Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ранги баҳор дар қалъаи таърихӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Бо омадани фасли баҳор, Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, ранги тоза ва ҳаяҷонро эҳсос мекунад. Дар ҳудуди боҳашамати ин қалъаи таърихӣ боғбонон бо шинонидани гулҳои мавсимӣ машғул буданд, ки ҳар торҳояш бо рангҳои сурх, зард, кабуд ва гулоб пур буда, шеваи махсус тартиб ва нақшу нигори гулҳо бо дидан замон ба чашми ҳар бинанда шодиву сурур мебахшад.

Метавон гуфт, ки кормандон ва масъулин, бахусус боғбонони ботаҷриба барои пешвози ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар ҳудуди фароғатии қалъаи таърихӣ баргузор мегардад бо шавқи илҳоми баланд корҳои шинонидани гулҳо ва ба тартиб даровардани гирду атроф машғул ҳастанд. Ҳар гулҳои шинонидашуда бо нақши рамзи баҳор майдончаҳои қалъаро пур намуд. Дар майдончаҳои роҳравҳо бо мошини махсуси алафдаравӣ алафҳоро бурида мешаванд,ки то замин ҳамвори сабз намоянд ва майдончаҳо барои ҷашни мубораки Наврӯз омода гарданд.

Қобили зикр аст, ки ҳар лаҳза дар қалъаи таърихӣ ҳисси навгардонӣ ва оғози ҳаёти нав, рамзи пирӯзии табиат бар сармо ва тирагӣ эҳсос мешавад. Бо омодагии ҳаматарафаи қабули меҳмонон бахшида ба Наврӯзи хуҷастапай дар қалъаи таърихӣ на танҳо ҷашни фарҳангӣ, балки таҷлили ҳамоҳангии инсон бо табиат мебошад, ки бо ранги гулҳо ва сабзи алафҳо дилҳоро мунаввар мегардонад ва ба сокинону меҳмонон хотироти такрорнашаванда тақдим мекунад.

Валӣ Набизод – котиби маркази 

иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОРанги баҳор дар қалъаи таърихӣ
Scroll to Top