самимӣ ҷараён гирифта ба иштирокчиён руҳу илҳоми нав бахшид ва ҳамчун таҷассуми эҳтиром ба мероси фарҳангии ниёгон арзёбӣ гардид.




Валӣ Набизод – котиби маркази
иттилоотии МД МФТ” Қалъаи Хуҷанд”