Осорхонаи таърихи вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, яке аз марказҳои муҳими ҳифзи мероси фарҳангӣ ва таърихии кишвари Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар тӯли як асри фаъолияти худ, ин муассисаи фарҳангӣ на танҳо ҳамчун маҳфили ҷамъоварии ашёҳои нодир ва ёдгориҳои бостонӣ, балки чун маркази таҳқиқотӣ ва таърихӣ шинохта шудааст. Солҳои ташкилёбии рушди осорхона ва марҳилаи ташаккули сохторҳои давлатӣ ва фарҳангии ҷумҳуриявӣ рост меоянд, ки ин замина барои ҷамъоварӣ ва ҳифзи ёдгориҳои бостонӣ мусоидат мекунад.
Қобили зикр аст, ки таҷлили ҷашни 100 – солагии Осорхонаи таърихи вилояти Суғд, дар соли ҷорӣ на танҳо рамзи пойдории он, балки фурсати муносиб барои бознигории фаъолияти пешина, омӯзиши ҳуҷҷатҳои аслии таърихӣ ва арзёбии нақши роҳбарони вақтии осорхонаро дар бар мегирад.
Ёдовар бояд шуд, ки иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, маъюби гуруҳи - I, Султон Раҳимов (1906 – 1986), замоне ки дар тӯли солҳои 1949- 1953 роҳбарии осорхонаро бар уҳда дошт, фаъолияти осорхонаи таърихӣ марҳилаи нави рушдро аз сар гузаронид. Маҳз дар ҳамон давра, самтҳои асосии таҳқиқотӣ муайян ва бо ташаббус ва талошҳои пайгиронаи ӯ ҷамъоварӣ, сабт ва ҳифзи ашёи таърихию фарҳангӣ ба роҳ монда шуда,намоишгоҳи осорхонавӣ бо нигораҳои баландарзиши таърихӣ пурра карда шуда, фонди осорхона ғанӣ ва мукаммал гардида буданд. Ӯ на танҳо ба афзоиши миқдори ашёву нигораҳо аҳамият медод, балки ба арзиши илмӣ ва таърихии онҳо низ диққати махсус зоҳир менамуд. Ҳамин тавр, фаъолияти роҳбарии ӯ барои рушди минбаъдаи осорхона, таҳкими нуфузи илмии он ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ҷамъоварии ҳуҷҷатҳои илмӣ саҳми назаррас ва таърихӣ гузошт.
Бо мақсади муфассалтар омӯхтан ва равшан намудани паҳлуҳои гуногуни ҳаёт ва фаъолияти Султон Раҳимов, ки шахсияти арзанда ва саҳмгузор дар соҳаи худ ба ҳисоб меравад, мо тасмим гирифтем, ки ба наздикон ва ворисони ӯ муроҷиат намоем. Аз ҷумла, маълум гардид, ки яке аз фарзандони ӯ айни замон дар Иёлоти Муттаҳиди Амрико зиндагӣ ва фаъолият дорад.
Бо назардошти самимӣ муроҷиат ва хоҳиш намудем, ки агар дар ихтиёр маводҳои таърихӣ, ҳуҷҷатҳо, аксҳо, ёддоштҳо ё дигар маълумоти марбут ба зиндагӣ ва фаъолияти падари гиромии худ дошта бошанд, ба мо ирсол намоянд. Ин гуна маводҳо метавонанд барои таҳқиқи амиқтар, таҳияи мақолаҳо, китобҳо ва ҳифзи мероси таърихии Султон Раҳимов аҳамияти бузург доранд.
Баъди қабул ва баррасии ҳуҷҷатҳои марбут ба фаъолияти Султон Раҳимов маълум гардид, ки дар онҳо масъалаи таъсисёбии Осорхонаи таърихии кишваршиносии вилояти Ленинобод низ инъикос ёфтааст. Дар яке аз ҳуҷҷатҳо таърихи фаъолияти оғози осорхона ба солҳои 1926 – 1927 рост меояд, ки таъсисёбии Осорхонаи таърихии вилояти Суғдро тасдиқ менамояд. Ишора ба ин ҳуҷҷати тасдиккунанда,таҳти № 149 – 30 июни соли 1947 аз забони русӣ ба тоҷикӣ чунин омадааст;“ Ба раиси Кумитаи кор бо муассисисаҳои фарҳангӣ ва тарбиявӣ назди Шӯрои Вазирони Ӯзбекистон.
Дар шаҳри Ленинобод аз соли 1927 музейи таърихию маҳалшиносӣ амал мекунад. Дар чанд соли охир намоишгоҳи музей бо маводҳо ва нигораҳои нав пурра нашудааст. Мо, директори музей, рафиқ Раҳимовро ба шаҳри Тошканд сафарбар кардем, бо мақсади шиносои бо тартиби кори музейи давлатии шаҳри Тошканд ва хариди нигораҳо. Аз Шумо хоҳиш менамоям, ки ба ташкилотҳои дахлдор дастур диҳед, то барои музеи Ленинобод маводҳои зарурӣ ва нигораҳо ҷудо карда шаванд”. Мудири шуъбаи Ленинободии муассисаҳои фарҳангӣ - равшаннамоии назди Комиҷроияи вилоят. (имзо) Азизбоев.
Ҳарчанд аксари ҳуҷҷатҳои дастрасшуда ба давраи роҳбарии Султон Раҳимов, яъне солҳои 1949 - 1953 тааллуқ доранд, онҳо дорои маълумоти арзишманд ва ишораҳои таърихие мебошанд, ки ба таври ғайри мустақим таърихи таъсисёбии осорхонаи таърихиро тасдиқ мекунанд. Ин далелҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки новобаста аз дертар таҳия шудани ҳуҷҷатҳо, маълумоти дар онҳо зикршуда бо воқеияти таърихӣ мутобиқат дошта, таъсисёбии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд (собиқ Ленинобод) - ро ба солҳои 1926 – 1927 нисбат медиҳанд.
Воқеан, ин мақола бо мақсади таҳлили таърих ва фаъолияти осорхонаи таърихӣ, пеш аз ҳама бо тавассути ҳуҷҷатҳои аслии соли 1947 ва таҳқиқи нақши роҳбарони пешин ба хонанда имкон медиҳад, то ҷараёни ташаккул ва рушди Осорхонаи таърихии вилояти Суғдро дарк намояд. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда аз он дарак медиҳанд, ки таъсисёбии ин махзани таърих ба соли 1926 рост меояд ва дар остонаи таҷлили ҷашни 100 – солагии худ қарор дорад.
Бояд гуфт, ки солҳои 20 - уми асри XX марҳилаи ташаккули сохторҳои нави давлатӣ ва фарҳангӣ дар кишвари Тоҷикистон бо мақсади гирдоварӣ, ҳифз ва омӯзиши ёдгориҳои таърихиву бостоншиносӣ, ниҳоде таъсис дода шуд, ки баъдан ба осорхонаи кишваршиносӣ табдил ёфт. Кофист, ки тибқи ҳуҷҷатҳои аслии соли 1947, ки ахиран дастрас гардида, таъсиси осорхона расман ба соли 1926 мансуб дониста шудааст. Ин санадҳо аҳамияти муҳими илмӣ дошта, на танҳо санаи таъсис, балки марҳилаҳои аввали ташаккули сохтори маъмурӣ ва самтҳои фаъолияти осорхонаро равшан месозанд.
Султон Раҳимов, маъюби гуруҳи – I, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941 – 1945 ) буд, пас аз бозгашт ба шаҳри Хуҷанд, фаъолияти меҳнатии худро ба рушди соҳаи фарҳанг бахшид. Маҳз дар давраи роҳбарии ӯ кори ҷамъоварӣ ва низомсозии маводу нигораҳо тақвият ёфта, осорхона тадриҷан ба маркази илмӣ – маърифатии минтақа табдил меёбад. Бо вуҷуди мушкилоти давраҳои баъдиҷангӣ, аз ҷумла норасоии захираҳои моддӣ ва мутахассисони тахассусӣ, роҳбарияти онвақта тавонист фаъолияти муассисаро устувор нигоҳ дорад.
Метавон гуфт, ки Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, имрӯз на танҳо маҳалли нигоҳдории ашёи қадима, балки муассисаи фарҳангию таърихӣ мебошад. Фонди осорхонаи мазкур дорои ҳазорон нигораҳои нодир буда, давраҳои гуногуни таърихӣ аз аҳди бостон то замони муосирро дар бар мегирад.
Бале, таҷлили ҷашни 100 – солагии осорхона на танҳо як санаи рамзӣ, балки фурсати муносиб барои бознигории таърихи тайкардаи он, арҷгузорӣ ба хизматҳои собиқ кормандону роҳбарони онвақта ва муайян намудани дурнамои рушди минбаъдаи осорхона мебошанд. Ин ҷашн метавонад, ҳамчун заминаи устувор барои таҳияи таҳқиқоти илмӣ оид ба таърихи осорхона хизмат намояд. Дар доираи он имконият фароҳам меояд, ки фаъолияти осорхона аз рӯзҳои таъсисёбӣ то имрӯз мавриди омӯзиши амиқ қарор гирифта, марҳилаҳои рушду такомули он таҳлил карда шаванд.
Ҳамзамон, ҷашн метавонад боиси нашри маводҳои илмӣ, маҷмуаҳо, мақолаҳо ва феҳрестҳои махсус гардад, ки дар онҳо санадҳо ва ҳуҷҷатҳои нодири таърихӣ муаррифӣ мешаванд. Аз ҷумла, ҳуҷҷатҳои аслии дорои арзиши баланди таърихӣ метавонад, дар зери шишаи муҳофизатӣ ба намоиш гузошта шаванд, то ки ҳамзамон ҳифзи онҳо таъмин гардида, барои тамошобинон дастрас бошанд. Чунин иқдом на танҳо ба ҳифзу нигоҳдории мероси фарҳангӣ мусоидат мекунад, балки барои насли наврасу ҷавонон низ аҳамияти тарбиявию фарҳангӣ дорад. Зеро онҳо бо дидани санадҳои аслӣ метавонанд аз таърихи миллат, давлат ва фарҳанги худ огоҳии бештар пайдо намоянд.


Мутрибахон Мамадҷонова,
Валӣ Набизод – кормандони
Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”